МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ
ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ
НОҲИЯИ ВОСЕЪ

Хиёнат нобахшиданист.

Хиёнат нобахшиданист.

Хиёнат нобахшиданист. Мардуми шарифу сарбаланди мо имсол 23 солагии Ваҳдати миллиро ҷашн мегирад. Ва чун аз ин дурӣ ба қафо менигарем бори дигар аҳсану офарин мехонем ба ин мардуми соҳибтоле. Зеро ин миллат, ки замоне бо фиреби душманони бурунмарзии худ афтида, муқобили ҳам сангар гирифт. Садоҳои тир қалбҳоро сурохӯ синаҳоро хуншор намуд, модарон ашкрезон сари мадфани фарзандон нолаҳо карданд. Дилҳои якзамонсарду сангини саргарнишон ба ҷунбиш омад, нолаҳои модарон дили онҳоро низ ба дард овард.. Теша бар пояи андеша заданд, ки мо чик ор мекунем, ба чониби кӣ тир холӣ мекунем.. Камонҳо дар даст аз сангарҳо баромаданду ашкрезон ҳамдигарро ба огуш гирифтанд, аҳду паймон намуданд оши оштӣ доданд. Ана ҳамин якдигарфаҳми буд, ки Саид Абдуллои Нурӣ бо таъсиррасонии қувваҳои беруна нигоҳ накарда 27-уми июни соли 1997 ба ҳуҷҷатҳои сулҳ имзо гузошт. Ин дустию Ваҳдат дар зарфи 23 сол ончунон пурқувват гаштааст, ки дигар ҳеҷ кувваи аҳримание онро рахна карда наметавонад. Пас аз ин ба имзо расидани сулҳ байни қуввахои мухолифин душманони мо баҳри рахна задании он бисёр чеҳраҳои маъруфи кишвар; Сайф Рахимзод, М Осимӣ, М Исоқӣ, О Латифӣ, М Олимпур, С Кенҷаев ва боз чанд тани дигарро ваҳшиёна ба қатл расониданд. Вале мардум ҳамон замон дарк намуд, ки ин кор душманони мо даст доранд ва ҳадафашон боз ҳам ноором намудани фазои сиёсии кишвар аст. Аз ин дустию бародари мардумони минтақаҳои кишвар боз ҳам ба хам муттаҳид шуданду баҳри шод намудани рӯҳи ин фарзона фарзандони Ватан софдилона меҳнат намудананд Тири душманони он замон хок хӯрда буду ҳоло хам ҳадафи онҳо ба нишон намерасад. Шояд Шумо суол кунед, ки Ваҳдат ба Шумо чӣ дод? Ба ин савол ҳаминро гуфтаниам, ки Ваҳдат дар пешравиҳои ҳама ҷабҳаҳои ҳаёти мо мақоми калиди дошт ва дорад. Ваҳдат ба мо имкон дод, ки кинаҳоро аз дилҳо барорем, меҳру муҳаббати аздастрафтаро баргардона онро абадӣ побарҷо монем, сиёсати сулҳдустонаи кишварро рушд диҳем, ба роҳи созандагию бунёдкории кишвари маҳбуб бо азми қавӣ қадамҳои устувор гузорем. Аммо бо ибораи шоир Ғ Мирзо «Душмани дерина қасди душманӣ дорад ҳанӯз» Шумо аз пешпо хурданҳои худ сабақ нагирифта то ҳол ба мо кина меовардед. Ин хости Шумо нест, ин амри хоҷагони Шумост. Ин ҳамаро мо аз филми ҳуҷҷатии «Хиёнат тамошо намудем ва рисолати Шуморо донистем. Назриев А. Мушовири шуъбаи маориф.

Илова кард: Администратор | Илова шуд: 22-06-2020, 15:14:56 | Диданд: 247