МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ
ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ
НОҲИЯИ ВОСЕЪ

Акидахо пас аз тамошои филми хиёнат.

Акидахо пас аз тамошои филми хиёнат.

Пас аз тамошои филми хиёнат. Чанде аст, ки дар шабакаҳои телевизиони тоҷик филми ҳуҷҷатие ба номи “Хиёнат “ намоиш дода мешавад, ки он аз амалҳои номатлуби ҳизбиён наҳзати ҳикоят мекунад. Тамошобин ин филмро тамошо намуда ба ҳодисаҳою воқеаҳое, ки солҳои навадум бо дасти “Ҳомиёни миллат” сар зада буд шинос мешавад ва бори дигар ҳис мекунад, ки паси ин ҳама найрангҳо чи воқеаҳои даҳшатборе халқи моро нигарон будааст. Вале лутфу меҳрубонии Худованд ба сари он қавму миллатест, ки суи ҳақ роҳ мегираду дасти навозиш ба сари ятимею бенавое мегузорад. Ва мо тун ҳақ будему дар зери сиёсати хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат ба дусту душман нигоҳи некбинона доштем. Ин ҳодисаҳои даҳшатбор моро ғофилгир накард, мо бо худ дастболо гаштем. Гумон мекунам, ки дар арафаи иди Ваҳдати миллӣ намоиш додани ин филм хеле бо мавқеъ буд, зеро насли ҷавони мо бо далелҳои раднашаванда дар ниқоби ислом ба ин мардум ба ин сарзамин чи хиёнате кардани буданд. Онҳо бо ин амалҳои “Ҳомии миллат” тарошиданҳои худ, кишвари моро чун мамлакатҳои шарқи наздик ба майдони харобу размондагиҳо табдил додани буданд. Насли ҷавони кишвар мо онҳоро насли замони истиқлолият меномем, насли бошууру ватанхоҳ дорои фарҳанги баланди хештаншиносианду онҳоро касе дигар фиребида намутавонад. Дар филми “Хиёнат” мо мебинем, ки бисёре аз назҳатиён аз он арзи пушаймони мекунанду дар вақташ рафтори нохубе баҳри миллати худ карданд. Яке аз намояндагони фаъоли назҳати Айниддин Сатторов, бародараруси Кабирӣ ва ронандаи он баромад намуда тамоми амалҳои наматлуби сарварашонро фошофош гуфта парда аз рӯи манфури роҳбарони хеш бардоштанд. Ин филми ҳуҷҷатиро тамошо намудаму шеъри устод М. Турсунзода ба ёдам омад. Ҳар хасе, ки очаш ба сари ранҷ барафрухт Хокистар аз он монд ва дар оташи худи ӯ сухт. Иброҳим Зоиров Мутахассиси пешбари шуъбаи маориф.

Илова кард: Администратор | Илова шуд: 30-06-2020, 15:15:38 | Диданд: 313