МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ
ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ
НОҲИЯИ ВОСЕЪ

Хиёнат макун, чун хиёнат хатост!

Хиёнат макун, чун хиёнат хатост!

Хиёнат макун, чун хиёнат хатост!

(муроҷиатнома ба раҳбари фирории ташкилоти террористии

 наҳзатӣ – Муҳиддин Кабирӣ)

 

Ҷаҳондори мукофот асту дорад табъи ойина,

  Ба ҳар сурат, ки ҳасти акси худро ончунон бини.

  

Кабирӣ устоди дурўғпардози ва муҳандиси фиребкорӣ аст. Ӯ тарроҳи ҷанги нав дар «Ватанаш» аст.  Аҷибии кор дар он аст, ки хислатҳои ватанфурӯшӣ дар вуҷуди ӯ чун вабо рӯз то рӯз авҷ мегиранд ва ба арши аъло мерасанд… Барҳак, комати кубриро гўр рост мекунад.

Ҳанўз ҳам нафарони хиёнаткору ватанфурӯш вомехӯранд, ки барояшон  ғарази нафсони аз ватану ватандорӣ ва номусу номусмадорӣ болотар меистад. Ин турфа  дар пойинтарин сатҳи тафаккури иҷтимоӣ қарор гирифтаанд. Таърихи миллат бар он шаҳодат медиҳад, ки тайи давлатдории миллӣ маҳз рӯҳониёни хиёнаткору мутаассиб ба марзу буми аҷдодӣ бебаркаш 3 дафъа хиёнат карда, вале аз ин навъ расвоию ноодамӣ ҳатто заррае шарм накардаанд.

          Соли гузашта мо шоҳиди он будем, ки аз тариқи шабакаҳои телевизионии расмӣ силсилафилми мустанади телевизионие таҳти унвони “Хиёнат” намоиш дода шуд ва дар доираи он симои воқеии хиёнаткорони наҳзатӣ, ки дар имтидоди таърихи муосир барои ҷомеа  дарди сар эҷод карда аст, бармало намуд. Дар садри тамоми хиёнатҳои ахир - саркардаи фирории ташкилоти террористии наҳзати исломӣ М. Кабирӣ қарор дорад.

 

Эй Кабирӣ!

       Дар садади сохтани давлати миллӣ ба халқу ватани мо хиёнатҳои зиёде раво дида шуд, ки дар ин зумра метавон хиёнати генерал Ҳалим Назарзода ва садҳо фитнаву найрангҳои шахси шумо (манзур М. Кабирӣ)-ро ном бурдан мумкин аст.

Истифодаи аслиҳаву муҳиммоти пешрафтаи ҷанги, сўиистифода аз боварманди ва эътиқодоти мардуми, нохун  задан ба торҳои эҳсоси омма, ба моҷаро даргир кардани гурўҳҳои гуногун, таҳти фишори равони ва иқтисоди қарор додани табақаҳои осебпазири иҷтимои, харидани расонаҳои хабарию гуруҳи, ба чеҳраҳои хабарсоз бадал кардани шахсиятҳои хиёнаткор ва амсоли инҳо ба унвони абзор ё воситаҳои наву замонави дар бозиҳои имрўзаи неонаҳзати истифода мешаванд.

          Эй Кабирӣ!

