Раиси ноҳия
Муовини Раис
Дастгоҳи Раиси ноҳия
ТОП 10
1. Ҳар касеро баҳри коре сохтанд [диданд-8681]
2. ҶАВОНОН ПАЙРАВИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ [диданд-5772]
3. ҲИМОЯИ ВАТАН ВАЗИФАИ ҲАР ЯК ШАҲРВАНД АСТ [диданд-5131]
4. НИШАСТИ МАТБУОТИ [диданд-4631]
6. РУШДИ МАОРИФ [диданд-3940]
7. САРВАТИ БЕБАҲО [диданд-3937]
8. Табрикоти раиси ноҳия муҳтарам Ғафурзода Мусо Зариф [диданд-3934]
9. ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА ИТТИФОҚҲОИ КАСАБА [диданд-3931]
10. ДАР МЕҲМОНИИ САРБОЗОН [диданд-3639]
Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат,
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
Воридшави
Таквим
« | » | |||||
Дш | Сш | Чш | Пш | Ҷм | Шб | Яш |
Омор
- Хабархо: 2415
- Расмхо: 39
- Онлайн: 3
- Хамаги омаданд: 53727
БЕЗОТ, КӮРНАМАК Ё ҲАРДУ
Воқеаи нангин- ҳамла ба сӯи саёҳони хориҷӣ аз ҷониби як гуруҳ нохалафон нафрати моро нисбати гуруҳи террористони ҲНИ даҳчанд намуд. Ин нафарони шаклан одаму мазмунан даррандасифат ба ашхосе, ки баҳри тамошо ба кишвари биҳиштосои мо омадаанд, ҳамла намуда, онҳоро бо як ваҳшоният ба қатл расониданд. Ин тоифа на виҷдон, на диёнат, на номӯс, на дину мазҳаб дошта, бар ивази долларҳои хоҷагонашон ба амалҳои ѓайриинсонӣ даст заданд. Пушти по задани шаъну шарафи оилаи хеш, наздикон, сулҳу салоҳ, дӯстию рафоқат, нону намаки ватани хеш амали нобахшиданӣ аст.
Чӣ зарурати содир намудани ин ҷинояти ваҳшиёна буд? Пӯшида нест, ки ин ҳодисаи хунин бо дастури хоҷагони бурунмарзӣ содир гардида, мақсад аз ин паст задании обру ва нуфузи Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ, монеъ шудан ба сайру саёҳати меҳмонони хориҷӣ ба кишвари офтобрӯя ва таърихиамон мебошад.
Бинобар маълумотҳои дақиқ дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ ба Тоҷикистони азизамон зиёда аз ним миллион нафар саёҳон ворид гардидаанд, ки ин шумори андак нест. Ва ба ин ҳодисаи шум нигоҳ накарда имрӯз низ омаду рафти саёҳон идома дорад.
Қотилон ҷазо хоҳанд гирифт. Аммо мусаллам аст, ки ҷавонони имрӯзаи мо аз чунин ваҳшоният сабақ гирифта, зинҳор пайрави безотону кӯрнамакон намегардаднд. Ман ҳамчун омӯзгор ба Шумо-ҷавонон муроҷиат намуда, таъкид месозам: ватанро чун гавҳараки чашм ҳифз, ба қадри ҳар ваҷаб замин, ба қадри падару модар, наздикон, ёру бародарон, устодон расед. То тавонед аз пайи ободкорӣ, бунёдкорӣ азм намоед. Ҳар парча замин барои мо муқаддас буда, дар он кишти меҳру муҳаббат, инсондӯстию одамгариро парварем, барои наслҳои оянда диёри ба маънои томаш дурахшонро ба мерос гузорем.
Нохалафон дар ҳеҷ давру замон ба мақсад нахоҳанд расид. Зеро тухми бадбинӣ, тухми зишт, адовату кина ҳеҷ гоҳ бор наовардаасту он ҳама вақт заҳрогин аст.
Хиёнаткоронро маҳкум мекунем ва ба ҳамватанони худ гуфтанием, ки ҳеҷ гоҳ ба васвасаю дасисабозиҳои ифротиён наафтед, баръакс саъю кӯшиш намоед, ки аз дирӯза дида, фардо баҳри пешравии диёри маҳбубамон саҳмгузор бошед. Он гоҳ мо ифтихор менамоем, ки ворисони мо чунин накӯкор, накӯном будаанду ҳастанд!
Давлати пешрафтаи мо иншоолоҳ дар ояндаи наздик аз ин дида, равнақ меёбаду халқ бо ҳаёти неку пурҷӯшу хурӯш рӯзгор пеш мебарад. Мамлакати мо устувор аст ва бемайлон рушд хоҳад кард.
Қарахон ТУРСУНОВ,
нафақахӯр
Илова кард: Администратор | Илова шуд: 28-08-2018, 14:15:49 | Диданд: 673