ТОП 10
1. Ҳар касеро баҳри коре сохтанд [диданд-10811]
2. ҲИМОЯИ ВАТАН ВАЗИФАИ ҲАР ЯК ШАҲРВАНД АСТ [диданд-6558]
3. ҶАВОНОН ПАЙРАВИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ [диданд-6528]
4. НИШАСТИ МАТБУОТИ [диданд-5416]
6. САРВАТИ БЕБАҲО [диданд-4830]
7. Табрикоти раиси ноҳия муҳтарам Ғафурзода Мусо Зариф [диданд-4688]
8. РУШДИ МАОРИФ [диданд-4675]
9. ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА ИТТИФОҚҲОИ КАСАБА [диданд-4666]
10. ДАР МЕҲМОНИИ САРБОЗОН [диданд-4276]

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат,
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
Воридшави
Таквим
| « | » | |||||
| Дш | Сш | Чш | Пш | Ҷм | Шб | Яш |
Омор
- Хабархо: 2469
- Расмхо: 39
- Онлайн: 3
- Хамаги омаданд: 108167
СОЛ, АММО СОЛИ НООРОМ БУД (ЗИЁРАТИ СИНДЕВ
СОЛ, АММО СОЛИ НООРОМ БУД (ЗИЁРАТИ СИНДЕВ) Истифодаи имконот барои омӯхтани забон, таърих, урфу одат, анъана, макону маҳали зуҳури арзишҳои маънавӣ ва эҳтирому арҷгузорӣ ба онҳо, барои ҳар яки мо ҳамчун ёдгорӣ дорои аҳаммияти фавқулода аст. «Ҳама чизро донистан мехоҳам!» – яке аз беҳтарин шиорҳои ҳаёти одамизод мебошад. Вақте маро масъули минтақаи Роштқалъа таъйин карданд, дар дилам эҳсоси наҷибе падид омад, ки он зиёрати зодгоҳи Шоири халқӣ, адиби маҳбуби миллати тоҷик Мирсаид Миршакар буд. Зимни сафари хизматӣ ба маркази Роштқалъа, аз дӯстам Айнулло, директори мактаби миёна, вобаста ба нишони роҳи Синдев пурсон шудам. – Синдев тақрибан понздаҳ – бист километр дуртар аз Роштқалъа ҷойгир аст. Солҳои сиюм мардуми ин деҳаро бо сабаби мушкили роҳ ва инфрасохтори иҷтимоӣ ба таҳдаштҳо кӯчонида, овардаанд, – гуфт. Ҳоло дар он деҳи вайрона касе зиндагӣ намекунад, ғайр аз ду-се чӯпон, ки чорвои давлатиро, бинобар заминҳои фарох доштан мечаронанд, нигоҳубин мекунанд, – тафсир намуд дӯсти ман ва мақсади маро фаҳмиданӣ шуда, суол кард: – Ту барои чӣ ин деҳаро мепурсӣ? – Охир, дар ҳамин деҳа шоири бузурги мо таваллуд шудааст, – гуфтам. Чанд шеъри кӯтоҳи дилписанди ӯро хондам ва эҳсоси масъулияти маънавии худро дар назди хотираи ин адиби номдори Ватан бо як порча аз шеъри ниёкон хотиррасон кардам: Сари савдои ту андар сари мо мегардад, Бин, ки андар сари шӯрида чиҳо мегардад... Дили Ҳофиз чу сабо бар сари кӯйи ту муқим, Дардмандест ба уммеди даво мегардад. – Оре, оре! Ҳамин тавр аст. Лекин ҳоло зимистон. Он ҷо барф то дуву ним – се метр баланд мешавад. Рафтан ба Синдев имкон надорад. Баҳор, охирҳои май замин сиёҳ шудан мегирад. Шояд он вақт имкони Синдев рафтанро пайдо кунем, – гуфт ҳамсуҳбати ман. Аҷаб, ки сифату ҳангомаи роҳу худи Синдев ҳам одӣ наафтод. Лекин инсон иродаи амалӣ кардани мақсадро дошта бошад, ангезаи онро низ пайдо мекунад: Гарчӣ манзил бас хатарнок асту мақсад бас баид, Ҳеҷ роҳе нест, к-онро нест поён, ғам махӯр. Аз лиҳози дигар, тарбияи мо чунин буд, ки: Кори имрӯзаро ба фардо намон, То чӣ донӣ, ки фардо чӣ гардад замон. Мани корманди одӣ аз куҷо ҳам медонистам, ки воқеан, дар Бадахшон давоми корам то баҳор намерасад. Ва тағйири тақдир маро дар пеш аст. Аммо байти охирон шиори роҳнамои падарам буд. Худаш дар иҷрои он намунаҳо нишон медод. Ба мо низ таъкид мекард. Дар амалияи зиндагӣ истифода бурдани онро рукни пурҳикмати падардорӣ меҳисобидам. Ва то кунун дар банди чунин боварам. Ман медонистам, ки бо дӯсти ман Айнулло