МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ
ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ
НОҲИЯИ ВОСЕЪ

Оқибатҳои фоҷиабори терроризм

Оқибатҳои фоҷиабори терроризм

Оқибатҳои фоҷиабори терроризм Терроризм ва ифротгароӣ солҳои охир ба яке аз мушкилоти сиёсиву амниятии ҷомеаи ҷаҳонӣ табдил ёфтааст. Ба назари сиёсатшиносон ва аҳли фарҳанги сиёсӣ, зуҳуроте, ки чун вабои аср эътироф шудааст, ба ҳастиву саломатии банӣ-башар таъсири манфӣ мерасонад ва ҷой доштанаш дар миқёси ин ё он минтақа ва ё кишвар гувоҳ аз оқибатҳои фалокатбори он медиҳ Мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки имрӯз терроризм беш аз пеш хусусияти фаромиллӣ ва глобалӣ касб мекунад. Он дар минтақаҳои гуногуни ҷаҳон доман паҳн карда, хатари бузурги иҷтимоӣ дорад ва барои амнияти давлатҳои алоҳида ва минтақаҳо таҳдид эҷод менамояд. Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки оқибатҳои фоҷиабори терроризму ифротгароиро аз сар гузарондааст, тайи чанд соли охир дар самти муқовимат бо зуҳуроти мазкур ва манбаъҳои маблағгузории онҳо тадбирҳои муассирро роҳандозӣ карда истодааст. Дар кишвар ҳама гуна маблағгузории терроризм ҷиноят эътироф гардидааст, ки ин далелҳо аз фаъолияти судманди Ҳукумати кишвар ва мақомоти дахлдор шаҳодат медиҳанд. 16 ноябри соли 1999 аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Қонуни ҶТ «Дар бораи мубориза бар зидди терроризм» имзо гардид. Мақсади асосии қонуни мазкур аз инҳо иборат мебошад: тадбиқи сиёсати давлатӣ дар соҳаи мубориза бар зидди терроризм; тадбиқи уҳдадориҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи мубориза бар зидди терроризм; танзими ҳуқуқии муносибатҳои вобаста ба мубориза бар зидди терроризм; ташаккули вазъи тоқатнопазири аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба терроризм; ошкор, пешгирӣ ва қатъ намудани фаъолияти террористӣ, бартараф кардани сабаб ва шароитҳои пайдоиши терроризм.      Президенти ҶТ, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои милат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, зимни баромаданашон дар конгресси СММ “Доир ба барҳам додани ҷинояткорӣ ва ҷавобгарии онҳо”, 13 апрели соли 2000 дар шаҳри Вена (Австрия) таъкид намуда буданд, ки “Мо терроризмро дар ҳама шаклҳои зуҳураш маҳкум менамоем ва зарур мешуморем, ки тамоми қувваҳои солими ҷаҳонро баҳри барҳам додани ин хатар дар сатҳи ҷаҳонӣ, минтақавӣ ва дараҷаи миллӣ сафарбар намоем”.    Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёмашон ба Маҷлиси Олии ҶТ аз 26 апрели соли 2013 чунин таъкид шудааст: “Терроризм ва экстремизм, аз як ҷониб, чун вабои аср хатари глобалии ҷиддӣ буда, аз ҷониби дигар, аъмоли он гувоҳ аст, ки террорист ватан, миллат ва дину мазҳаб надорад, балки як таҳдиде ба ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ҷони ҳар як сокини сайёра ҳаст Яке аз қисматҳои асосии паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки 22 декабри соли 2017 ба Маҷлиси Олии кишвар ироа гардид масъалаи Тероризму Ифродгарои ба