МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ
ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ
НОҲИЯИ ВОСЕЪ

ПЕШВОИ МИЛЛАТ ВА АДАБИЁТИ МИЛЛӢ

ПЕШВОИ МИЛЛАТ ВА АДАБИЁТИ МИЛЛӢ

Муносибати нав ба таърих, мероси илмӣ, адабӣ, динӣ ва фарҳангии халқи тоҷик, қабл аз ҳама, дар китобҳо, мақолаҳо ва суханрониҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зуҳур кард. Бавижа, дар маърӯзаи эшон ба муносибати таҷлили 1100 - солагии давлати Сомониён дар соли 1999 ибтидо ёфт. Сипас муаррихон, файласуфон, адабиётшиносон ва рӯзноманигорони дохиливу хориҷӣ ба таърих ва тамаддуну фарҳанги қадима ва асримиёнагии тоҷикон таҷдиди назар карда, ба рӯшансозии ҳақиқати таърих кӯшишҳо намуданд.
Таҷлили 1100 - солагии давлати Сомониён ҳусни таваҷҷуҳи аҳли адабро бештар ба корномаҳои Исмоили Сомонӣ ва муҳити зиндагонии ӯ кашиданд. Ҳикояву қисса, роману намоишномаҳое, ки дар маркази онҳо масъалаи истиқлолияти сиёсии тоҷикон ва ҳувияти миллӣ меистод, бисёр ба нашр расиданд. Мавзӯъҳои ватану ватандорӣ, давлатдории навин, худогоҳии миллӣ ва раҳоӣ аз тазйиқи бегонагон, иттиҳоди халқҳои эронинажод ва муборизаи онҳо дар роҳи озодӣ ва истиқлолияти худ дар асарҳои гуногунжанр мавриди таҳқиқи бадеӣ қарор гирифтанд. Ин ҳамаро метавон марҳилаи аввали дахолати фаъолонаи нависандагон ба таърихи асрҳои миёнаи халқи тоҷик дар давраи истиқлолият номид.
Дар марҳилаи дувум назари аҳли адаб ба таърих боз ҳам вусъат ёфт ва амиқтар гардид. Онҳо ба аҳди қадим рӯ оварданд. Набардҳои сахт, муборизаю талошҳои фидокорона, азму ҳаракатҳои ватанхоҳона дар роҳи ташкил додани як давлати бузург ва мудофиаи он аз таҷовузи аҷнабиёни ғоратгар, бедории ҳисси худшиносии халқҳои эронинажод, ҳифзи марзу бум ва нангу номус, арзишҳои моддию маънавӣ ва дигар мавзӯъҳои наву тоза нависандагони тоҷикро ба худ мутаваҷҷеҳ намуданд.
Аввалин романи таърихӣ дар замони соҳибистиқлолӣ асари А. Сидқӣ «Пайроҳаи қисмат» (1997, дар бораи шоири ғазалсарои тоҷики асри ХII Камоли Хуҷандӣ) мебошад. Романҳои А. Тоҳирӣ «Рухшона» (1999, юриши Искандари Мақдунӣ) М. Солеҳ «Девори Хуросон» (1999) (давлатдории Сомониён махсусан замони Исмоили Сомонӣ), Сорбон «Достони писари Худо» (2000, дар бораи Искандари Мақдунӣ), Ю. Аҳмадзода «Ҳафт рӯъё» (2001, замони давлатдории Исмоили Сомонӣ дар муқоиса бо воқеаҳои хунини солҳои 90 асри ХХ), А. Зоҳир «Мунтасир» (2001, доир ба охирин шоҳи сулолаи Сомониён бо лақаби Мунтасир), Р. Ёрмуҳаммад «Бармакиён» (2005, сулолаи Бармакиён дар замони Ҳорун - ар - Рашид ва саргузашти фоҷиавии онҳо) аз ҳамин ҷумлаанд.
