МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ
ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ
НОҲИЯИ ВОСЕЪ

Изҳорот

Изҳорот

Нобакорон ба мақсади нопокашон нахоҳанд расид.
 
Солҳои фаромўшнашавандаи ҷанги шаҳрвандӣ нерўҳои бадсириште,  ки аз худ мухолифини ҳукумат дарак медоданд ва ин ҳама кулфату сияҳрўзиро ба сари халқи тоҷик оварда буданд, на парвои фирори мардумро доштанд ва на аз кушта шудани ҳамдиёрони бегуноҳашон андеша мекарданд. Чеҳраҳои маъруф: зиёиёну донишмандон, олимону табибон, рўзноманигорону адибон, сиёсатмандону роҳбарони кордонро бо ҳар бањона бераҳмона куштанд. Ба ибораи дигар, монеаҳое, ки дар роҳи расидан ба қудрат ва ғасби ҳокимият ба онҳо халал мерасониданд, аз байн бурданд. Дар муддати кӯтоҳ як давлати ободу рў ба инкишофро ба як кишвари харобу ҷангзада табдил доданд. Ҷихати нафратовари муносибати нерӯҳои мухолиф он буд, ки ин палидони бевиҷдон аз номи дини ислом сухан мекарданд ва бо истифодаи рукнҳои исломӣ худро дар назари мардум аз як тараф ҳақ нишон дода, аз тарафи дигар бо истифода аз имону эътиқоди динӣ халқро бар муқобили худи халқ ба мубориза мехонданд. Мардум аз ин макру фитна бехабар дар натиҷа майдоннишиниҳоро ташкил кард ва даст ба ҷангу нооромӣ зад.
 
Дар ҳамин давраи ҳассоси таърихӣ миллат ба як сарвари тақдирсозу мубориз сахт ниёз дошт. Роҳбаре, ки бар ивази ҷони худ оромиву суботи рўзгори мардумро бихарад. Роҳбаре, ки халқи парешони тоҷикро сарҷамъ намуда тавонад. Роњбаре, ки хоки муқаддаси Ватанро аз ҷангу хунрезӣ пок созад. Роҳбаре, ки ояндаи дурахшони халқу сарзамини аҷдодияшро таъмин намояд. Роҳбаре, ки Тоҷикистонро аз нав бисозад!
 
Ба бахти халқи тоҷик ҳамин гуна роҳбар аз байни мардум бархост, камари ҳиммати чавонмардӣ баст, дасти сулҳу ваҳдат ҷониби нобакорони мухолифин дароз кард, ҷанги хонумонсӯзро хотима бахшид, оромиву суботро дар фазоӣ кишвараш таъмин кард, барои баргардонидани охирин гуреза ба Ватан қасам хурд ва ба гуфтааш вафо кард, аз як кишвари ҷангзадаву халқи парешон мамлакати ободу озод сохт, ки имрўз халқи азизаш бар ивази ҳамаи ин чонбозиҳо ӯpo Пешвои худ хондааст.
 
Имрӯз ҷомеаи чахонӣ сулҳофаринии тоҷиконро бо сарварии Пешвои миллат таҷрибаи нодири таърихӣ унвон карда, Тоҷикистонро ҳамчун давлати ободу осоишта ва соҳибистиқлолу демократӣ пазируфтаанд.
 
Он ки нерӯҳои мухолифини шағолсифат ва косалесони ҳаромхўри онҳо зери чатри даридаи Мухиддин Кабирӣ ҳамоно бо мақсади ноором сохтани ҷомеаи осудаи тоҷикон хобу хаёлҳои пӯсидаи расидан ба қудратро дар cap доранд ва дар кӯчаҳои Аврупо бо рӯзгори сагсифатона ва бо фитнаву дасисаҳои пуч ба танқиду бадномкуниҳои бенатиҷаи давлату миллат машғуланд, ҷуз ба худашон дигар ба ҳеҷ касе зарар надорад.

Илова кард: Администратор | Илова шуд: 14-11-2018, 07:43:57 | Диданд: 622