МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ
ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ
НОҲИЯИ ВОСЕЪ

Истиқлолият неъмати бебаҳост.

Истиқлолият неъмати бебаҳост.

Истиқлолият неъмати бебаҳост. Истиқлолият барои ҳар яки мо рамзи олии Ватану ватандорӣ, бузургтарин неъмати давлатию давлатдории мустақил, кору пайкорҳои пайгиронаи созандагӣ, азму талошҳои фидокоронаи расидан ба истиқлолияти сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангиро омӯзонида, меъёрҳои ҷомеаи шаҳрвандиро мустаҳкам намуд ва дар як вақт ҳаёти озодонаи ҳар фард ва олитарин дараҷаи бахту саодати воқеии миллатро таъмин намуд. Истиқлолият барои мо нишони барҷастаи пойдории давлат, рамзи асолату ҳувият, баҳои симоии миллат, мазҳари идеалу ормонҳои таърихӣ, шиносномаи байналмилалӣ ва шарафу эътибори ба ҷаҳони мутамаддин пайвастани давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон мебошад. Тоҷикон аз қадимулайём миллати озодипарасту озодиҳоҳ буда, солҳои сол дар дил орзуи озодиро мепарвариданд. Бо амри тақдир ва бар асари таҳаввулоти фарогирии сиёсиву иҷтимоӣ ибтидои солҳои 90-уми асри гузашта, халқи тоҷик баъди ҳазор сол аз нав ба эҳё ва эъмори давлати миллии худ ноил гардид. Истиқлолият дар таърихи ҳазорсолаи халқи тоҷик ин воқеаи хеле бузург буд. Санаи 9-уми сентябри соли 1991 вакилони Иҷлосияи ғайринавбатии Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати дувоздаҳум ҳуҷҷати «Эъломия дар бораи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро қабул намуданд. Ҳамин ҳуҷҷат таърихӣ қонунан Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба аҳли башар эълон кард. Дар моддаи аввали ин эъломия чунин омадааст: «Ҷумҳурии Тоҷикистон – давлати мустақили демократӣ ва ҳуқуқбунёд мебошад». Вақте, ки давлати абарқудрати Шӯравӣ аз байн рафт, дар ҷумҳурӣ вазъияти сиёсӣ муташанниҷ гашт. 9-уми сентябри соли 1991 аввалин маротиба рӯзи истиқлолият қайд карда шуд. Вале Тоҷикистон аз нахустин рӯзҳои истиқлолияти худ дар раванди барқарорсозӣ ва ташаккули пояҳои давлату давлатдории нав, таъмини амнияту оромии ҷомеа, суботи сиёсиву иҷтимоии кишвар мардум бо мушкилоту монеаҳои сангин рӯ ба рӯ гардид. Халқи тоҷик аз ҷумлаи он миллатҳост, ки марзу буми худро дӯст медорад ва барои ҳастии он ҷоннисорӣ мекунад. 9-уми сентябри соли 1991 дар харитаи сиёсии дунё давлати мустақилу соҳибихтиёри Тоҷикистон арзи ҳастӣ карда ва аз оғози марҳилаи наву тозае дар ҳаёти халқи мо башорат дод. Ҳарчанд халқи тоҷик аз қадимтарин халқҳои дунёст, ҳарчанд аз ҷумлаи миллатҳоест, ки таърихи тамаддуни башариро бунёд гузоштаанд, ҳарчанд фарзандони бадонишу бафарҳангаш мисли нигини тобоне тоҷи давлату давлатдориҳои аҷнабиро шукӯҳ мебахшиданд, вале худ баъд аз фурӯпошии сулолаи бузурги Сомониён дар тӯли ҳазор соли охир аз давлату давлатдорӣ маҳрум буд. Аз ин рӯ, санаи 9-уми сентябри соли 1991 барои мо натанҳо ҳамчун Рӯзи истиқлолияти Тоҷикистон, балки ҳамчун санаи барқарории адолати таърихӣ азизу арҷманд аст. Дар таърихи ҳама миллат санаҳое ҳастанд, ки арзишу аҳамияти фавқулоддаву муҳим доранд. Барои мо, тоҷикон, чунин санаи бузурги дорои аҳамияти таърихӣ – 9 сентябр, ҷашни Истиқлол мебошад. Ҷашн ин пеш аз ҳама шодию сурур ва шукӯҳу тантана аст, шукӯҳу тантанае, ки дар замираш маънову рамзе дорад. Маънои ҷашни Истиқлол чун таърих амиқ аст, зеро ҷашни Истиқлол барои тоҷикон рӯзест, ки муҳтавои садсолаҳоро дар худ ғунҷоиш додааст. Рӯзи Истиқлол ин ҷамъбасти талошу муборизаҳо ва худфарсоиву ҷоннисориҳои абармардони миллат аст, ки барои озодию худмухтории халқи тоҷик ва давлати миллӣ аз худ нишон додаанд ва дар саҳнаи ин муборизаҳои беамон ҷон супоридаанд. Аз ин рӯ, ҷашни Истиқлол ҷашни омӯзиши таърих ва шиносоӣ бо гузаштаи ниёгони бузург аст. Вагарна чӣ тавр метавонем арзишу асолати Истиқлолро дарк намоем! Халқи азизамон хуб дар хотир дорад, ки дар оғози солҳои 90-уми асри гузашта давлати тозаистиқлоли мо ба гирдоби ҷанги шаҳрвандӣ кашида шуд, ки бар асари он тамоми соҳаҳои ҳаёти кишвар ба буҳрони амиқ рӯ ба рӯ гардид. Мо имрӯз шукргузор аз Ватани амни худ мекунем ва талош мекунем то аз ин пояи сулҳу суботи милли хуб муҳофизат кунем. Сокини н.Восеъ Мирзоева М.

Илова кард: Администратор | Илова шуд: 21-09-2023, 09:45:02 | Диданд: 150