ҳисоб рафта, таъкид намуднд, ки «Вақтҳои охир дар ҷаҳон раванди бартариҷўӣ, мусаллаҳшавии бошитоб, пайдоиши нишонаҳои нави ҷанги сард боиси нигарони гардидааст, дар ин давра зиёда аз сад давлати ҷаҳон мавриди ҳамлаҳои ғайриинсонии терористон ва ифротгароён қарор гирифт» Имрўзҳо дар атрофи хатари ифротгароӣ ва тероризм ба сифати омили нисбатан хавфнок, ки бевосита ба ҳаёти ҷамъиятӣ – сиёсии кишварҳо таъсири ногувори худро мерасонад, андешаҳо тариқи воситаҳои гуногуни иттилоотӣ расонида мешаванд. Ифротгароӣ ва тероризм дар воқеъ падидаи нохуб буда, дар замони муосир вобаста ба омилҳои маъмули ҷаҳонишавӣ бо хислат ва шаклҳои гуногун фарогири андеша ва амалҳои як қишри таркибии аҳолии давлатҳо ба хусус ҷавонон гардида истодааст.    Дар пасманзари иқдомҳои ахири давлати соҳибистиқлоли мо вобаста ба тақвияти муборизаи муштараки ҷомеаи ҷаҳонӣ алайҳи терроризму экстремизм мешавад ба ин  натиҷа  расид,  ки  Ҷумҳурии  Тоҷикистон дар  шахси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон як кишвари пешоҳанг дар ҳалли муҳимтарин масоили байналмилалист. Ҳамин  аст, ки 18–19 октябри соли 2022 шаҳри Душанбе Конфронси байналмилалии сатҳи баланд таҳти унвони «Ҳамкории байналмилалӣ ва минтақавӣ оид ба амният ва мудирияти сарҳад ҷиҳати муқовимат ба терроризм ва пешгирӣ аз ҳаракати террористҳо»-ро мизбонӣ менамояд.      Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мизбонии ин Конфронси байналмилалӣ бори дигар аз худ ҳамчун мамлакати ҷонибдори сулҳу субот дар саросари олам мужда хоҳад дод, зеро дар нишастҳои қаблӣ намояндагони воломақоми хориҷӣ ин амрро эътироф намуда буданд.    Мо – ҷавонон, тариқи расонаҳои хабарӣ огоҳем, ки терроризм ва ифратгароӣ оқибатҳои бади марговар доранд. Ҷавонони тоҷик, ки аз ҷониби   Асосгузори  сулҳу  ваҳдати  миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қишри ояндасоз ва хазинаи тиллоии миллат дониста шудаанд, ҳеҷ гоҳ фирефтаи гурӯҳҳои иртиҷоӣ ва нооромкунандаи ҷомеа нахоҳанд шуд.     Бо эътимоди қавӣ ва боварии комил метавон гуфт, ки ҷавонон аз ин зуҳуроти нангини асрӣ худро дур гирифта, барои таъмини амнияти кишвар, пойдории ваҳдати миллӣ ва рушди босуботи Тоҷикистони соҳибистиқлол кӯшиш хоҳанд кард.             Терроризм, махсусан даҳсолаҳои охир оқибатҳои зиёди харобиовар ва талафоти зиёди ҷонӣ аз худ боқӣ гузошта, монеаи ташаккули ҷомеаи ороми башаррият гардидааст. Бахусус, Тоҷикистони соҳибистиқлол, ки узви ҷомеаи ҷаҳонӣ аст, нисбат ба ин ҳодисаи манфури ҷомеа бетараф намебошад. Сари ин масъала ҳамарӯза ҳукумати кишварамон андеша дошта, онро дар мадди аввал гузошта, сармашқи фаъолияти хеш қарор додааст. Дар ҷомеаи кунуни бархе аз ҷавонону наврасон бинобар сабаби каммасъулиятиву оворагардӣ ва надоштани маълумоти пурра аз таъсири оқибатҳои ноустувори шабакаҳои иҷтимоӣ побанди раванди зуҳуроти гуногуни номатлуби ҷомеа мегарданд. Аз ин рӯ, насли калонсол – падару модарон, омӯзгорон, ходимони дин, кормандони ҳифзи ҳуқуқ, васоити ахбори омма ва дигар табақаҳои аҳолии мамлакатро зарур аст, ки бо ҷавонон ва наврасон ҳамаҷониба ҳамкорӣ намуда ба онҳо роҳи дурусти ба камолрасӣ ва муваффақ шуданро дар соҳаҳои мухталифи зиндагӣ нишон диҳанд. Ба онҳо собит намоянд, ки маҳз ҷавононе, ки аз таҳсил дур мондаанд ва касби муайян надоранд аз ҳама бештар бо роҳи осон ба доми афроди тундрави беватан ва ифротгаро гирифтор мешаванд.    