МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ
ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ
НОҲИЯИ ВОСЕЪ

ПЕШВОИ МИЛЛАТ – ПОЯГУЗОРИ СУЛҲ ВА МЕЪМОРИ ВАҲДАТ

Дар таърихи тӯлониву бостонии мардуми тоҷик дар радифи давронҳои пурошӯбу  ноором давраҳои осоишу созандагӣ низ буданд, ки намунаи барҷастаи он аҳди Сомониён аст. Нахустамирони сомонӣ ва бахусус Амир Исмоили Сомонӣ бо хирадмандиву сулҳгироии хеш тавонистанд дар сарзамини паҳновари худ сулҳу осоишро барқарор намуда ба созандагӣ пардозанд.

Истиқлолияти Тоҷикистон пас аз фурӯпошии давлати абарқудрати Шӯравӣ ва истиқрори сулҳ пас аз даргириҳову низоъҳои дохилӣ дар Тоҷикистон, ки бо саъю кӯшиши мардуми тоҷик, миёнҷигарии кишварҳои дӯсту созмонҳои байналмилалӣ, бахусус бо азму суботи қавии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, сарвари донову тавоно дар муддати кӯтоҳе барқарор гардид, ҳамон даврони Сомониёнро ба хотир меорад.

Дар тақвияти ин гуфтаҳо Пешвои муаззами миллат Эмомалӣ Раҳмон чунин қайд менамояд: «Мо бояд ифтихор дошта бошем, ки миллати тоҷик таърихан ва табиатан сулҳдӯст, фарҳанпарвар ва созанда мебошад.

Сулҳдӯстии мо дар тӯли тамоми таърихи чандинҳазорсолаамон нишондиҳандаи ақлу хирад ва сабру таҳаммули халқамон аст, ки ин ҳам далели қотеи фарҳанги қадима ва суннатҳои созандагии мост. Бо вуҷуди мушкилоту монеаҳои сахту сангине, ки ин миллати фарзона дар тамоми умри дарози худ рӯбарӯ гаштааст, ҳамин асолати созанда ва заковати азалияшро ҳифз кардааст.

Маҳз ҳамин фазилатҳои неки азалӣ ва ифтихори миллӣ аст, ки мардуми моро ба ҳамдигарфаҳмӣ, ҳамдигарбахшӣ ва сулҳу оштӣ ҳидоят намуда, имрӯз роҳи моро ба сӯи созандагиву бунёдкорӣ, ободонии ватан, ҳифзи дастовардҳои истиқлолият ва таҳкими онҳо равшан мекунанд».

Даврони соҳибистиқлолии кишвари маҳбубамон собит менамояд, ки амалан поягузори сулҳу ваҳдати тоҷикон, фарзанди соҳибдавлати миллат Эмомалӣ Раҳмон мебошад, ки кайҳо аз ҷониби мардуми шарифи Тоҷикистон эътироф гардидааст. Боиси фараҳмандист, ки 18 декабри соли 2015 аъзоёни Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонун «Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ „ Пешвои миллат»-ро, ки қаблан вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул намуда буданд, якдилона ҷонибдорӣ карданд.

Бо мақсади возеҳу равшан муайян намудани омилҳои ба чунин унвони баланду шоиста сазовор шудани Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Эмомалӣ Рахмон лозим донистем, ки саҳифаҳои таърихи сиёсии Тоҷикистонро варақгардон намоем.

Ибтидои солҳои 90-уми асри ХХ дар кӯҳандиёрамон воқеае ба амал омад, ки дар тақдири халқи тоҷик ва тамоми тоҷикистониён гардиши куллӣ ба вуҷуд овард. 9-уми сентябри соли 1991 иҷлосияи Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Эъломияи истиқлолияти давлатии Тоҷикистонро қабул намуд. Дар харитаи сиёсии ҷаҳон давлати мустақилу соҳибихтиёри Тоҷикистон арзи ҳастӣ кард ва аз оғози марҳилаи наву тозае дар ҳаёти миллатамон башорат дод.

