МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ
ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ
НОҲИЯИ ВОСЕЪ

Аҳамияти таърихии ҷашни Наврӯз

Аҳамияти таърихии ҷашни Наврӯз

  Ҷашни Наврӯз, ки дар рӯзи баробаршавии шабу рӯз фаро мерасад, баёнгари пайвастагиҳои инсон бо муҳити зист, бо табиат ва ҷурмҳои осмонӣ буда, бо расидани ин рӯз мавсими бедоршавии табиат оғоз меёбад. Офтоб ба авҷи аълои худ, ба бурҷи Ҳамал расида, нӯри ҷонбахши худро меафзояд, руҳу ҷони одамону дигар маҷудоти табиат ва пайкари гиёҳу дарахтон гардиши тоза пайдо мекунанд. Замин барои тавлиди неъматҳо омода мешавад, обҳо дар хурӯш меоянд, рангҳо аз хоб бедор мешаванд. Наврӯз ҳамеша бузургтарин ва муқаддастарин ҷашни миллии мо буда, ба фасли киштукори баҳорӣ, ба айёми донаи умед ба замин пошидан, заминро бо гулбуну дарахтон орову торо додан, обҳои покро ба киштаҳо равона кардан, ишора дорад.   Чуноне ки Асосгузори сулҳу Ваҳдати милли-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз паёмҳои наврӯзии худ гуфтаанд “Тамоми оинҳои ибратомӯзи наврӯзӣ, ки моҳиятан сарчашмаи бузурги ахлоқиву тарбиявӣ ва бунёдкориву созандагӣ мебошанд, имрӯз низ барои ҳар фарди огоҳу солимфикр чун манбаи умеду ормонҳои наҷибу созанда ва василаи худшиносиву ҷаҳоншиносӣ хизмат мекунанд. Имрӯз мову шумо дар марҳалаи хеле ҳассосу мураккаби ҷаҳонишавӣ қарор дорем, ки инсоният нисбат ба ҳар вақти дигар ба арзишҳои волои фарҳангӣ, сунатҳои зиндагисози маънавӣ, ахлоқи ҳамида, меҳру шафқат, ҳамдиливу ҳамкорӣ ва сулҳу оромӣ ниёзи бештар дорад. Дар чунин шароит Наврӯз чун эълонкунандаи сулҳу оромӣ, ваҳдату ягонаги, пиндору гуфтору кирдори нек ва дӯстиву ҳамкории халқҳо моро сӯйи рӯзгори бехушунат, сулҳу субот ва кӯшиш барои зиндагии орому осуда ва тараққиёт раҳнамоӣ мекунад.”

Наврӯзи имсола аҳамияти хоса дорад, зеро ин ҷашни миллии мо дар соле таҷлил мегардад, ки халқи бунёдкору сарфарози мо ҷашни 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро пешвоз мегирад. Имрӯзҳо дар саросари ноҳияи Восеъ ба пешвози ҷашнҳои сиёсӣ корҳои ободонию бунёдкорӣ дар ривоҷу равнақ мебошанд ва шубҳае нест, ки мардуми меҳнатқарини Восеъ бо нерӯву илҳоми наврӯзӣ ба кору пайкори ватанпарастии худ суръати тоза мебахшанд ва дар пешравии кишварамон саҳми арзанда мегузоранд.

Таҷлили ҷашни Наврӯз ба мардуми мо бародариву дӯсти, рӯзгори неку осуда, шодиву фараҳмандӣ мебахшад.

 

 

Илова кард: Администратор | Илова шуд: 05-03-2019, 11:50:11 | Диданд: 555