МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ
ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ
НОҲИЯИ ВОСЕЪ

Шахсони зери ниқоб ошкор шуданд (ҲНИТ)

Шахсони зери ниқоб ошкор шуданд (ҲНИТ)

Шахсони зери ниқоб ошкор шуданд (ҲНИТ) Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар ин замина гузаронидани ислоҳоти гуногуни соҳаҳои ҳаёт имконият ба вуҷуд овард, ки давлат ва ҷомеа ҷиҳати густариши худ ва сохтмони давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёдро пеш гиранд. Маҳз дар ҳамин замина дар ҷумҳурӣ имкониятҳои зиёди рушд ва таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон қонунан кафолат меёбанд. Ҳамаи ин имкониятҳо шароит ба миён овард, ки имрўз дар арсаи байналмилалӣ Тоҷикистон ҳамчун яке аз давлатҳои демократии ҳқуқбунёд эътироф гардидааст, ки асоси онро эҳтиром, кафолат ва татбиқи ҳуқуқу озодиҳои инсон ташкил медиҳад. Мутаассифона баъзе аз гурўҳҳу шахсони алоҳида, ки нисбати миллату давлати тоҷик назари нопок доранд, ин имконияту пешравиҳои Тоҷикиситонро дидан намехоҳанд. Яке аз онҳо роҳбари собиқ Ҳизби наҳзати ислом, ки бо қарори Суди олии Тоҷикистон барои кирдорҳои хусусияти терористӣ содир намудан фаъолияташ қатъ гардидааст, Муҳиддин Кабирӣ мебошад. Бояд қайд намуд, ки Муҳиддин Кабирӣ имрўз дар кофтукови байналмаиллалӣ қарор дорад. Ин шахс имрўз низ бо дастгирии хоҷагони хориҷии худ нисбати мардум ва давлати Тоҷикистон тавассути расонаҳои гуногуни хабарии хориҷӣ бадгўиҳои зиёдеро ба роҳ мондааст. Яке аз даъвоҳои асосие, ки Муҳиддин Кабирӣ ва дигар фаъолони ин гурӯҳи терористӣ дар вақтҳои охир изҳор менамоянд, ин даст надоштани онҳо ба воқеяти моҳи сентябри соли гузашта мебошад. Вале як нуқтаи муҳимро худи ў дар мусоҳибаи мазкур қайд менамояд. Дар ҷавоб ба саволи хабарнигор оид ба сабаҳои ошўби сентябрӣ ў қайд менамояд, ки «фикр мекунам, ҳукумат пеш аз он, ҲНИТ-ро бандад, тасмим гирифт аз ҳарбиёне, ки метавонистанд дар сурати ба эътироз ва тазоҳурот даст задани мо, моро дастгирӣ кунанд, халос шавад». Аз лиҳози мантиқӣ ин гуфтаҳои Кабирӣ ба хилофи он даъвоҳои беасоси онҳо, ки гуё ба воқеияти моҳи сентябр алоқамандӣ надоранд, мебошад. Бо ин гуфтаҳо ў иқрор мешавад, ки амали терористии ба муқобили мардум ва давлати Тоҷикистон содир шуда, аз тарафи онҳо ва касоне, ки зери роҳбарии ў қарор доштанд, ташкил шудаанд. Масъалаи дигаре, ки Кабирӣ дар мусоҳибаи худ пеш меорад, ин раванди мурофиаи судии ҳаммаслакони ў, ки дар содир намудани ҷиноятҳои вазнин айбдор мешаванд, мебошад. Бояд қайд намуд, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикситон ба ҳар кас аз лаҳзаи дастгир шуданаш, ҳуқуқ додаст, ки аз ёрии адвокат истифода барад. Ин меъёри қонун мутаносибан нисбати тамоми дастгиршудагон ва касоне, ки ба ёрии ҳуқуқӣ эҳтиёҷ доранд, баробар амал мекунад. Аз гуфтаҳои Кабирӣ бар меояд, ки ин муққарраоти қонунгузории Тоҷикистон нисбат ба тарафдорони ў низ паҳн гашта истодааст. Нуқтаи муҳиме, ки Кабирӣ вобаста ба раванди мурофиа иброз медорад, ин ба қавли мардум «Пеш аз пода чанг бардоштан» аст. Яъне ў иброз медорад ҳукме, ки ба онҳо бояд эълон карда шавад «хело сангин хоҳад буд». Шояд ў бо ин ҳукми эълон кардаи худ ҳақ бошад, зеро ки ба онҳо кирдори содиркардаашон (шояд-ҳатто ба анҷом нарасонда ё натавониста) бештар маълумтар аст. Кабирӣ оид ба мақоми ҳизб (ё гурӯҳи терористӣ), ки онро роҳбарӣ мекард, дар ҷомеаи Тоҷикистон қайд менамояд, ки «аксари онҳо метавонанад ба сафи ифротгароён пайванданд». Гузашта аз ин ў таҳдид менамояд, ки баъди шикасти «давлати исломӣ» дар Шарқи наздик онҳо ҳатман ба минтақаи Осиёи Миёна бармегарданд ва хатари ҷиддиро барои Тоҷикистон эҷод менамоянд. Бо ин гуфтаҳои худ Кабирӣ иқрор мешавад, ки онҳо аз ибтидо ифротгаро буданд ва имрўз баъди пурра фош гардидани амалҳои зишташон ниқобро аз рўи худ бардоштааанд. Мақсади худро дар таҳдид нисбати мардум ва хатари амнияти Тоҷикистон медонанд. Нуқтаи дигаре, ки ҷои тааҷуб аст, ин домангир шудани ў аз ҷомеаи ҷаҳонӣ мебошад. Яъне ў ҷомеаи ҷаҳониро (Рассия, Эрон, Казоқистон, Кирғизистон, Туркманистон, Узбекситон ва дигар ташкилотҳои байналмиллалӣ)-ро ба он айбдор менамояд, ки аз амалҳои зишткоронаи ў ва тарафдоронаш дастгирӣ накардаанд. Ҳамаи гуфтаҳои болоро таҳлил намуда чунин хулоса мебояд кард, ки беҳтарин хислати инсонӣ ақлу хирад мебошад. Шояд Кабирӣ ва монанди онҳо фаромўш аз он кардаанд, ки мардуми қўҳаннажоди тоҷик ҳама вақт соҳиб ақл ва маърифат буд. Ва бояд донанд, ки бори каҷ ба манзил намерасад. Имрӯз низ мардуми шарифи Тоҷикистон бо дарки воқеияти объективӣ, бо дастгирӣ аз сиёсати хирадмандонаи роҳбарияти олии кишвар, баҳри созандагиву бунёдкорӣ кору фаъолият менамоянд, ки мақсад аз он боз ҳам ободу зебо гардонидани Ватани азизамон Тоҷикистон мебошад. Сокини ноҳияи Восеъ Абдулҳақзода Д.Р.

Илова кард: Администратор | Илова шуд: 21-10-2020, 13:38:15 | Диданд: 330