Вале боиси таассуф аст, ки бо дахолати нерӯҳои аҳримании дохилӣ ва берунӣ тоҷикон ба гирдоби ҷанги шаҳрвандӣ кашида шуданд. Ҳукумати фалаҷгардидаи Муросои миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон пеши роҳи ҷанги хонумонсӯзро гирифта натавонист. Оташи ҷанг минтақаҳои гуногуни ҷумҳуриро фаро гирифта буд. Ҳазорҳо ҳамватанонамон рӯ ба ғурбат оварданд.

Халқи шарифи тоҷик хатари ба сараш омадаро амиқ дарк карда, баҳри фурӯ нишондани оташи ҷанги хонумонсӯз ва фалокатбор ҷонбозиҳо кард.

Шукри тақдир, ки саҳари пурфайзу баракатро барои миллати тоҷик Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати дувоздаҳум, ки дар Қасри Арбоби Хуҷанди бостонӣ баргузор гардид, фароҳам овард.

Вакилони халқ бо дарки масъулияти бар дӯш доштаашон ба ҷои идоракунии президентӣ идоракунии порлумониро ҷонибдорӣ карданд. Дар ин иҷлосияи сарнавиштсоз бо аксарияти овозҳо Эмомалӣ Раҳмон Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шуд. Намояндагони халқ ва ҳақталошию бомаърифатиаш бо амри дилу виҷдон интихоб намуданд.

Зимни суханронии нахустини хеш ҳамчун Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон чунин иброз намуда буд: «Ман оғози кори худро аз сулҳ сар хоҳам кардМан тарафдори давлати демократии ҳуқуқбунёд мебошам. Мо бояд ҳама ёру бародар бошем, то ки вазъро ором намоем. Ҳарчи аз дастам меояд дар ин роҳ талош хоҳам кард».

Ин нахустин комёбии Эмомалӣ Раҳмон мебошад, ки тавонист ҳамчун чеҳраи наву хос худро ба мардум муаррифӣ карда тавонад. Далели ин садҳо барқияҳое, ки ба иҷлосия ва садову симо меомад, қариб як хел шурӯъ мешуд: «Аз суханронии аввалини шумо дар дили мо шӯълаи умед фурӯзон гашт…».

Сарвари давлати тоҷикон Эмомалӣ Раҳмон дар Муроҷиатнома ба халқи шарифи Тоҷикистон дилпурона гуфта буд: «Ман ба ҳар яки шумо дар давраи барои Ватан хеле душвор муроҷиат карда, ба ақлу заковати шумо, ки ворисони фарзандони барӯманди тоҷик ҳастед, бовар мекунам. Ман қасам ёд мекунам, ки тамоми донишу таҷрибаамро барои дар ҳар хона ва ҳар оила барқарор шудани сулҳ равона карда, барои гулгулшукуфии Ватани азизам садоқатмандона хизмат мекунам. Барои ноил шудан ба ин нияти муқаддас, агар лозим шавад, ҷон нисор мекунам, чунки ман ба ояндаи неки Ватанам ва ҳаёти хушбахтонаи халқи азияткашидаам бовар дорам».

Масъалаҳои сулҳу ваҳдат, якпорчагии кишвар масъалаҳои марказӣ ва тақдирсози иҷлосия буданд. Воқеаи фаромӯшнашавандаи иҷлосия мулоқоти сардорони дастаҳои мусаллаҳи мухолифин дар Қасри Арбоб мебошад. Ин мулоқот бо таклифи вакилони халқ ва бо ташаббуси Раиси Шӯрои Олӣ Эмомалӣ Раҳмон сурат гирифт. 25 ноябри соли 1992 мулоқоти сардорони дастаҳои мухолифин баргузор гардид. Ин иқдоми нек дар роҳи паст кардани оташи қаҳру ғазаб аввалин қадами устуворонаву ҷасурона буд.