Аз асарҳои зикршуда ба тариқи намуна романи Бароти Абдураҳмон «Куруши Кабир»-ро баррасӣ мекунем. Нависанда асари худро романи таърихӣ ва қаҳрамони онро «шоҳаншоҳи тамаддуновар» меномад, ки бесабаб нест. Роман воқеаҳои таърихии миёнаҳои қарни VI пеш аз мелодро дар бар гирифтааст. Дар ин давра ба ҷои давлати Мод давлати Ҳахоманишиҳо ба вуҷуд омада буд. Академик Б. Ғафуров барҳақ мефармояд: «Бунёди давлати Ҳахоманишиҳоро подшоҳи тоифаҳои форс Куруши II гузошт, ки пештар чун вассал ба салтанати Мод тобеъ буд. Ӯ дар натиҷаи муборизаҳои сахт ва дуру дароз на фақат аз тобеият халос шуд, балки дар соли 550 пеш аз мелод давлати Модро тамоман торумор намуда, ба зери итоати худ даровард. Вай дар баробари унвони подшоҳи Форс унвони подшоҳи Модро ҳам соҳиб шуд» (Ғафуров Б. Тоҷикон: Иборат аз 2 кит. – Душанбе: Ирфон, 1998. – Кит.1. – 704 с; кит. 2. – 416 с. - 90).
Империяи азиме, ки Куруш ташкил карда буд, тибқи маълумоти Доро (ин факт дар роман ҳам тазаккур ёфтааст), инчунин, дар асоси манобеи таърихии Юнони қадим, давлатҳои Порсу Мод, Бобулу Ошур, Мисру Финикия, Лидияву Урарту, Парфияву Гиркания, Бохтару Суғд ва дигарҳоро дар ҳудуди бисту ду вилоят муттаҳид сохтааст. Империяи Куруши Кабир, чунон ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон навиштаанд, «дар ҳудуди се қитъаи олам – Осиё, Аврупо ва Африқо доман густурда будааст».
Нависанда ҳангоми таълифи романи «Куруши Кабир» маълумоти сарчашмаҳои таърихиро ба инобат гирифта, аз чандин афкори мухталифи таърихнигорон фикри ба ҳақиқати зиндагӣ ва мантиқи ҳаёт мувофиқу боварибахшу солимашро интихоб намудааст. Зеро ҳадаф ба воқеияти таърих ва ҳақиқати зиндагӣ наздик тасвир кардани сарнавишти пурҳангомаи Куруши Кабир аст.
Куруш чеҳраи мунаввари нерумандест, ки рисолати олии таърихӣ дорад. Маҳз ӯ нахустэъломияи ҳуқуқи башарро иншо намудааст. Дар маҷмӯъ, манзури ӯ таъсиси давлати тавоно, пурқудрат ва ягонаи Ориё мебошад. Дар ин ҷода ӯ адолату ростиро пеша месозад. Пиндори нек, гуфтори нек ва рафтори нек маҳаки ахлоқӣ ва раҳнамои зиндагии ӯ буданд.
Дар давраи соҳибистиқлолӣ дар масъалаи ба асли худ баргаштан корҳои зиёде ба сомон расиданд. Вале, чи тавре ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид мекунанд, миллат ҳанӯз ҳам ба тадбирҳои амалии баргаштан ба асли худ ниёз дорад. Дар ин ҷода, ҷамъ намудани маълумоти бештар дар мавриди Куруши Кабир, гузоштани муҷассамаи барқади ӯ дар пойтахт, ба номи ӯ гузошта шудани ягон муассисаи фарҳангиву адабӣ ба манфиати кор хоҳад буд.
 Замира ӮЛМАСОВА,
доктори илмҳои филология, профессор

бознашр аз сомонаи Ҷумхурият

 

 

Илова кард: Администратор | Илова шуд: 20-02-2018, 08:45:38 | Диданд: 1198