ТОП 10
1. ҶАВОНОН ПАЙРАВИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ [диданд-3788]
2. НИШАСТИ МАТБУОТИ [диданд-2191]
3. РУШДИ МАОРИФ [диданд-2092]
5. САРВАТИ БЕБАҲО [диданд-1923]
6. ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА ИТТИФОҚҲОИ КАСАБА [диданд-1873]
7. Табрикоти раиси ноҳия муҳтарам Ғафурзода Мусо Зариф [диданд-1774]
8. БОЗ СИМОИ АСЛИИ ТЭТ ҲНИ ОШКОР ГАШТ [диданд-1715]
9. ТАБРИКОТИ РАИСИ НОҲИЯ МУСО ҒАФУРЗОДА [диданд-1712]
10. ДАР МЕҲМОНИИ САРБОЗОН [диданд-1687]

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат,
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
Воридшави
Таквим
« | » | |||||
Дш | Сш | Чш | Пш | Ҷм | Шб | Яш |
Обу хаво
Хабархои навтарин
1. Мо мардуми тоҷик дорои ақли солим ҳастем бо истифода аз он моро ҳеҷ кас гумроҳ нахоҳад кард.
2. Хоини миллат, Муҳиддини Кабирӣ
3. Аз дидани пешравиҳои мо онҳо розӣ нестан
4. Захарова рассказала о Русском культурном центре в Таджикистане
6. Новые сказки от холуя М. Кабири
7. Кабири - адвокат дьявола (об интервью уголовного беглеца - Мухиддина Кабири, скрывающегося в Европе)
8. Мардуми тоҷик хоинони миллатро мешиносанд.
Омор
- Хабархо: 1773
- Расмхо: 23
- Онлайн: 3
- Хамаги омаданд: 22286
Дарҳамшиканиҳои Толибон имрӯз то ба ҷое расидааст, ки ҳатто ба деҳоти кӯчак низ ҳамла карда, охирин дороии мардумро ба яғмо мебаранд.

Дарҳамшиканиҳои Толибон имрӯз то ба ҷое расидааст, ки ҳатто ба деҳоти кӯчак низ ҳамла карда, охирин дороии мардумро ба яғмо мебаранд. Тоҷикистон аз ҳамсояи наздики Афғонистон аст, ки бо ин кишвар беш аз 1300 километр марзи муштарак дорад. Ин ҳамсоягӣ Тоҷикистонро пайваста дар ростои чолишҳои амниятӣ қарор медиҳанд, ки камтарини он қочоқи маводи мухадир ва бузургтаринаш интиќоли нооромиҳои Афғонистон ба Осиёи марказӣ ва махсусан Тоҷикистон аст. Равобити дипломатӣ миёни Тоҷикистон ва Афғонистондар 15 июли соли 1992 барқарор шудааст. Дар пайи сукути режими Толибон дар Афғонистон дар охири соли 2001 равобити Тоҷикистон ба ин кишвар дар бахшҳои сиёсї, иқтисодӣ ва фарҳангӣ густариш ёфта, ба манзури ҳамоҳангсозии самтҳоӣ ҳамкори ва роҳҳои тавсияи онҳо миёни ин ду кишвар Комиссияи муштараки байни ҳукуматии ҳамкориҳои иқтисодӣ, тиҷоратӣ, иҷтимои ва техники таъсис дода шуд. Дар шароити феълӣ ҷиддитарин чолиш таљаммӯъи афроди мусаллаҳ дар марзи ду кишвар аст ва ҳамчунин заъфи амниятӣ дар минтақаи марзи Афғонистон, ки дар моҳҳои охир Толибон он маконҳоро дастикам ду дафъа тасаруф кардаанд. Дар як соли охир чандин задухурди нерӯҳои Тоҷикистон ба гурӯҳҳои мусаллаҳ ва рабудани шаҳрвандони Тоҷикистон аз ин сӯи марз ба мушоҳида расидаанд. Ин амали носавоб, ки амнияти марзиро халалдор месозад барои ҳарду кишвари дӯсту ҳамзабон дар шароити кунунӣ мушкилоти зиёдеро пеш меорад. Дарҳамшиканиҳо Толибон имрӯз то ба ҷое расиданд, ки ҳатто ба деҳоти кучак низ ҳамла карда, мардуми бечораро зулму шиканҷа карда, охирин дороии ба яғмо мабаранд. Дар пай доштани тарсу ваҳм куштору ваҳшоният яке аз амалҳои нахуст Толибон аст, ки солҳо боз дар пай он аст. Чанде пеш дар деҳаи Моҳимай, ки дар марзи Дарвоз ҷойгир аст, ҳамлаи Толибон бо мушоҳида расид. Дар деҳаи ором, ки мардум зиндагии хоксоронае доштанд, ваҳшонияти азимеро ба бор оварданд . Мардуми бечораву сарсон дасти тиҳи ва ганҷури холӣ имрӯз рӯ ба осмон доранд. Акнун онҳо ғами фарзандони кушта ва ғами гуруснагии зимистони дарозро доранд. Ки медонад, ки бо ин ҳол оё то баҳор мерасидабошанд? Ин падидаи хатарзо моро водор месозад, ки марзи худро чун гавҳараки чашм нигаҳбон бошем ва ҳарчи аз дастамон бармеояд ба хотири амният ва осоиштагї дареғ надорем. Сокини ноҳияи Восеъ: Қурбонов О.
Илова кард: Администратор | Илова шуд: 06-01-2021, 12:24:18 | Диданд: 24