МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ
ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ
НОҲИЯИ ВОСЕЪ

Хоинони миллат фурӯш.

Хоинони миллат фурӯш.

Хоинони миллат фурӯш. Воқеъан, ягона миллате, ки бар зидди ҳаммиллати худ санги маломат ба воситаи шабакаҳои интернети мезананд, ин баъзе тоҷикони зархариде, ки дар хизмати хоҷагони хориҷианд, мебошанд. Дигар ягон миллати руи дунё ин корро намекунанд. Яъне миллати дигар чун Кабири, Муҳаммадиқболи Садриддин ва дигарон бар ивази пул бар зидди ватани худ баромад намекунанд. Дигар инҳоро тоҷик гуфтан хатост инҳо хоинони миллатанд ва ба маъное, ки бар зидди ватан, модар ва хешовандони худ мебошанд, хиёнаткорон ҳеҷгоҳ ба мақсад намерасанд. Марди ҳақиқи аз дур сухан намекунад балки омада ватани худро обод месозад аз дур санг намепартояд ва ҷони миллати тоҷикро дар хатар намемонад тинҷии тоҷикон тинҷии ҳар як шахси бо нангу номус аст ва ҳар касе, ки виҷдон дорад ватанро дуст медорад. Мо ҳеҷгоҳ ба гуфтаҳои шахсони дуруғгу, ватанфуруш, беинсоф бовар намекунем онҳо хаёл мекунанд, ки халқи тоҷик ба дуруғҳои онҳо бовар мекунанд бо боварии комил гуфта метавонем, ки мо ба мисли онҳо нестем мо ҳамеша пайрави Асосгузори сулҳу ваҳдати милли Пешвои муаззами миллат ҳастем ва мемонем. Яке аз иғвоангезони бешараф Муҳаммадиқболи Садриддин, ки худ ҳеҷ саҳме барои хизмати халқ ҳатто барои модари худ саҳм нагузоштааст, шарм надошта боз ба гардани баланд ба мо роҳ нишон медиҳад вале худ намедонад, ки мо ҷавонони хирадпеша гуфтаҳои уро нодида гирифта ҳамчун шахси хиёнаткор мешиносем. Муҳаммадиқболи Садриддин ҳамеша дуруғ гуфта воқеан нафари беномус, иғвоангез ва ҳангомаҷӯй буда, ҷавҳари тинат ва равони носолими натанҳо ин шахс, балки ҳар як хоини наҳзатиро ифшо мекунад. Аз наворҳо бармеояд, ки Муҳаммадиқболи Садриддин соҳиби тамоми хислатҳои манфию манфури инсонӣ аст хурофотӣ, бесавод, танфурӯш, тангназар, қаллоб, палид, дуруғгуию, туҳматчӣ, худсито, нешдору нешзан, хулас, ки бешараф. Ин хислатҳоро ба тамоми аъзои ташкилоти террористию экстримистии Ҳизби назҳати исломӣ нисбат додан имкон дорад. Имрӯз дар хориҷи кишвар зиндагӣ карда, ӯ дар саҳифаҳои иҷтимои аз пеши худ хар чӣ хоҳад мебофад ва бо ҳамин назди хоҷагонашон худро нафари мунақиду таҳлилгар нишон медиҳанд. Муҳаммадиқболи Садриддин салафи буда таҳлилҳо нишон медиҳад, ки дар давоми фаъолияташ ҳамчу пешсафон ба оппозитсионери шоистаи хабарчин буда, дар дохил ва берун нишон медиҳад, ки ӯ як шахси кордону оқил мебошад. Дар асл ба таври нохудогоҳ бар зидди лоиҳаҳои сарнавиштсози миллат мебошад. Шахсе, ки дар фикри Ватан модар ва мардуми худ аст, аз наздик омада фикру ақидаҳояшро пешниҳод карда хизматгори мардуми худ мешавад ва дар ҳама пастию баланди тоқат карда барои пешрафт ва ободони Ватан модар меҳнат мекунад, на они ки аз дур истода санги маломат мезанад. Вале бар нафаре, ки мардуми муқаддаси Ватан барояш бегона аст куҷо ҳарф аз Ватандустию ватанпарасти сухан гӯяд. Чуни, ки онҳо аз табақаи мардумони курдиланд ҷуз кинавву бадбинию, нафрат, сиёҳиву хароби дар қалбашон ба худ касб гирифтааст. Ман ҳамчун як ҷавон ба чунин нафароне ки дар хориҷи кишвар истодаву худро пуштибони мардум мегиранд ҳеҷ тарафдор нестам. Зеро онҳо на аз барои мо балки барои манфиатҳои худ амал карда хоин будани худро нишон медиҳанд. Имрӯз садҳо шукр, ки тамоми шароит дар тамоми соҳаҳо барои шаҳрвандон муҳайё аст. Аз ҳамин лиҳоз мо имрӯз аз сиёсати бунёдкорона ва созандаи Ҳукумати Ҷумҳури Тоҷикистон розӣ ҳастем ва дар ҳама ҳолат онро дастгири хоҳем кард. Ва ҳамеша барои пешбурди ватани азизамон софдилона поквиҷдона хизмат намуда ва намегузорем, ки ватанамонро касе ноором созад. Мо ҷавонони имрӯза баҳри обод намудани ватани худ ва орому осуда зиндаги намудани миллати хеш ҳамеша саҳмгузорем. Мудири шуъбаи кор бо занон ва оилаи МИҲД-и ноҳия: Мирзоева Ш.

Илова кард: Администратор | Илова шуд: 10-07-2024, 14:31:20 | Диданд: 91