МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ
ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ
НОҲИЯИ ВОСЕЪ

Ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ

Ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ

Ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ Роҳбарону ташкилкунандагон ва тарафдорони ТЭТ ҲНИ, ки аз оғоз мақсади ғаразнок доштанд ва имрӯз ҳам доранд мо гуфтем ва боз ҳам мегӯем, ки намегузорем ба мақсади нопокатон расед. Ин хоинони давлату миллат ба қадри чунин ободиидавлату миллат намерасанд. ТЭТ ҲНИ танҳо ном доранду халосаз аввал то ба имрӯз тамоми корҳои онҳо фиреби мардум буду, бар хилофи давлати азизу маҳбубамон буд. Ҳайф аст бар чунин афрод номи тоҷикро доштан. Афсӯс, ки ҳамаи аъзоёни ТЭТ ҲНИ аз ҳаммилатони моянд, ки барои манфиати ким кадом хоҷагони палидашон монанди саги роҳгумзада кор мекунанд сад афсӯс, ки тоҷик ба тоҷик раҳм надорад. Ҳар як фарди тоҷик бояд худ хулоса барорад, ки бар зидди чунин гурӯҳҳои нохалаф бошаду ҳамеша барои ободии кишвар, давлату миллат камари ҳиммат баста бошад. ТЭТ ҲНИ ва ҳаммаслаконаш аз ҷониби душманони миллати тоҷик сарпарасти гардида, танҳо барои ноором сохтанифазои кишвар аз беруни сарҳади мамлакат фаъолият доранд. Ин гуна ашхосон ҳамеша мехоҳанд, ки Тоҷикистони оромро ноором созанд, зеро хоҷагони лӯбадбози бурунмарзии онҳо аз ин лӯхтакҳо талаб мекунанд, ки чунин иғвоҳоро байни мардуми тоҷик паҳн намоянд. Аммо тири онҳо ба сӯи худ бармегардад. Роҳбарону ташкилкунандагон ва аъзоёни ТЭТ ҲНИ бояд дарк намоянд, ки онҳо бо 24 ҳазор найрангашон низ ба миллати мо зараррасонида наметавонад зеро ба фарзандони фарзонаи миллати хеш боварии комил дорам. Сокинони Тоҷикистони биҳиштосо Ватани худро аз самими қалб дӯст медоранд ва ҳар гӯшаи онро ҳифз менамоянд. Мо барои решакан намудани зуҳуроти номатлуб ва чунин фикру андешаҳои носозу бемағзу дурӯғини ТЭТ ҲНИ қодир ҳастем. ТЭТ ҲНИ мо мегӯем, ки намегузорем ба мақсади нопокатон бирасед. Шумо хоинони Миллат!!! Сокини ноњияи Восеъ Сатторва Ш.

Илова кард: Администратор | Илова шуд: 21-09-2023, 09:53:35 | Диданд: 140