МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ
ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ
НОҲИЯИ ВОСЕЪ

Ин амал барои мо бегона

Ин амал барои  мо  бегона

Ин амал барои мо бегона Имрӯзҳо дар баробари дигар мушкилоти сатҳи ҷаҳонӣ терроризм низ масоили ҳалталаби замони муросир мебошад. Кишварҳои олам ба муқобили ин амали номатлуби хатарафзо ҷанг эълон карда бошанд, натиҷаҳо мусбӣ нестанд. Амалҳои террористи дар замони муосир торафт реша давонидаистода оромии кишварҳоро халалдор месозад. Мо тоҷикон як маротиб бо дасисабозиҳои гурӯҳҳои ифротгаро гирифтори ҷангҳои таҳмилӣ гардида будему то ҳол аз он захмҳо дар дил дорем. Агар ҳамон солҳо мардуми мо гирифтори ин ҷанги бемаъне намегардид, имрӯз дар сатҳи дигари зиндагӣ ва кор мекардем, вале мо шукронаи онро менамоем,ки мардум ин хатои худро фаҳмиду силоҳ аз даст фиканд. Мо мардуми тоҷик шукронаи Пешвои муаззами миллат менамоем, ки ӯ тавонист бо талошҳои пайгиронаи худ дар кишвари ҷангзадаи мо сулҳу ваҳдатро дар кӯтоҳтарин муҳлати таърих барқарор намояд. Ман ба насли ҷавони кишвар гуфтаниям, ки фирефтаи ҳеҷ гуна таблиғоти бегона нашуда, доимо аз паи ободии ватани худ бошанд. Биёед ба он кишварҳо менигарем, ки дар онҳо гурӯҳҳои ифротӣ таблиғоти хешро гузаронида онҳоро ба ҷанги муқобили ҳам кашида кишварро дар ҳолати бади иқтисодю маънавӣ кашониданд. Мо бояд аз онҳо ибрат бигирему ба чунин хатоҳо роҳ надода шукронаи ин диёри биҳиштосоямон намоему ба суханони дуруғини Муҳаммадиқболу дигар пайравони он эътиборе надимҳем. Мо мардуми тамадунофари тоҷик бо тамоми ҳастӣ ба муқобили гурӯҳҳои ифротгарою иғвоандоз дар муборизаем ва намегузорем ,ки ин гурӯҳҳо бо нияти баду тафриқаандозона ба кишвари мо чашмандозӣ намоянд. Мо дар боби дӯстию ваҳдат ва ободкориҳо пайравони Пешвои муаззами миллат мебошем ва сиёсати хирадмандонаи онро дар ҳама самтҳо ҷонибдорӣ менамоем. Ҳамдигар фаҳми ба мо имкони онро дод,ки дар зарфи 32-соли истиқлолият дар ҳамаи самтҳо ба пешравиҳо ноил гардем. Омӯзгори фанни забон ва адабиёти МТМУ №8-и ноҳия Абдуллоева Марворӣ

Илова кард: Администратор | Илова шуд: 13-09-2023, 16:31:10 | Диданд: 129