Мавқеъгириҳои наҳзатиҳо дар мушкилоти марзӣ бори дигар хиёнаткори гузаро ва ашаддӣ буданатонро ба намоиш гузошт. Дар замоне ки миллат ва давлати Тоҷикистон дар атрофи ҳимояи Ворух муттаҳид шуд, наҳзатиён тарафи муқобилро пуштибонӣ карданд ва сареҳан хиёнаткор буданашонро нишон доданд. Ахиран, мавқеи зиддимилли ва зиддиватании шумо-наҳзатиёнро дар баҳсҳои сарҳади бо Қирғизистон  миллат хуб дар ёд дорад. Дар ин рўзҳои ҳассос на танҳо тоҷикон, балки худи қирғизҳо ҳам ҳайрон монданд, ки Тоҷикистон “мухолифин”-е доштааст, ки дар низои байни ду давлат алайҳи ватану миллати худ қарор гирифта, рӯйирост тарафи давлати бегонаро мегирифтааст. Ин гуна мухолифини ватанфурўш барои қирғизҳо, дар ҳақиқат, як бозёфти бузург шуд. Аз ин сабаб шабакаҳои телевизонии Қирғизистон бо як овоз ҳамчун далели асосии “ҳақ будани қирғизҳо” бо тантана эълом карданд, ки “ана, оппозитсияи тоҷик тарафи қирғизҳоро гирифт!” Ба ибораҳои худашон, онҳо дар симои ба ном “оппозитсияи тоҷик” барои худ дар ҷанги иттилоотии зидди Тоҷикистон як “шарики боэътимод” ёфтанд.

 

Эй Кабирӣ, аз ин навъ хиёнатпешагии гӯшношунид ҳатто тоҷикони муқими давлатҳои хориҷа ба шумо лаънат хонданд ва мақолаи пурдарди рӯзноманигори тоҷики муқими Қазоқистон Саломуддин Мирзораҳматов таҳти унвони “Лаънаткардаи халқ” мавқеи тамоми тоҷикони ватандўсти дар хориҷа қарордоштаро ифода  мекунад. Ҳамчунин, дар ин замина тоҷикони муқими Афғонистон, ки қадри давлату истиқлолиятро беҳтар аз мо медонанд, изҳор доштанд, ки ин хиёнати наҳзатиён бар давлату ватан нобахшиданист.

 

Саркардаи наҳзати хиёнаткору террористӣ - Кабирӣ! Ақаллан як маротиба ба амалкардҳои элитаи собиқи қирғизӣ таваҷҷуҳ намоед, ки дар рӯзҳои ҳассоси мушкилоти марзӣ тарафи миллат ва давлаташонро гирифтанд. Президенти фирории Қирғизистон Аскар Акаев, дар рўзҳои барои ватанаш мураккаб изҳорот дода, мавқеи давлати Қирғизистонро ба таври қатъи дастгири кард. Қатъи назар аз он ки Аскар Акаев ба лиҳози таърихию ҷуғрофӣ ва санадию ҳуҷҷатӣ бештар аз дигарон медонад, ки дар масъалаи  марзӣ мавқеи ҳукумати имрўзаи Қирғизистон нодуруст аст, аммо ў тарафи давлати худро гирифт. Илова бар ин, ҳатто президенти дигари ҶҚ Қ.Боқиев, ки дар Белорусия паноҳанда мебошад, на танҳо ба ҳимояи давлаташ изҳоротҳои қатъи пахш кард, балки барои ҳарбиёни қирғиз 15 ҳазор доллар маблағ фиристод.

 

Кабирӣ, акнун тасаввур намоед, ки ин ду президенти сарнагуншуда зоҳиран бояд бар зидди  ҳукумати имрўзаи кишварашон, ки онҳоро ба ҳукми абад маҳкум кардааст, баромад мекарданд. Аммо ҳисси ватандўсти ва дарки миллию шаҳрвандии онҳо аз баҳсу манофеи сиёси болотар истод. Вале наҳзатиёни хоин бо раҳбарии ту омода буда ва ҳастанд, ки дар сафи нерўҳои қирғиз истода, ба муқобили давлат ва ватани худ ҷанг кунанд. Ин омилро бидуни мулоҳиза метавон хиёнати ошкоро номид ва заррае шубҳа накард. Магар ин навъ "ибтикорот"-и наҳзатӣ, ки бевосита бо барномарезиҳои шахси Кабирӣ анҷом мегиранд, хиёнат маҳсуб намеёбанд?

 

Кабирӣ!