на зимистон ва на тобистон Синдев рафтан имкон надорад. Тавре ба ман тафсир карданд, аз деҳаи Зануҷу Шохиризм то Синдев раҳ фақат кӯтал аст. Ин рафиқи ман бошад, доимо аз дарди зонуҳо шикоят дошт. Ба дӯстам дигар чизе нагуфта, хайрухуш кардем. Он тарафтар идораи истифодабарии роҳ буд. Сардори он Лоламир Лочинов ҳам яке аз ошноҳои ман. Ҷавонмарди хушгап ва шӯх. Ба дафтари кориаш даромадам. Ин дафъа расмӣ салом додам ва бо ҷиддияти том эълон доштам: – Рафиқ Лочинов! Мақомоти Кумитаи давлатии бехатарӣ супориш гирифтааст, ки маълумоти таърихиеро бо далелҳо ва шоҳидон бозсанҷӣ ва тасдиқ намояд. Гузаронидани чунин амалиёт ниёз ба мадад ва дастгирии идораи истифодабарии роҳ дорад. Лочинов ҳам намуди ҷиддӣ гирифта: – Идораи истифодабарии роҳҳои минтақаи Роштқалъаи ноҳияи Шуғнон омодагии худро барои ҳамкорӣ бо мақомоти бехатарии мамлакат эълон медорад! Бифармоед, то амал кунем! – гуфта, «гузориш» дод. – Фавран омодагии як трактори «Т-40» бо ронандаи ботаҷриба дар фарозу шеби пурбарф! Ба самти шимолу шарқии ҷамоат дар масофаи то 20 километр! – гуфтам ман, аз посухи «сарбози сода» шердил шуда. – Рафиқ капитан, беҳтарин ронанда ва роҳбалад дар шароити хавфноки тармаосеби масири пешниҳодшуда омода аст! Гузоришдиҳанда сержанти эҳтиётӣ Лочинов! – ба риояи низомномаи ҳарбӣ посух дод Лоламири дӯсти ман. Ҳамин тариқ, ман бо суиистифода аз мансаб дар ягона трактори «Т-40»-и чорчархаи идораи роҳсозӣ нишаста, ба самти Синдев ҳаракат кардам. Роҳ хеле пурбарф ва нимвайрона бошад ҳам, мо аз деҳаҳои Ривоз, Амбоз, Сорҷ, Вездара, Бидиз, Зануҷ гузаштем. То қишлоқи Шохиризм расидан, тахминан, дувуним то се соат гузашт. Аз лиҳози физикӣ фазо беканор бошад ҳам, роҳи мо дар ҳамин қитъаи кураи Замин ба охир расид. Берун барфи анбуҳ, шамол ва хунук. Аммо дохили трактор, то ҳадди муайян, аз ҳаври муҳаррик, ки қисман дохили кабина мешуд, нармтар буд. Ман аз борхалтае, ки мақсаднок бо худам оварда, онро аз мағозаи Роштқалъа бо чор дона хлеб, даҳ қуттӣ консерваи «говядина», ним кило қанд, чойи қоқ, чанд шамъ, се-чор дона гӯгирд, қуттичаи бензол, як банд чӯбчаи оташгиронӣ ва дигар асбоби фавқулодаи саҳроӣ, ки моро дар мактаби Минск дар дарсҳои «озмоиш барои зиндамонӣ» ва «самтгирии ҳарбӣ – варзишӣ» хононда ва машқ доронда буданд, бо худ гирифтам. Ба дил мегуфтам: «Таълимгоҳ чизе омӯхт, онро санҷиш бояд, то итминон гирифт, ки чанд пояд». Ман дар даруни трактор аз порчаи рӯзномае дастурхон густурдам ва ду қуттии консерваро кушодам. Як дона хлеби машҳури роштқалъагӣ, ки дарунаш мисли хонаи занбури асал ва ниҳоят бомазза буд, майда кардам. Мо бо тракторчӣ тановул кардем. Ин муҳимтарин корро дар муддати даҳ дақиқа анҷом дода, аз трактор фаромадам. Он тарафтар як мӯйсафедро дида, назди ӯ рафтам ва салому алейк карда, пурсидам: – Амак, мебинам таҳҷойӣ ҳастӣ. Роҳи деҳаи Синдев кадом тараф аст? – О, бародар, якум, Синдев ҳафтод сол шуд, ки дигар деҳа нест. Дашти валангорест. Дуюм, дар ин зимистони қаҳратун хуҷаини хуб сагашро ба кӯча баромадан намемонад. Бо ин боду ҳаво туро дар Синдев чӣ коре афтодааст? – бо ситеза, ба ҷойи ҷавоби суол, суол дод мӯйсафед. Ман шухӣ кардам: – Баландии барфро месанҷам! – Ҳа, фаҳмидам, Шумо аз идораи бодуҳавосанҷӣ ҳастед. Дуруст, дуруст. Супориш. Кори давлат. Аммо ин трактори Шумо на танҳо зимистон, балки