Раиси ноҳия
Муовини аввали Раис
Дастгоҳи Раиси ноҳия
ТОП 10
1. Ҳар касеро баҳри коре сохтанд [диданд-8677]
2. ҶАВОНОН ПАЙРАВИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ [диданд-5770]
3. ҲИМОЯИ ВАТАН ВАЗИФАИ ҲАР ЯК ШАҲРВАНД АСТ [диданд-5129]
4. НИШАСТИ МАТБУОТИ [диданд-4630]
6. РУШДИ МАОРИФ [диданд-3939]
7. САРВАТИ БЕБАҲО [диданд-3935]
8. Табрикоти раиси ноҳия муҳтарам Ғафурзода Мусо Зариф [диданд-3933]
9. ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА ИТТИФОҚҲОИ КАСАБА [диданд-3929]
10. ДАР МЕҲМОНИИ САРБОЗОН [диданд-3638]
Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат,
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
Воридшави
Таквим
« | » | |||||
Дш | Сш | Чш | Пш | Ҷм | Шб | Яш |
Омор
- Хабархо: 2415
- Расмхо: 39
- Онлайн: 2
- Хамаги омаданд: 53640
ҲНИТ – хиёнат зидди инсоният
Боиси ифтихори ҳар яки мост, ки ба шарофати сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз халқи тоҷик дар фазои соҳибистиқлоливу арҷгузорӣ ба сулҳу ваҳдат зиндагии оромона ба сар мебаранд. Вале, имрӯз ҳизбу ҳаракатҳое ба миён омаданд, ки тоқати дидани хушбахтии ҷомеаи ҷаҳонӣ, аз ҷумла мардуми тоҷикро надоранд. Онҳо зидди инсоният амалҳои хиёнаткоронаи худро ба миён оварданд. Аз ҷумла, нақшаи аҳримании ташкилоти экстремистӣ-террористии ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ва роҳбари он Муҳиддин Кабирӣ буд, ки оромии Тоҷикистонро вайрон карда, ба даст яроқу аслиҳа гирифта, сабабҳои кушта шудани одамҳои бегуноҳ шуданд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи оқибатҳои даҳшатангези терроризму экстремизм сухан ронда, борҳо таъкид намуданд, ки: «Имрӯз дар як қатор давлатҳо ҷангҳои харобиовар идома дошта, боиси афзоиши шумораи фирориёни иҷборӣ, бекорӣ, гуруснагӣ ва шиддат гирифтани мушкилоти дигари иҷтимоӣ гардиданд».
Бале, терроризм ба қатори ҳодисаҳои нохуштарин ворид шуда, оқибатҳои вазнин ва дараксар ҳолат барқарорнашаванда дорад. Имрӯз кишвари мо новобаста аз дигаргуниҳои муносибатҳои ҷаҳонӣ, новобаста аз чунин амалу кирдори ғайриинсонии бархе аз гуруҳҳо рӯ ба тараққӣ ниҳодааст, истиқлолият дорад, тинҷию оромӣ ҳукмфармост.
Аз расонаҳои дохилию хориҷӣ огаҳӣ дорем, ки ҷавононро аз Ҷумҳурии Тоҷикистон низ гумроҳ намуда, ба мамлакатҳои хориҷа баҳри омода намудани террорист бурда истодаанд. Ҳолатҳои террористӣ, ифротгароӣ, шомилшавӣ ба ҳизбу ҳаркатҳои иртиҷоӣ, ҳаёти ҷамъиятиро халалдор карда, ба амнияти давлату миллат таҳдид менамояд. Аз ин лиҳоз, тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи ватандӯстӣ, меҳанпарасатӣ, худогоҳии миллӣ вазифаи ҷонии падару модар ва омӯзгор аст. Имрӯз, ки мо дар роҳи расидан ба шукуфоии миллӣ нав нафаси тоза кашидем, қоматамон аз ҷанги бемаъниву адоватовар рост шуд, аз мушкилоти сиёсиву иҷтимоӣ, иқтисодиву фарҳангӣ раҳо шуда истодаем, Тоҷикистони мо шукуфта истодааст, набояд ин ҳамаро ба боди фано диҳем! Нагузорем, ки ташкилоти экстремистӣ-террористии ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон барин ҳизбу ташкилотҳои ифротгаро сулҳи мисли шири поки модар ва арзандаи халқи тоҷикро халалдор намояд. Зеро, тавре Пешвои миллат таъкид намуданд: «Дастоварди муҳимтарину бузургтарини мо, ки на танҳо наслҳои имрӯзаи кишвар, балки наслҳои оянда низ бо он ифтихор хоҳанд кард, таъмини сулҳу оштии миллӣ ва ризоияти ҷомеаи Тоҷикистон аст». Мо бояд ин туҳфаи бузургро, ки маҳз бо муҳаббати бепоёну қарзи фарзандии Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба халқи азизашон ато намуданд, чун гавҳараки чашм ҳифз намоем.
Имрӯз мо амалҳои зиддиинсонии ташкилоти экстремистӣ-террористии ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистонро сахт маҳкум менамоем. Намегузорем, ки Муҳиддин Кабирӣ ва барин шахсони хоин ва ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро ҳаёти осоиштаи халқи тоҷикро халалдор намоянд.
Имрӯз, ки Пешвои миллат ба қувваи бузурги халқи созандаашон ва хиради азалиашон итминони комил дорад, ҷавобан ба чунин ғамхориҳои беканори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мо – давомдиҳандагони кору пайкори Пешвои муаззами кишвар ваъда медиҳем, ки дар шукуфоии Ватан, ҳифзи арзишҳои миллӣ саҳмгузор гардида, вориси арзандаи Пешвои муаззами хеш хоҳем гардид.
Абдуғафорзода Рухсора,
директори литсейи №1-и шаҳри Бӯстон
Бознашр аз сомонаи Ориён
Илова кард: Администратор | Илова шуд: 02-05-2018, 05:55:49 | Диданд: 956