Ҳамзамон бо қарори Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 26-уми ноябри соли 1992 Рӯзи сулҳ ва ризоияти миллии халқи Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон карда шуд.

Дар иҷлосия тасдиқ гардидани рамзҳои давлатӣ  Парчам ва Нишони Ҷумҳурии Тоҷикистон воқеаи муҳимтарини таърихи сиёсии тоҷикон буд.

Баъди иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қувваҳои солими кишвар тамоми қувваро барои ҳалли осоиштаи масъалаи байни тоҷикон равона карданд.

Бо ташаббуси Сарвари кишвар Эмомалӣ Раҳмон аз 5-ум то 19-уми апрели соли 1994 бо миёнравии Созмони Милали Муттаҳид ва Вазорати корҳои хориҷии Русия вохӯрии нахустини ҳайати ҳукуматӣ бо намояндагони мухолифин барпо гардид.

Давраҳои минбаъдаи гуфтушуниди байни тоҷикон (18-28 июни соли 1994 дар Теҳрон), (20 октябр-1 ноябри соли 1994 дар Исломобод) барои комёб шудан ба сулҳ, ризоияти миллӣ заминаи мусоид фароҳам оварданд.

Меҳру муҳаббати тоҷикистониён ба Эмомалӣ Раҳмон меафзуду қавитар мегардид ва онҳо ӯро 6-уми ноябри соли 1994 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб карданд. Роҳбари давлат пайваста барои комёб шудан ба сулҳу ваҳдати тоҷикон мекӯшид.

17-уми августи соли 1995 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва роҳбари Иттиҳоди нерӯҳои мухолифини тоҷик Саид Абдуллоҳи Нурӣ «Протокол дар бораи принсипҳои асосии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон» -ро имзо намуданд, ки дар комёб шудан ба сулҳ ва ризоият марҳилаи навро оғоз намуд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар чунин шароит зимни мулоқот бо роҳбарони ҳизбҳои сиёсӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, марказҳои фарҳангии миллӣ, иттиҳодияҳои эҷодию илмӣ ва созмонҳои динӣ ба фаъолияти онҳо дар дигаргунсозиҳои ҳаёти ҷамъиятӣ-сиёсии кишвар баҳои сазовор дода, чунин иброз дошт: «Яке аз матлаби машварати имрӯзаи мо аз он иборат, ки мо бояд дар ин ҷо табодули назар кунем. 

Шояд мо бо Шумо як ҳуҷҷат оиди ризоият ва ҳамбастагӣ дар ҷамъияти мо, байни тамоми тоҷикистониёнро таҳия созем. Шояд дар ояндаи наздик ягон аҳднома оиди ризоият ва ҳамбастагии ҷамъиятӣ ба имзо расонида шавад. Дар ин бора бояд ҳаматарафа фикр кард». Ҳамаи қувваҳои асосии сиёсии мамлакат  ин даъватро дастгирӣ намуданд. 9-уми марти соли 1996 роҳбарони қариб 30 ҳизбҳои сиёсӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ Аҳдномаи ризоияти ҷомеа дар Тоҷикистонро имзо карданд. Онро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Шӯрои Олии Тоҷикистон Сафаралӣ Раҷабов имзо намуданд. Ин ҳуҷҷати дорои аҳамияти таърихӣ дар ҳаёти сиёсии кишвар нақши муҳим буд. Чунки бори аввал дар ҷомеаи мо баъд аз ба истиқлолият соҳиб гардидан, новобаста ба ақида ва мавқеъҳои сиёсии мухталиф барои ба даст овардани муттаҳидию ягонагии сиёсию миллии халқи тоҷик ва миллатҳои дигари сокини ҷумҳурӣ дар роҳи бунёди ҷомеаи озоду демократӣ заминаи хубе фароҳам оварда шуд.

