МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ
ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ
НОҲИЯИ ВОСЕЪ

Мо толиби сулҳем

Мо толиби сулҳем

Мардуми шарафманди тоҷик имрўзҳо ба ҷашни 30-солагии истиқлолияти хеш омодагӣ мебинанду баҳри сазовор пешвоз гирифтани ин санаи муҳими таърихи комёбиҳои нави меҳнати даст мезанан. Мо мардуми тоҷик тайи 27-соли истиқлолият ба он дастовардҳое ноил шудем, ки дар зарфи 70-соли мавҷудияти ҳукумати абарқудрати шўравӣ онро ноил шуда натавониста будем.

Ин ҳама пешравиҳои мо ба чашми душманон чун хор мехаладу онҳ ба ҳар восита моро сиёҳ намуда ин пешравиҳои моро дидан намехоҳанд имрўзҳо ба ҳамагон маълум аст, ки душманони мо чун дар дохили кишвар ба чизе ноил нашуданду шармандавор шикаст хурданд, худро бурун аз кишвар зада идеологияи хешро ба дастури хоҷагонашон дигар намуданд. Аммо ман ба комили бовари гуфта метавонам, ки мардуми мо ки дўсту-ки душман буданро хуб медонанду ҳаргуна таблиғоти дуруғин кам намесозанд.

          Ба мардуми мо ҳодисаҳои нангин, ки бо нақшагирии гуруҳои ифроди дар кишвар солҳои навадум рух дода буд, сабақи хубест. Ҳамон вақт ҳам бо ном ҳомиёни миллат халқи бегуноҳи аз олами сиёсат бехабарро фирефтаи бо муқобили ҳам сангар кашиданд. Тоҷикистони навистиқлолият бадаст овардаро он замон хатари парокандаги таҳдид мекард ҳамон вақтҳо сардори гуруҳои мухолифин  Саид Абдулои Нурӣ хатои хешро фаҳмида гуфта буд «Тоҷикистон мисли як қолини пургул зебост онро набояд аз ҳам ҷудо кард, он дар якҷояги зебост» гуруҳои терористи, ки имрўзҳо дар кишварҳои шарқри наздик хеле фаоланд ба амалҳои нангине даст мезананд, ки инсонияти сайёронро бо таҳлуқа меандохтанд. Сарвари давлати мо Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳи мушкили сулҳро тай кард. Аз 5-уми апрели соли 1994 бо қувваҳо мухолифини кишвар чанд маротибаҳо сари мизи музокирот нишасту онҳоро ба суи сулҳу ваҳдати милли хонд, то ваҳдати милли ба даст биёяд ба ҳамаи шартҳои онҳо рози шуд, оқибат ин ҳама талошҳо самардоду 27-уми июни соли 1997 дар шаҳри маскав созишномаи сулҳ ба имзо расид. 

          Ҷавонони замони истиқлолият, ҷавонони ваҳдатофаранда худро пайравони Пешвои миллат дедонанд. Мо мардуми тоҷику тоҷикистониён аз паи меҳнати осоиштаем ба ҳеҷ гуна таблиғоти дуруғин гуш намедиҳем гузашта ба мо сабақи хубест.

          Дар ин рўзҳои руйдодҳои воқеаҳои фоҷеабор мо аҳли зиёиёни кишвар дар доираи тақвият бахшида дар кори мубориза ба муқобилӣ амалҳои террористӣ бояд фаол бошем, ва корҳои фаҳмонидадиҳиро дар байни аҳолии кишвар ба хусус ҷавонон хуб ба роҳ монем. Чуноне ки ба мо маълум аст, 80-кўдакони мо дар сурия мебошанд ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нақша-чорабиниҳо тартиб дода гуруҳҳои кори ташкил намуданд, ки то охирон кўдак аз Сурия (Шом) ба Тоҷикистон баргардонида шаванд.

 

 

 

                  Шамси Араб омўзгори М.Т.М.У.№59-н.Восеъ

 

 

Илова кард: Администратор | Илова шуд: 29-04-2019, 13:09:11 | Диданд: 829