Раиси ноҳия
Муовини Раис
Дастгоҳи Раиси ноҳия
ТОП 10
1. Ҳар касеро баҳри коре сохтанд [диданд-8681]
2. ҶАВОНОН ПАЙРАВИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ [диданд-5772]
3. ҲИМОЯИ ВАТАН ВАЗИФАИ ҲАР ЯК ШАҲРВАНД АСТ [диданд-5131]
4. НИШАСТИ МАТБУОТИ [диданд-4631]
6. РУШДИ МАОРИФ [диданд-3940]
7. САРВАТИ БЕБАҲО [диданд-3937]
8. Табрикоти раиси ноҳия муҳтарам Ғафурзода Мусо Зариф [диданд-3934]
9. ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА ИТТИФОҚҲОИ КАСАБА [диданд-3931]
10. ДАР МЕҲМОНИИ САРБОЗОН [диданд-3639]
Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат,
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
Воридшави
Таквим
« | » | |||||
Дш | Сш | Чш | Пш | Ҷм | Шб | Яш |
Омор
- Хабархо: 2415
- Расмхо: 39
- Онлайн: 6
- Хамаги омаданд: 53725
ҲАР АМАЛЕРО ПОДОШЕСТ
Барои ҳар аъмоле, ки инсонҳо анҷом медиҳанд, назди қонун ҷавобгарӣ ҳаст, аз ҷумла он кирдорҳои ғайриинсоние, ки афроди ҷинояткору беандешае амсоли аъзоёни ҳизби мамнуъи назҳати исломӣ дар ҳаққи зодгоҳ, наздикону пайвандон ва ҳамватанони хеш раво диданд.
Бозгаши Айёмиддин Сатторов парда аз болои нобакориҳои М. Кабирӣ ва пайравонашро болотар бардошт. То ин дам аз ноҳақиву беандешагӣ, номусулмониву беимонӣ ва бедиёнатии ин афрод бисёр шунида будем, вале аз забони гумроҳгаштае ва низ пушаймону таассуфхӯрдае чун А.Сатторов шунидани палидию касифии Кабирии малъун бори дигар танаффури фардҳои равшанзамири миллати тоҷикро ба ин фарзанди номатлуб афзуд.Сад ҳайф, ки модари тоҷик замоне барои тавлиди чунин нобакоре обистан шудаву нӯҳ моҳ ин палидро дар батни хеш таҳаммул кардааст. Чунин фарзандон доғе на фақат барои хонавода, балки барои тамоми миллат ҳастанд, ки барои пулу мол ва маблағҳои касиф даст ба ҷинояткорию ғорат ва куштору рехтани хуни ноҳақ мезананд. Аз ҳама нобахшиданитар он аст, ки зери ниқоб ва дур аз рукнҳои дини муъбини Ислом анҷом додани амалҳои ноҷавонмардона худро пеши офаридгор шармсор карданд.
Бо ин амалҳо на фақат монеъи пешрафт ва сулҳу суботи як кишвари тинҷу суда гаштанд, балки барои худ чоҳи торику пурмушаққатро кандаанд, ки ин ҳам аз ҷониби ҳаммаслаконашон ифшо гардидани аъмоли зишташон мебошад. Наход инсон то ба дараҷаи ҳайвонӣ нисбати Ватани худ, ки он ҷо хуни нофаш рехтааст, аз обу нони он тановул кардааст, ин хащму ғазаб ва ҷаҳолатро раво бинад. Ҳисси одамбадбини шумо то он ҳадде буд, ки ба ҷузъ худатон дигар касеро намедидед, дигар чи гунна пешрафти давлату ҳукуматро пазируфта метавонистед?. Бо ин ҳама дар суҳбату ҷаласаҳо худро дар назди мардум намоишкорона хайр кору пурэҳсон нишон медодед, гӯё фақат пуштибони Тоҷикистонеду, фарзандҳои бовафои он. Он наворҳои фисқу фуҷур ва бешарму беҳаёгии аъзоёни ТЭТ ҲНИТ-ро, ки тавассути интернет ва расонаҳои хабарӣ пахш гардиданд, мардум дид ва вой бар ҳоли шумо барин мусулмонтарошон гуфт.
Марг бар шумо, бо ин қадар фаъолияти пасипардагиатон, ки имрӯз ҳаммаслаконатон палидиҳоятонро дарк карда фош намуданд, чи мегӯед?
Дониста бошед, ин амалкарди носипосонаро на дин, на қонун ва на касе бахшида наметавонад.
Дар қиболи ҳамаи зишткориҳо танҳо ҷавонмарде, бохираде, адолатпешае, таҳаммулпазире, нобиғае чн фарзонафарзанди миллати тоҷик Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон буд, ки ҳазорон гунаҳҳои ин палидонро бахшид, ҷинояткоронро борҳо авф кард, вале нобакорони ноасл ба қимати зиндагии осоишта ва сулҳи бебаҳо расида натавонистанд.
Замоне ҳукумати конститутсионӣ ҷилави шумо, Кабириҳо баринҳоро сар дода буд, вале имрӯз ҳамонҳоеро, ки шумо аз паси худ бурдед ва аз аъмоли зиштатон огаҳ шуданд, чеҳраи воқеиатонро пеши мардум боз намуданд. Дигар касе ба шумо бовар нахоҳад кард, зеро ҳама аз шумо безор аст, ҳатто фарзандонатону наздикони худатон низ.
Шумо наздики Худованд низ арзише нахоҳед дошт, зеро дини мубораки Ислом барои мусалмонон пайвастан ба ҷамоату дурӣ ҷустан аз он амалҳое ҳидоят намудааст, ки ба инсонҳо зиёновар набошанд. Шумо бошед, умри худро дар паи бадӣ кардану хатар эҷод намудан ба инсон сарф карда, ду дунёи хешро сӯзонидаед. Ҳамеша ҳақ ба ҳақдор мерасад, нури шафқату муҳаббати миллионҳо тоҷики ватандӯсту дилогоҳ бар зулмоти кину адовати бадномкунандагони Исломи пок пирӯз мешавад.Ҳар кӣ бад кунад ба рӯзи бад расад,
Некиро некию бадро бад расад.
Бознашр аз http://kgu.tj/donishgo-i-mo/?ELEMENT_ID=815
Илова кард: Администратор | Илова шуд: 28-08-2018, 08:31:17 | Диданд: 752