МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ
ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ
НОҲИЯИ ВОСЕЪ

Нияти аслии шахсони иғвоангезу тафриқаандоз ба монани Муњаммадиқбол ва дигар ҳамаслаконаш халалдор намудани сулҳу суботи кишварамон мебошад.

Нияти аслии шахсони иғвоангезу тафриқаандоз ба монани Муњаммадиқбол ва дигар ҳамаслаконаш халалдор намудани сулҳу суботи кишварамон мебошад.

Нияти аслии шахсони иғвоангезу тафриқаандоз ба монани Муњаммадиқбол ва дигар ҳамаслаконаш халалдор намудани сулҳу суботи кишварамон мебошад. Бисёр аламовараст вақте мешунавем, ки як қисми ҷавонони тоҷик бар ҳар гуна ҳаракату равияҳои ифротгароӣ ҳамроҳ гардида, ҷони худро дар кишварҳои бегона баҳри манфиатҳои дунёхоҳон беҳуда қурбон месозанд. Кас ҳайрон мешавад, ки барои ин гуна ҷавонон чи намерасад? Ба ҳамагон маълумаст, ки ҳоло шахсони иғвоангезу тафриқаандоз ба мисли Муҳаммадиқбол, Кабири ва дигар ҳамаслаконашон дар хориҷи кишвар зиндагӣ мекунанду худро ба тоҷикистониёну ҷомеаи ҷаҳонӣ чун “ватандусту ватанпарвар” вонамуд кардан мехоҳанд. Муҳаммадиқболи Садриддин ва тарафдорони ӯ ҳам баъзе чизҳоро ба фаҳмиши худ дарк намуда, ба фаъолияти бедоғи 30-солаи Асосозгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сиёҳие чаконанд. Вале халқи тоҷик акнун ба дурӯғу иғвогариву казобиҳои душманони халқу давлати Тоҷикистони соҳибистиқлол бовар намекунад. Имрӯз Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дорои маҳбубияти хоса миёни мардуми мамлакат аст ва шахсият фаъолият хизматҳо ва ҷойгоҳи Пешвои миллат барои мардум комилан рушан аст. Мардум нақши ин шахсияти таърихиро дар сарнавишти милату давлат хуб медонад ва обурӯву эътибори абармарди бузург, сиёсатмадори барҷастаи сатҳи ҷаҳонӣ, ки аз ҷониби сиёсатмадорони сатҳи ҷаҳони пазируфта шудааст! М.Садриддин аз рӯзҳои аввали истиқлолияти кишварамон роҳи хиёнатро пешгирифт. Ҳоло ҳам барои расидан ба ҳадафи худ мунтаззам маводҳои характери зиддидавлатидоштаро дар сомонаи худ ҷой медиҳад ва гумон мекунад, ки мардум ӯро дастгирӣ мекунанд. Аммо мо тоҷикистониён душманони худро нағз мешиносем, ба чунин разилон ҷавоби сазовор дода метавонем. Ба боварии комил метавон гуфт, ки имрӯз ҳар як шаҳрванди баору номуси кишвар ба қадри давлати соҳибистиқлол ва зиндагии орому осуда мерасанд ва ҳаргиз фирефтаи таблиғоту ақдаҳои ифротии М.Садриддин нахоҳанд шуд. Мо ба таърихи ҳаёти мардум ва вазъияти ҳамкориҳои амниятӣ, сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, тиҷоратӣ, энергетикӣ, фарҳангӣ, илмӣ назар андохта, пас метавон гуфт, ки ҳар як шаҳрванди кишвари мо чи гуна вазъият доштаанд ва имрӯз онҳо шоҳиди воқеии ин таҳаввулоти таърихиро дарк карда истодаанд. Ин ҳама аз талошу заҳмат, ҳиммат, хидмат, сиёсати хирадмандона ва дастовардҳои дурбинонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст. Шумоён каззобон М.Садриддин ва тарафдорони ӯ чӣ кори хайре барои халқи тоҷик кардаед дар ягон ҷое зикр ҳам карда наметавонед. Сокини н.Восеъ Ё.Ализода.

Илова кард: Администратор | Илова шуд: 23-01-2023, 13:31:33 | Диданд: 122