Созмону гурӯҳҳои тафриқаангез низ бештар бо истифода аз ин омил байни ҷавонон ихтилофи мазҳабӣ паҳн намуда, ба ин васила низоъу нофаҳмиҳоро ба вуҷуд меоранд. Ин тоифа, ки асосан ташкилотчӣ ва саркардаҳои гуруӯҳҳои ифротгаро мебошанд, аз бетаҷрибагии ҷавонон истифода бурда онҳоро шомили ҳар гуна гурӯҳҳои экстремистӣ ва террористӣ мегардонанд. Онҳо бо ҳар гуна ваъдаҳои бардурӯғ ва беасос “ба даст овардани савоби бисёр”, “шаҳиди мутлақ гаштан” ва “дар биҳишт ҷои аз ҳама волотаринро соҳиб шудан” ҷавононро ба ҳар гуна роҳҳои барғалат мебаранд, онҳоро аз меҳри падару модар ва ватани азизи худ дур карда, вазъи ҷомеаро ноором мегардонад.    Бо дарназардошти онки қишри зиёди ҷомеаи моро ҷавонон ташкил медиҳанд, аксари падидаҳои номатлуб ва таҳиягарони онҳо кӯшиш мекунанд, ки ба мафкураи қишри ҷавони ҷомеа таъсир расонида, қувваи бузурги онҳоро барои ҳадафҳои ғаразноки хеш истифода намоянд. Ин бошад ба ҷомеаи мо, бахусус давлатдории миллии мо хатари ҷиддӣ дорад. Ҷавононе, ки на саводи динияшон мукаммал асту на дунявиашон, доимо гирифтори марги ноҳақ мегарданд. Онҳо ба каме ваъдаҳои бепоя ба ҷангҳои худкуш мераванд ва ҷони худро ба хатар мегузоранд. Ҳатто тасаввур ҳам карда наметавонанд, ки худкушӣ кардан ва ё хиёнат ба Модар – Ватан намудан дар дини мубини Ислом гуноҳи азимест, ки нобахшиданӣ.      Президенти мамлакат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳои худ таъкид намуда буданд: “Мо бояд ҳаргиз фаромӯш накунем ва ба ҷавонони имрӯза талқин намоем, ки аз оғози солҳои 90-ум халқи Тоҷикистон бо сабаби поймол гардидани меъёрҳои ҳуқуқӣ, хусусан меъёрҳои конститутсионӣ оқибатҳои даҳшатноку фоҷиабори мухолифати мусаллаҳона ва ҷанги таҳмилии шаҳрвандиро бо чашми худ дидем ва ин моҷаро давлати моро қариб ба вартаи нобудшавӣ оварда расонд”.     Ҳифзи истиқлолият, ваҳдати миллӣ, сулҳу оромӣ, ҳувияти миллӣ ва суботи кишвар вазифаи муқаддаси ҳар як сокини кишвар мебошад. Бо шарофати сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ватани азизамон мунтазам пеш рафта, суботу амнияти мардуми кишвар таъмин гаштааст. Сарвари давлат ба мо, ҷавонон он қадар боварӣ ва эътимод доранд, ки дар ҳалли чунин масъалаи муҳимми сиёсию глобалӣ ба неруи фикрии мо ва миллати тоҷик такя менамояд. Миллати тоҷик дар ҳама давру замон ҳамеша хостори сулҳу оромӣ дар тамоми ҷаҳонанд, зеро аз дили тоҷик дили нармтар дигар диле нест. Моро мебояд аз боварии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон набаромада, аз ҳарвақта дида ҳушёрию зиракии худро аз даст надода, барои рушду нумуи Ватани азизи худ саҳми назаррас гузорем.

Илова кард: Администратор | Илова шуд: 13-01-2026, 14:19:59 | Диданд: 38