Моҳи апрели соли 1996 бо мақсади таъмини гуфтушуниди доимии қувваҳои гуногуни ҷамъиятию сиёсӣ, барои ба даст овардани таносуби манфиату ақидаҳо, ҷустуҷӯ ва барқарор намудани шаклҳои нави ҳамкории иштирокдорони Аҳднома Шӯрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон созмон дода шуд. Сарвари давлати тоҷикон Эмомалӣ Раҳмон Раиси Шӯрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шуд.

Аз он рӯз сар карда нақши Шӯрои ҷамъиятӣ дар ҳалли масъалаҳои муҳимтарини ҳаёти ҷомеа пайваста боло меравад. Дар муддати кӯтоҳ Шӯрои ҷамъиятӣ ба маркази машваратию таҳлилии афкори ҷамъиятӣ табдил ёфт. Кӯшиши аъзои он баҳри ба даст овардани сулҳу оромӣ дар ҷумҳурӣ самараи нек овард.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон суботкорона роҳу усулҳои ба даст овардани сулҳ ва ризоияти миллиро идома медод. Барои халқи тоҷик мулоқотҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва роҳбари Иттиҳоди нерӯҳои мухолифини тоҷик Саид Абдуллоҳи Нурӣ дар Шимоли Афғонистон (декабри соли 1996), Москва (декабри соли 1996), Машҳад (феврали соли 1997) ва ҳуҷҷатҳои дар онҳо ба имзорасида аҳамияти тақдирсоз доштанд.                                    

Мулоқоти Хосдеҳи Шимоли Афғонистонро ёдоварӣ намуда, яке аз иштирокчиёни фаъоли гуфтушуниди миёни тоҷикон Шукурҷон Зуҳуров менависад: «Ин гуфтугӯи таърихӣ барои мо, тоҷикон, сабақи бузург гашт. Зеро профессор Бурҳониддин Раббонӣ ҳангоми имзои Созишнома аз таҳти дил сухан ронда, зикр кард, ки ман гумон мекунам, барои ҳар кадоми ҳозирин таъсири амиқ гузоштанд. Номбурда изҳор карданд: «Аҳволи моро дидед, ки акнун чӣ гуна ҳаёт дорем? Мо натавонистем зиндагӣ кардан, аққалан шумо дар кишвари худатон созиш кунед ва тоҷиконро хор насозед. Тавре сулҳу ваҳдат бандед, ки касе дӯстии шуморо халалдор карда натавонад…».

Музокироти миёни тоҷикон ба марҳилаи ҷамъбастии истиқрори сулҳу субот ва ризоияти миллӣ дар сарзамини Тоҷикистон омада расид. 27-уми июни соли 1997 дар шаҳри Москва Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва роҳбари Иттиҳоди нерӯҳои мухолифини тоҷик Саид Абдуллоҳи Нурӣ  Созишномаи умумиро дар хусуси барқарор кардани сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон имзо намуданд. Ҳамин тавр марҳилаи тӯлонӣ, душвортарин ва хеле муҳими моҷарои байни тоҷикон анҷом ёфт. «Созишномаи умумӣ, - қайд менамояд Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, - аз лиҳози аҳамияти фавқуллодаи худ бо Эъломияи истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар як радиф меистад. Агар Эъломия дар Тоҷикистон ба таври расмӣ истиқлол ва соҳибихтиёрӣ ато карда бошад, пас Созишнома сулҳу суботро дар сарзамини мо таъмин кард».

Раванди сулҳи Тоҷикистон саҳми босазоро чӣ барои таҳкими сулҳ дар худи кишвар ва чӣ барои барқарор намудани сулҳ дар миқёси ҷаҳонӣ гузошт.

Дар асоси Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ Комиссияи оштии миллӣ таъсис дода шуд, ки ба он намояндагони аз ҷиҳати шумора баробари ҳукумат ва Иттиҳоди нерӯҳои мухолифини тоҷик (13 нафарӣ) дохил гардиданд.

