МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ
ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ
НОҲИЯИ ВОСЕЪ

Ростиро пешаи худ кун мудом

Ростиро пешаи худ кун мудом

Солҳое, ки  ҲНИ  дар кишвари мо фаъолият дошт ва он аз ҷониби мақомоти сарбути кишвар низ ба қайд гирифта шуда буд. Аммо ҳизби номбурда дар оинномаву низомномаи хоси навишта буд, ки мо ба фаолиятамон дар пешравии ҳаёти ҷомеаи кишвар саҳм мегузорем. Вале раванди фаъолияти ҳизби номбурда онро нишон дод, ки онҳо ба фаъолияти ҳаррўзаи худ на хизмати халқу Ватан балки ба хизмати хоҷагони хориҷии худ мекардаанду бас. Мушоҳидаҳо нишон медиҳад, ки дини мубини исломро ба манфиати худ истифода намуда, мардумро ба худию бегона ҷудо намудаанд.

Оқибати ин ба он овард, ки писар ба муқобили падар дар сангар нишаст, кишвари тозаистиқлоли моро ба майдони ҷангу набардҳо кашид. Майдони ин ҳамма нооромиҳо вилояти собиқ Қурғонтепа гардид. Дар як муддати кутоҳ даҳҳо деҳаҳо ба вайроназор табдил ёфт, садҳо кӯдакон бепадар мондаанд. Зери фишори ҳизбиёни наҳзати ҳазорҳо нафар одамон хонаи дари оббоди худро тарк намуда бо дидаҳои гирёну дили сузон ру ба кишварҳои бегона овардаанд.

Кишваре, ки нав қадамҳои хешро мустақилона мегузошт бо ташабуси дилсузии шумо  ба майдони ҷанги шаҳрванди кашида шуд. Ба ибораи шоир Лоиқ Шералӣ раҳми парвардигори мо омаду ин халқи дар роҳи сиёсат раҳгушзадаро фарзанде чун Эмомалӣ Раҳмон сарвар шуд.

Кулли мардуми тоҷик медонанд, ки сарвари тоза интихоб ин ҳамма гуноҳи шуморо сарфи назар намуду шуморо баҳри ободии кишвар ба ҳамкори хонд. Ба талошҳои пайгиронаи сарвари давлат музокоротҳои зиёди тарафайн дар Афғонистону Эрон, Руссия миёни ҳизбиёни наҳзати ва ҳукумат сулҳ ба имзо расид, ки он рӯзро мардуми тоҷик чун рӯзи Ваҳдати миллӣ ҷашн мегиранд. Сарвари давлат ба як дилсузии падарона ба ҳамма гурезагон рӯ оварда гуфта буд: - «То як нафар гуреза дар хориҷӣ кишвар ҳаст ман худамро осуда ҳис намекунам». Ҳукумати вақти ба оромии кишвар дар тақсимоти вазифаҳои давлатӣ ба ҳамма шартҳои шумо розӣ дод. Аммо шумо чи кор кардед; боз дар ғами ҷони хеш будед хизмати хоҷагонро мекардед ва боз дар минтақаҳои гуногуни ҷумҳурӣ ба амалҳои зишт даст задед, ки инро ҳамма мардуми кишвари мо медонад. ҲНИ  аз солҳои 70-уми асри гузашта аниқтараш аз соли 1975 фитнаангези ба амал меоварданд корашон ба ҷуз аз дассисабози чизи дигаре набуд. Бадхоҳии кассе ҳеҷ гоҳ ба мақсад намерасад суханони мардум дуруст аст, шумо ба ҷой ин ҳамма дассисаҳову мансабталошиҳо софдилона баҳри ободии Ватан хизмат менамудед, имрўз дар хоки Афғонистон мазори ғарибони тоҷик пайдо намешуд..

Шумо бори дигар ба он кишварҳое, ки зери парчами дассисагарони сиёсї ба майдони ҷангҳои бемаъни кашида шудааст нигаред, ки мардумаш  чи ҳоли табоҳе дорад. Шумо агар заррае дилатон ба ин Ватан ва ба ин халқ сузад бояд шукрона намоед, ки дар зарфи 27-соли истиқлолият мо ба чи дастовардҳое ноил шудем. Тоҷикон мегуяд ки ғайр аз рўзаю намоз ҳама чи пушаймони дорад, шумо замоне аз ҳамма кирдорҳои хеш арзи пушаймони менамоед. Мегуед, ки мо он вақт нафаҳмидем.

 

 

Рустам  Солеҳов

Сармутахасиси шуъбаи маъорифи ноҳияи Восеъ

 

Илова кард: Администратор | Илова шуд: 25-12-2018, 12:26:09 | Диданд: 748