Раиси ноҳия
Муовини Раис
Дастгоҳи Раиси ноҳия
ТОП 10
1. Ҳар касеро баҳри коре сохтанд [диданд-8843]
2. ҶАВОНОН ПАЙРАВИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ [диданд-5861]
3. ҲИМОЯИ ВАТАН ВАЗИФАИ ҲАР ЯК ШАҲРВАНД АСТ [диданд-5257]
4. НИШАСТИ МАТБУОТИ [диданд-4705]
6. САРВАТИ БЕБАҲО [диданд-4025]
7. РУШДИ МАОРИФ [диданд-4023]
8. ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА ИТТИФОҚҲОИ КАСАБА [диданд-4009]
9. Табрикоти раиси ноҳия муҳтарам Ғафурзода Мусо Зариф [диданд-4007]
10. ДАР МЕҲМОНИИ САРБОЗОН [диданд-3696]
Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат,
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
Воридшави
Таквим
« | » | |||||
Дш | Сш | Чш | Пш | Ҷм | Шб | Яш |
Хабархои навтарин
1. Э Ъ Л О Н
2. МУҲИДДИН КАБИРӢ - ХОИНИ МИЛЛАТ
3. Кабирии хоин ба мақсади нопоки худ намерасад.
4. ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ-ХАТАР БА АҲЛИ БАШАР
5. Ҷиноятҳои сангин ва амалҳои нангини як ифротӣ
6. Хоини миллат – Муҳиддин Кабирӣ
8. Иқболи хоин ба мақсади нопоки худ намерасад.
Омор
- Хабархо: 2418
- Расмхо: 39
- Онлайн: 2
- Хамаги омаданд: 55391
ҶИҲОД БАР НАФСИ ХУД ХУБ АСТ
ҶИҲОД БАР НАФСИ ХУД ХУБ АСТ Чанднст, ки дар расонаҳои хабарӣ сарони қудрати Афғонистони ба мо ҳамсоя нисбат ба сиёсати дохилии кишвари мо ҳаргуна бадгӯиҳои беасосро ба роҳ мондаанд, ки ин боиси бадгумонии мардуми заҳматкаши афғон нисбат ба сиёсати оқилонаю одилонаи сарвари давлати мо мебошад. Мо ба воизони афғон гуфтанием, он қадар бино бошанд, сатҳи зиндагии мардуми худро боло бардоранду дар бозорҳо ба одамфурӯшӣ хотима диҳанд. Беҳтар он аст, ки ин воизони шуҳратнамо як бор бо дидаи эътибор бингаранд, ки мардуми афғон дар кадом сатҳ зиндагӣ доранду тоҷиконе, ки дирӯз бо талошҳои пайгиронаи Пешвои муаззами худ ба ҷанги таҳмили хотима доданд дар кадом сатҳ қарор дорад. Мо ҳамеша урфу одатҳои миллиамонро нигоҳ медорем ва ба бегонапарастӣ роҳ намедиҳем. Ислом дини соф , пок ва беолоиш буда, инсониятро ба суи дӯсти ю рафоқат ростию накукорӣ ва бародарию баробарӣ мехонад. Воизони аз асли ислом бехабар мардумро ба ҷиҳод мехонанд ва ба кадом ҷиҳод худ намедонанд. Ҷиҳоди асл дар ислом бар нафси худ мебошад, ки калиди ҳама пешравиҳои ҷомеа мегардад. Мо тоҷикон фирефтаи суханҳои иғвоандозонаи чунин воизони зархариди нагашта тобеъ ба гуфтаҳои уламои дини кишварамон, ки аз воқеият ва ҷавҳари ислом ба хуби огоҳанду пайрави мазҳаби Имом Абӯ Ҳанифа мебошанд гӯш меандозем. Воқеан ҳам дар ин замони бархурди тамаддунҳо моҷароҳои сиёсӣ ҳар миллат , ҳар халқият бояд барои устувории урфу одат ва дигар анъанаҳои миллияш сахт истодагарӣ намуда , ба ҷаҳониён тамуддун ва урфу одатҳои худро нишон диҳанд ва мо низ аз ҳамин қабилаем. Дар фароварди сухан ба воизони минбарнишинӣ кишвари ҳамсоя таъкидан мегӯям, ки ба ҷои суханони бепояю беасосе, ки нисбат ба мардуми мо мегӯянд, хубаш он аст, ки баҳри беҳбудии зиндагии мардумашон талоше ба харҷ диҳанд. Мушовири шуъбаи маорифи ноҳияи Восеъ Ш. Арабов
Илова кард: Администратор | Илова шуд: 26-06-2024, 17:27:55 | Диданд: 271