тобистон ҳам он ҷо рафта наметавонад ва оқибат, кӯшиши ба суоли ман посух доданро кард, мӯйсафеди масъулиятшинос: – Синдев як пиёдараҳ, аниқтараш кӯтали машҳур ба номи «биёям – наравам» дорад. Барои Шумо барин ҷавонҳо, агар кӯшиш кунед, то он ҷо тақрибан сесоата роҳ аст. Як ҳафта шуд, ки барф назадааст ва хатти роҳ кӯр нашудааст, – дили маро бақувват карда, гуфт мӯйсафед. – Ҷонзоде он ҷо ҳаст? – пурсидам ман. – Ҳаст, ҳаст. Ғайр аз гургон боз ду подабон бо ҳам говҳои хоҷагиро бонӣ мекарданд. Ба якдигар соз нагирифтанд. Дирӯз яктоаш қаҳр карда, фаромада омадааст. Як мӯйсафед бо сари қоқаш он ҷост. Бо гирифтани ҳамин маълумот ман ба роҳ баромадам. Бузроҳае, ки мӯйсафед ба ман нишон дод, дар ҷойҳое танг ва дар мавзеъҳои шамолпаноҳ васеъ гашта, пайи трактори тасмачарх, ки нақлиёти асосии чӯпонон дар он масир будааст, намудор мегашт. Дар маҷмуъ, дар назарам, раҳи одии пурбарфи кӯтали сахти кӯҳистон буд. Ман ба соат нигоҳ карда, вақти равшании боқимондаи рӯзро ба ҳисоб гирифта, бовар доштам, ки то расидани торикӣ Синдевро пайдо мекунам. Борхалтае, ки дар пушт доштам, дар фарозу нишеб ба ман хуб ёрдам мекард. Ман таҷрибаи гургони одамхӯри деҳаи Шипади Рӯшонро ба ҳисоб гирифта, дар барам пистолети Макаровро бо шаш тирдон ва дар борхалтаам ғайр аз асбоби сараи оташгиронӣ, боз фонуси электрикии бақувват ва корди хуби касбӣ ҳам доштам. «Эҳтиёткорро Худо эҳтиёт мекунад». Яъне решаи мантиқ заминӣ аст. Осмониву ормонӣ нест. Таҷрибаи одамӣ он аст, ки агар ин чизҳои эҳтиётии номбаршуда истифода нашаванд ҳам, дили одамро бақувват мегиранд. Қадамҳои мусофириро дар ҷойи бегонаи пурхавфи масирномаълум боварибахш мегардонанд. Ман аниқ кардам, ки роҳро гум намекунам. Бо роҳу нимроҳа ҳаракати худро ба хотири зиёрати зодгоҳи шоири маҳбуб Мирсаид Миршакар идома додам. Ҳангоми роҳи мушкили кӯҳистонро паймудан, мисли лентаи кино ҳаёт, эҷодиёт, корномаи ин марди сухан ва амал пеши назарам мегузаштанд, ки шояд замони бачагӣ борҳо ҳамин масирро тай карда бошад. Ва маҳз аз ҳамин деҳа ба дунёи бекарон қадам гузошта, вазифаи бузурги инсонии худро иҷро кардааст. Дар хурдӣ аз падар ятим монда, дар хонаи бачагон таҳсил гирифтааст. Мактаби касбияти маънавӣ аз худ намуда, шахсан дар мушкилтарин ва муҳимтарин сохтмони азнавсозиҳои мамлакат ширкат кардааст. Истеъдоди табиӣ фарзанди кӯҳистонро имкон додааст, ки на танҳо бо зӯри бозу, балки бо табъи равон ва қудрати забон тадбири зиндагиро бо шеър тасвир кунад. Ҳангоми азхудкунии водии Вахш ӯ ҳолати воқеии заминҳои биёбонии он водиро чунин тафсир мекунад: Ба фармони партия мо даҳ нафар, Ба ин ҷо намудем моён сафар. Замоне расидем ба ин ҷой мо, Надидем ба ҷуз водию кӯҳҳо. Шоир муътақид буд, ки дар кори созандагӣ, ободонӣ ва ҳифзи манфиатҳои Ватан аз дасти фард коре намеояд. Ҷумла бояд шуд. Ҷамъият бояд гашт. Дасти якдигар гирифт ва хирадмандона ин зуҳуроти маънавӣ, ки мантиқи бузурги созандагиро дар назар дорад, «навъи нави насли инсон» ном мебарад: Дар ин раҳ як ман ҳазорон шудем, Ки навъи нави насли инсон шудем. Миршакар шоири қудратманд ва тавоно буд. Ва чунин сифатҳои воло, фарқкунанда ва муассир, ки дар гуфтор ҳамчун шеваи рафтори эҷодкор ифода мегардад, аз заминӣ, баҳравар аз таҷрибаи зиндагӣ будани ӯ шаҳодат медиҳад.
Илова кард: Администратор | Илова шуд: 10-03-2026, 19:17:49 | Диданд: 1