ТОП 10
1. Ҳар касеро баҳри коре сохтанд [диданд-9928]
2. ҶАВОНОН ПАЙРАВИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ [диданд-6125]
3. ҲИМОЯИ ВАТАН ВАЗИФАИ ҲАР ЯК ШАҲРВАНД АСТ [диданд-5863]
4. НИШАСТИ МАТБУОТИ [диданд-4994]
6. САРВАТИ БЕБАҲО [диданд-4318]
7. РУШДИ МАОРИФ [диданд-4291]
8. ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА ИТТИФОҚҲОИ КАСАБА [диданд-4274]
9. Табрикоти раиси ноҳия муҳтарам Ғафурзода Мусо Зариф [диданд-4266]
10. ДАР МЕҲМОНИИ САРБОЗОН [диданд-3928]

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат,
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
Воридшави
Таквим
« | » | |||||
Дш | Сш | Чш | Пш | Ҷм | Шб | Яш |
Омор
- Хабархо: 2424
- Расмхо: 39
- Онлайн: 5
- Хамаги омаданд: 63258
Оқибати кори нохуб пушаймони дорад.

Зиндагии ҳар як инсон ҳамрӯз ба ӯ дарс ва мисолҳоро меомӯзонад, ки дар оянда аз он ҳамчун таҷриба кунаду аз корҳои бад ва зиёновар худдорӣ намояд. Вале афсус ки баъзан нафарон аз ин омӯзишҳои зиндагии ҳаррӯзаи хеш истифода намекунанд. Хиёнат ба Ватан, ҳамкори бо аҷнабиёне, ки мақсади нооромии кишварро доранд ин гуноҳи азимест, ки нобахшиданист. Дар ин масъала бештари маврид тариқи ВАО паҳн мегардад, маълумоти нафароне, ки ба Ватан хиёнат карданд. Лек боз ҳастанд шахсоне, ки ба замми иҷрои корҳои фаҳмондадиҳӣ оид ба терроризм ва экстремизм боз ба сафи гурӯҳҳои тундагаро мепайванданд. Аз ин лиҳоз дар кори таълиму тарбия ҳар як инсонро зарур аст, ки наздикони худро дар ҳама сатҳ таҳти назорати ҷиддӣ қарор диҳанд. Зеро дар сурати фирефта гардидани инсон ба гуруҳҳои террористӣ мисли як яроқи ақлдори несткунандаи инсон табдил меёбад, ки ин кор бад ҳаст.
Дар олами муосир хатари терроризм ва гурӯҳҳои ифротгароӣ яке аз масъалаҳои мубрами илмҳои сиёсӣ буда, омилҳо, хусусиятҳо, харобаҳои он аз ҷониби илмҳои гуногуни ҷомеашиносӣ мавриди омӯзиш ва тадқиқи илмӣ қарор гирифтааст. Ин раванди номатлуб ҷомеаи башариро нигарон намуда, баҳри пешгирии омилҳои террористӣ тамоми омилҳо, сабабҳо ва дарёфти роҳу усулҳои самарабахши мубориза алайҳи терроризмро пайдо хоҳанд намуд. Ба ин маънӣ омӯзиши ҳамаҷонибаи ин масъала талаби замон мебошад. Агар одамон ба масъалаҳои терроризм ва муборизаи зидди он бевосита пайваст набошанд ҳам, тавассути чизи дигаре ва ё субъекти дигаре бо масъалаҳои мухталифи терроризм ва шаклҳои дигари экстремизми сиёсӣ алоқаманд гашта, мавқеи худро муайян менамоянд.
Аз ин рӯ дар тамоми ҷаҳон марказҳо ва пажӯҳишгоҳҳои илмию тадқиқотӣ ба омӯзиши ин падидаи номатлуби иҷтимоӣ равонаанд. Дар ин радиф ҷараёни экстремизми сиёсӣ ва терроризми сиёсӣ пешсаф аст. Экстремизми сиёсӣ аслан аз ғояи фаъолияти канорае таркиб ёфтааст, ки одатан тавассути зӯроварӣ барои воқеӣ гардонидани ҳадафҳои сиёсӣ истифода мешавад. Илова бар ин экстримизми сиёсӣ бо тамоми зуҳуроташ ҳамчун ҷараёни иртиҷоӣ аён гашта, доираи васеи кишварҳо ва минтақаҳои оламро фаро гирифта, ба ҳодисаи мудҳиши умумибашарӣ табдил ёфтааст. Аз ин хотир зарурати дарки амиқ ва фаҳми васею ҳамаҷонибаи он пеш меояд. Бинобар ин таҳқиқ ва баррасии экстремизм зинаи аввали инкишофи гурӯҳҳои канориро ташкил менамояд.
Раҷабов Ҷ-сокини шаҳраки Ҳулбук
Илова кард: Администратор | Илова шуд: 09-04-2019, 06:09:36 | Диданд: 584