МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ
ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ
НОҲИЯИ ВОСЕЪ

ХАТАРҲОИ ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ

ХАТАРҲОИ ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ

Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба “Терроризм ва экстримизм (ифротгароӣ)-и хушунатомез” заминаашонро аз Конститутсияи ҶумҳурииТоҷикистон гирифта, баъдан як зумра қонунҳо, аз ҷумла Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мубориза бар зидди терроризм”, (19 ноябри соли 1999 таҳти№846), Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мубориза бар зидди экстремизм (ифротгароӣ)”, (8 декабри соли 2003 таҳти№69) қабул карда шудаанд.

          Қонунҳои зикргашта асосҳои ҳуқуқӣ ва ташкили мубориза бар зидди тероризм ва экстремизм (ифротгароӣ)-ро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунанд. Инчунин диспозитсия ва чораҳои ҷазоии терроризм ва экстремизм (ифротгароӣ) дар Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21 майи соли 1998 № 575 хусусан дар моддаҳои 179, 307 ва ғайра муқаррар карда шудааст.

          Дар ҳақиқат имрӯзҳо дар гушаҳои гуногуни сайёра миллионҳо нафар одамон гирифтори хавфу таҳдид ва оташи ҷангу низоъҳо гардидаанд ва зуҳуроти терроризму ифротгароӣ бехатари бесобиқаи ҷаҳонӣ табдил ёфта, оқибатҳои фоҷеабору дарозмуддати ҷамъиятиву сиёсӣ ва маънавиро ба бормеорад.

          Мушоҳидаҳои амалиётҳои террористӣ бисёртардардавлатҳои Ироқ, Сурия, Афғонистон ва инчунин дар баъзе давлатҳои Аврупо баназар мерасанд. Албатта, гуфтан бамаврид аст, ки ин ба сиёсати пешгирифтаи давлатҳои абарқудрат бамонанди Федератсияи Россия ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико алоқамандӣ зич доранд. 

          Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон талош менамояд шаҳрвандони мо аз давлатҳои Ироқ ва Сурия баргардонида шаванд. Дар ин самт гурӯҳҳои корӣ таъсис дода шудааст. Бо талоши гурӯҳи корӣ 80 нафар шаҳрвандони мо аз давлатҳое, ки дар онҷо гурӯҳҳои террористӣ менҷанганд баргардонида шуданд.    

          Инчунин аз тарафи Ассосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо таъкид мекунад, ки “Террористу ифротгаро ватану миллат ва дину мазҳаб надорад”. Террорист-террорист аст ва ӯ ҳеҷ гоҳ худи ё бегона ва ё таҳаммулгарову тундгаро буда наметавонад. Терроризм ифротгароӣ на сарҳадро эътироф мекунаду на давлатро.

        Мо халқи шарафманди Тоҷикистон бояд барои доштани чунин фазои осоиштаи мамлакатамон, ки имрӯз бо саъю талошҳои Сарвари давлат,  Ассосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва заҳмати шабонарӯзии халқи Тоҷикистон бадаст омадааст, шукрона намоем ва ҳамеша барои нигоҳдоштани ин оромию субот дар мамлакат ва минтақа саҳмгузор бошем.

                     Назарова Ҳ-сокини Ҷамоати шаҳраки Ҳулбук

 

 

Илова кард: Администратор | Илова шуд: 01-05-2019, 11:53:41 | Диданд: 521