Масъалаи дигаре, ки иғвогарии тоифаи наҳзатиро ба намоиш мегузорад, садама задан дар равобити дуҷонибаи Тоҷикистону Эрон мебошад. Саркардаи наҳзатӣ,  ба ҷойи он ки аз беҳбуд ёфтани равобити дуҷонибаи Тоҷикистону Эрон хушҳол шаванд, батамом  мотам гирифтанд. Хашму ғазаби тими наҳзатӣ ба дараҷае боло рафтааст, ки баъзе мақомоти эрониро зери интиқоди шадид қарор медиҳанд, ки чаро бо Тоҷикистон робита барқарор мекунед? Инчунин, ба ҷойи ифтихор ва хушҳоли, мақомоти эрониро танқид мекунанд, ки чаро вазирони тоҷикро дар сатҳи баланди давлати пешвоз мегиред?

Албатта фақат хоинон метавонанд чунин мавқеъгирӣ дошта бошанд. Аз тарафи дигар тамоми хулосаҳои бофтаи наҳзатӣ вобаста ба тағйирот дар муносибатҳои Тоҷикистону Эрон ниҳоят бесаводона ва аблаҳона мебошанд.

 

Кабирӣ!

Аз ҳар як комёбии давлату миллати тоҷик ба хашм меои, замоне ки миллату давлат рӯйи нукоти муҳимми миллию давлатӣ – ҳалли мушкилоти марзӣ ва ба марҳилаи нав расонидани муносиботи ҳасанаи дуҷонибаи Тоҷикистону Эрон тамаркуз мекунанд, саркардаи наҳзат бо дору дастааш хилофи арзишҳои миллию ватанӣ амал менамояд ва роҳро барои анҷом додани хиёнати навбатӣ ҳамвор сохта, худро шармсору рӯсиёҳ ба ҷилва дармеоварад.

        

 

Кабирӣ!

         Наҳзати исломӣ  ба сифати  лоиҳаи бегона дар хидмати хориҷиён қарор дорад  ва  барои  пардапӯш  кардани найрангу фитнаҳои худ,  дар минбарҳои  сиёсии аврупоӣ  ҷавлон  мезанад.  Ниқоб бар сар гумон макунед, ки дигарон аз аъмол ва аҳдофи нописанди шумо бехабаранд.  Аммо  дур  нест, ки ҷомеаи мадании аврупоӣ  шуморо, ки дар образи “коршинос”, “сиёсатшинос”, “ҷомеашинос”, “файласуф”  даромада, дар саҳнаҳои сиёсии ғарбӣ нақш мебозед,  мешиносанд ва  парда  аз  рӯйи  качравиҳоятон бардошта хоҳад шуд. Аҷибтар ин аст, ки шумо худ муздур  буда, дар хидмати бегонагон қарор дореду дигаронро муздур ва  хидматгор  тасаввур мекунед. Маҳз аз тариқи пуштибонию сармоягузориҳои баъзе созмонҳои байналмилалӣ паноҳгоҳи сиёсӣ дарёфта, рӯз мегузаронед, маош мегиред, сафарҳои хидматӣ анҷом медиҳед  ва  бешарафона минбардорӣ  мекунед. 

        Хулоса, шумо дигар соҳибватан нестед. Тоҷикистон Ватани шумо нест, зеро ба ин сарзамини муқаддас хиёнат кардед. Шуморо дигар тоҷик ҳам гуфта намешавад. Аз тоҷикиятатон асаре ҳам намондааст. Барои шумо муқаддасоте мавҷуд нест. Фақат дар фикру манфиати худ ва пулу мол ҳастед.  Дар охир ба шумо – Кабирӣ ва дигар наҳзатиёни фирории хоин муроҷиат карда, мегӯем: вақте расидааст, ки аз душманӣ бо Тоҷикистон даст бикашед.  Ба қавли шоир:

              Ба мардӣ, ки номардиҳо норавост,

              Хиёнат макун, чун хиёнат хатост!

  Субҳиддин Зиёев,

ходими пешбари илмии АМИТ

 

Илова кард: Администратор | Илова шуд: 22-06-2021, 08:42:43 | Диданд: 29