МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ
ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ
НОҲИЯИ ВОСЕЪ

Хиёнат ба ватан хиёнат ба модар аст.

Хиёнат ба ватан хиёнат ба модар аст.

Хиёнат ба ватан хиёнат ба модар аст. Расидан ба истиқлолияти давлатӣ барои миллати тоҷик бори навбатӣ имконият дод, ки бо такя бар зербинои мустаҳками арзишҳои миллии хеш, аз ҷумла тамаддуни куҳани аҷдодӣ, таҷрибаи ҳазорсолаи давлатдорӣ, таъриху адабиёти воқеӣ, ки ҳатто рақибони миллати мо дар инкораш оҷизанд, заминаҳои худшиносии миллӣ ва рушду такомули давлати ҷавони худро ба роҳ монад. Албатта, дастовардҳое, ки мо имрӯз аз баракати мустақилият ба даст овардаем, бароямон осон даст надодаанд. Сари ҳар қадам ҳадафи ҳамлаю ҳуҷуми манфиатҷӯёни беруна қарор гирифтаем, ки дар амалҳои муғризона ва бадхоҳонаашон ҳатман фарзандони худфурӯшу хиёнаткори миллати худамонро истифода бурданд, доранд ва мебаранд. Бадбахтона, чунин бадкирдорон дар тӯли мавҷудияти ин миллати қадима кам набудаанд. Омӯзиши таърихи дирӯзу имрӯзи тоҷикон собит месозад, ки ҳамеша дар заиф намудану аз миён бурдани ҳувият ва давлатдории хоси миллӣ, дар ҳама давру замонҳо омили дингароӣ, сӯистифода аз пойбандии кӯркӯрона ба он, ки дар пояи бесаводии гурӯҳҳои алоҳидаи омма сурат мегирад, истифода шудааст. Ба амалҳои зиддимиллӣ асосан қишри руҳоният, онҳое даст задаанд, ки ҳисси ватандорию миллатпарастӣ барояшон бегона буд. Гирифторӣ бартаассубу ҷаҳолат, ғуломи ақидаи ғайр будан, фармонбардори қавму миллатҳои бегона гаштан, аз нахуст дар хуни ин қабил ашхос ворид гаштаву насл ба насл мағзи шахгаштаи онҳоро мехӯраду ғизо мегирад, онҳоро дар асоратиҳамон ҷойгоҳе нигоҳ медорад, ки ҳазорсола пеш бар сарашон кашидааст. Фарзанди регу биёбон худ дар маишат аст, аҳкому аркони ҷадди бузургаш барояш навиштаро канор задаю барои шому наҳорхӯрӣ ба ин гӯшаю он гӯшаи ободтарини дунё парвоз мекунаду барои хомӯш кардани нафси ҳайвониаш шаберо бо як-ду миллион доллар бо фоҳишаҳунарманди ғарбие мегузаронад. Аз фоидаи пули нафташ кадом як кишваре миллиардҳо фоида ба даст меоварад ва аз фоизҳои он болои ҳамдинонаш тоннаҳо бомбу борут мерезад. Вале парвояш нест. Ҳатто муқаддасотеро, ки мантиқан бояд моли тамоми муслимин бошанд, ҷузъи тиҷорату кисапуркунии худ кардааст. Фоидаро ба ҷайби худ мезанаду ҳар кору пешомади бадро бар дӯши қазову қадар. Фоҷиаи имсола, марги беш аз ҳазор зоири ҳаҷ гувоҳи ин гуфтаҳост. Вале чи кунем, аз мост, ки бар мост. Пешпохӯриҳои қарнҳо дар асари гузоштани дин боло бар миллату давлатдории миллӣ, барои мо ҳеҷ сабақ намешаванд. Тағир хӯрдани сохту шева ва иваз шудани султаи давлатдорон низ, ҳеҷ гоҳ тиннати бардагонаи руҳонияти моро натавонистааст ислоҳ созад. Умре сари таъзим пеши араби бодиянишин доштаанд, ё муғулу турки кӯчманчӣ. Бо ҳидояту дастури онҳо, ҳазорсолаҳо теша ба решаи фазлу маърифат, арзишҳо, ҳуввият ва давлатдории миллӣ задаанду задан доранд. Сармутахассиси шуъбаи рушди иҷтимои ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси ноҳияи Восеъ: Ализода Ё С.

Илова кард: Администратор | Илова шуд: 10-07-2020, 10:34:31 | Диданд: 247