МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ
ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ
НОҲИЯИ ВОСЕЪ

ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ ВАБОИ АСР МЕБОШАД.

ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ ВАБОИ АСР МЕБОШАД.

ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ ВАБОИ АСР МЕБОШАД. Вокуниш: Тоҷикистон ва роҳбари давлати тоҷикон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳукрии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои аз байн бурдани терроризму экстремизм ҳамчун вабои аср тамоми давлатҳои ҷаҳонро пайваста ба муборизаи дастаҷамъона даъват менамояд. Маҳз бо ҳамин мақсад дар пойтахти кишвар - шаҳри Душанбе ду маротиб конфронси байналмилалӣ даъват карда шуд, ки дар кори он сарони аксар кишварҳои дунё иштирок ва баромад намуданд. Мутаассифона, таҳи солҳои охир доираи хатару таҳдидҳои терроризму экстремизм васеъ гардида, ин зуҳуроти харобиовар боиси оқибатҳои даҳшатбор гардида ва фаъолияти созмону гурӯҳҳои террористиу ифротгаро хусусияти афзояндаи фаромарзиву фаромиллӣ касб намуда истодааст, - омадааст дар суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.Бояд зикр намуд, ки гурӯҳҳои террористӣ бо истифода аз пайдо ва паҳн гардидани бемории Ковид - 19 бештари ҷавононро ба худ ҷалб намуда, ҳамлаҳои террористиро густариш доданд.Пешвои миллат ҳамеша таъкид менамояд, ки Тоҷикистон дар ҳамаи кӯшишҳо ва тадбирҳои байналмилалӣ ба хотири решакан кардани терроризму экстремизм фаъолона ширкат намуда, яъне аз иштирокдорони фаъоли ҷомеаи байналмилалии зиддитеррористӣ мебошад . Тоҷикистон дар хати пеши мубориза бо ифротгароӣ қарор дошта, на танҳо минтақа, балки қаламравҳои фаротар аз онро аз оқибатҳои фалокатбори ин зуҳуроти хавфнок ҳимоя менамояд. Барои таъмин намудани амнияти минтақа ва ҷаҳон ба таври мунтазам пешгирӣ кардани чунин раванд ва оқибатҳои фоҷиаборри он аз ҷумлаи иқдомоти шадидан зарур дониста мешавад. Биробар ҳамин, мо сокинони мамлакатро зарур аст, ки ҳамеша ва доимо омодаи мубориза ба терроризму экстремизм бошем. Зеро ин падидаи номатлуб метавонад дар ҳар лаҳзаю соат аз худ дарак диҳад. Ягона роҳи мубориза ба терроризм напайвастан ба сафҳои он мебошад. Барои ин бошад зарур аст, ки дар тарбияи насли наврас бетавофутӣ зоҳир карда нашавад. Таълиму тарбияи насли наврас бояд масъалаи асосӣ ва аз ҳама муҳим барои падару модар, муассисаи таълимӣ ва ҷомеа бошад. Ҳар хатое, ки дар тарбияи ҷойгирони оянда карда мешавад, зарари он хело гарон меафтад. Бояд дар хотир дошт, ки азнавтарбиякунӣ кори заҳматталаб буда, на ҳар кас аз уҳдаи он мебарояд. Шуъбаи таблиғот ва иттилооти КИ ҲХДТ дар н. Восеъ

Илова кард: Администратор | Илова шуд: 28-03-2023, 16:52:13 | Диданд: 100