Бояд зикр намуд, ки 49 нафар намояндагони Иттиҳоди нерӯҳои мухолифини тоҷик бо фармону амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон тибқи саҳмияҳо дар Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ шомили вазифаҳои баланди ҳукуматӣ шуда буданд. Аз ҷумла, 15 ҷой дар сатҳи олии ҳукумат (муовини аввали Сарвазир, 13 вазир, раиси кумитаву ширкатҳо), 15 ҷой дар сатҳи раисони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо ва 19 ҷой дар сатҳи муовинони вазирону раисони кумитаву ширкатҳо.

«Дар ҷараёни музокироти қариб чорсола, - қайд менамояд Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, - мо хуб дарк намудем, ки ҷанги бародаркуш ғолибу мағлуб надорад ва идомаи он ба парокандагии миллати тоҷик ва аз байн рафтани давлату давлатдории он боис мегардад. Аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ ба ҳайси падидаи нодири ҳалли низоъҳои сиёсӣ ва бӯҳрони миллӣ эътироф гардидани таҷрибаи сулҳофарии тоҷикон далели возеҳи ин матлаб мебошад, ки эътибори моро дар арсаи байналмилалӣ чун миллати мутамаддину фарҳангӣ афзуд. Ба қавли собиқ Муншии Умумии Созмони Милали Муттаҳид Кофи Аннан, тоҷикон намунаи беназири таҷрибаи сулҳофариро барои мамлакатҳои дигар армуғон оварданд».

Собиқ роҳбари Иттиҳоди нерӯҳои мухолифини тоҷик Саид Абдуллоҳи Нурӣ гуфтаҳои Сарвари мамлакатро тақвият дода, андешаҳояшро чунин иброз намуда буд: «Раванди эҷоди сулҳ ва оштии мо хеле боарзиш аст ва барои бисёр кишварҳои ихтилофзо мактаби омӯзиш хоҳад буд. Дар олам шояд кам кишваре пайдо шавад, ки ҳукуматаш бо ин гармӣ мухолифинашро ба оғӯш гирифта бошад ва камтар мухолифин пайдо мешавад, ки бо чунин эътимод ҳукуматро пуштибонӣ кунад.

Сулҳи Тоҷикистон пирӯзие бар душманону бадхоҳони кишвару миллати мост. Иттиҳоди мардуми Тоҷикистон дасти дарози нафъҷӯёни фитнагаронро кӯтоҳ кард. Дигар душманони миллат ва дастнишондаҳои бегонапараст қодир нахоҳанд буд, ки бо ҳар баҳонае дар кишвари мо нооромиву ҷангро ба роҳ биандозанд».

Ҳамин тавр, мардуми шарафманди Тоҷикистон бо Сарвари сулҳофаринаш Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба асри XXI- асри созандагию бунёдкорӣ ворид гашт ва баҳри амалӣ шудани мақсадҳои стратегии Ватани маҳбубамон: соҳиб шудан ба истиқлолияти энергетикӣ, баромадан аз бумбасти коммуникатсионӣ, ба даст овардани амнияти озуқаворӣ ва саноатикунонии босуръати мамлакат қадамҳои устувор мегузорад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат эътироф гардидани Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон тақозои замон ва амри воқеӣ буд «Мусаллам аст, ки рушду шукуфои ҷомеа, - қайд менамояд Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадсаид Убайдуллоев, - бе сулҳу ваҳдат имконнопазир аст. Мо, тоҷикистониён, ифтихор аз он дорем, ки мактаби сулҳофаринии Сарвари давлатамон арзиши оламшумулу ҷаҳонӣ дошта, мавриди омӯзиш ва истифодаи башарият қарор гирифтааст, зеро дар ҷаҳон миллатҳое ҳастанд, ки дар гирдоби низоъ ғарқ буда, бо ҳама кӯшишҳо соҳиби давлат нестанд ё давлати доранд, вале ба сулҳу ваҳдат ноил шуда натавонистанд.

Сулҳу ваҳдате, ки бо шарофати заҳматҳои пайваста, пайгирона ва муттасили Асосгузори он муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон насиби ҷомеамон гардид, аз нигоҳи объективона бо гузашти беш аз ҳазор сол арзишмандтарин дастовард ва дороии Ватани маҳбубамон мебошад». 

Муҷдаи ба унвони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат сазовор шудани Эмомалӣ Раҳмонро аҳли ҷомеаи ҷаҳонӣ болидарӯҳона истиқбол карданд. Чунончӣ, Обтин Сосонфар (Швейтсария) дар меҳрномаи худ менависал: «Ман бори аввал бо ин бузургмард дар Ҳутал, дар Порис вохӯрда будам. Аз чеҳрааш нури ориёӣ меборид. Баъдан тӯли чандин сол дидам, ки ӯ ориёи ҳақиқӣ ва ҳофизи ҳамаи он чӣ аз гузаштагонамон ба ёдгор мондааст, мебошад. Эмомалӣ Раҳмон аввалин фардест, ки миллати қадими худро ба ҷаҳон бо он доштаҳои худ, бо фарҳанги бузургаш муаррифӣ кард. Месазад, ки ӯро вориси хуҷастапаи соҳибони Авасто гуфт, месазад, ки ӯро нигаҳбони мероси ниёкони равшанзамир номид. Вақте, ки бори аввал ба Тоҷикистони азизи ҳамаи тоҷикон дар соли бузургдошти фарҳанги ориёӣ омадам, ин ҷо дидам, ки чи сарваре ва чи давлате насиби мо - форсигӯён гардидааст. Номи форсигӯёни бузурги ҷаҳон ин ҷо вирди забонҳост. Ин ҷо оташе аз оташдони бузургони ин миллат аз нав фурӯзон гаштааст.

Имрӯз ман ба синни 88-солагӣ расидам. Ба сиёсат сару коре надорам, аммо хизматҳои ин марди нотакрорро дар ҷабҳаи ҳифзи фарҳанг бо чашми сар мебинам. Бори дигар, вақте ки бо хонумам Меҳрафзун дар маросими кушоиши Маркази фарҳанги ориёӣ ба Тоҷикистон омадам, ӯ як каф хоки ин ин сарзаминро аз қалъаи Муғ бо худ бурд. Зеро ин ҷо гузаштагони зиёда аз шашҳазорсолаи мо хуфтаанд ва имрӯз ин сарзаминест, ки дар он мисли Эмомалӣ Раҳмон шахсиятҳои оламшумул ба дунё омаданд.”

Ҳамзамон раиси Маҷлиси Уммаи Давлати Қувайт Марзуқ Алӣ ал Ғаним дақиқназарона зикр менамояд: «Мардуми дунё бояд аз шумо – тоҷикон қадрдонию эҳтироми Сарварашон – Пешвои миллатро омӯзанд. На ба ҳама сиёсатмадорони сатҳи ҷаҳонӣ ва президентон муяссар мегардад, ки бузургтарин неъмат – умед ва зиндагии осоиштаро дар дили мардумаш ҳифз карда, халқро аз парокандагӣ, миллатро аз нестшавӣ ва давлатро аз завол наҷот диҳад».

Ҳамин тавр, таърихи сиёсии Тоҷикистон шаҳодат медиҳад, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон - Пешвои миллат – поягузори воқеии сулҳ ва меъмори ваҳдати миллӣ мебошад. Моҳияти нуктаи мазкур барои миллат нақши беназири муттаҳидсозанда ва пешбарандаро дорост.

Директори муассисаи таҳсилоти

миёнаи умумии №1:                                          Латифов Ҳ.И

Илова кард: Администратор | Илова шуд: 16-09-2020, 12:44:50 | Диданд: 302