ТОП 10
1. Ҳар касеро баҳри коре сохтанд [диданд-9429]
2. ҶАВОНОН ПАЙРАВИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ [диданд-6098]
3. ҲИМОЯИ ВАТАН ВАЗИФАИ ҲАР ЯК ШАҲРВАНД АСТ [диданд-5807]
4. НИШАСТИ МАТБУОТИ [диданд-4965]
6. САРВАТИ БЕБАҲО [диданд-4292]
7. РУШДИ МАОРИФ [диданд-4266]
8. ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА ИТТИФОҚҲОИ КАСАБА [диданд-4249]
9. Табрикоти раиси ноҳия муҳтарам Ғафурзода Мусо Зариф [диданд-4237]
10. ДАР МЕҲМОНИИ САРБОЗОН [диданд-3901]

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат,
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
Воридшави
Таквим
« | » | |||||
Дш | Сш | Чш | Пш | Ҷм | Шб | Яш |
Омор
- Хабархо: 2424
- Расмхо: 39
- Онлайн: 2
- Хамаги омаданд: 61705
Ворух меросе аз Ориё ва порае аз қаламрави таърихии Тоҷикистон аст.

Ворух меросе аз Ориё ва порае аз қаламрави таърихии Тоҷикистон аст. Хамзамон дар сарчашмаҳо ба таври барҷаста таъкидшудааст, ки дар аҳди Сомониён Ворух дар тобеияти ин давлати милли тоҷиконбудааст. Хатто Зоҳириддин Муҳаммади Бобур дар китоби Бобурномаи хеш овардааст, ки Ворух дар кӯҳпоя воқеъаст. Обҳои равон боғчаҳои босафо дорад. Мисли ин садҳо матлаб аз сарчашмаҳои таърихиро метавон зикр намуд, ки басарзамини тоҷикон будани Ворух ишорат намудаанд. Баҳси авал инҳо бояд дар бораи калимаи сарт ба миён меояд, ки онҳо кистан. Бар мегардем ба мавзуи Ворух Дар матбуоти давраи Қирғизистон расонаҳои электрони имруз ҷой доранд, ки деҳаи Ворухро анкалав меҳисобанд ва онро дар гузашта марзи ин кишвар меҳисобанд. Дар асл ин як даъвои беасос аст. Аз тарафи дигар, ин иддао таҳрифи руирости таърих аст чун садҳо далелҳои таърихи чой доранд, ки ҳато дар аҳди қадим Ворух як вилояти бузуги Тоҷикнишин буда, ки дар тобеати он навҳои зиёде қарор гирифта аз ҷумла онҳо ҳушёриву дигар минтақаҳо будааст аз нигоҳи забони ҳам яке аз вожаҳои куҳани Суғд будааст деҳаи Ворух баъд аз тамо хуш ба касабҳои қадими Исфара сеюмин маркази таърихию фарҳангии води Исфара мебошад. Дар асоси навиштаҳои донишмандони хориҷи, бафзоем, ки ҳамаги ҳақикати таърихи яке сарзамини куҳани Тоҷикистон будани Ворухро собит мекунад. Дар навбати авал ин нуқта равшан ва бебаҳс аст, ки ҷониби Қирғизистон бидуни ягон асос ва ё санадҳои дар ихтиёр дошта давои заминҳои маскур мекунанд маълумаст, ки дар соли 1924 ҳангоми тақсимоти ҳудуди дар осёи миёна аз ҷониби Ҳукумати шурави масъалаи мавҷудияти халқи Тоҷик зери суол бурда шуд. Мардуми шарифи Тољикистон то њанўз дањшати љанги хонумонсўзи шањрвандиро фаромўш накардааст ва шукрона аз он мекунад, ки дар натиљаи љонбозињои сарвари одилу оќил Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат, Президенти Xумњурии Тољикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сулҳи пойдор расидааст. Халқи фарҳангдӯсту сулҳпарвари мо аз азал тарафдори сулҳу дӯстӣ буд ва боре ҳам ба суйи миллати дигар бо чашми ғаразхоҳона нигоҳе накардааст. Бояд гуфт, ки ҳамсоягии тоҷикону ќирғизон ин амри таърих аст ва он заминаҳои воқеи иқтисоди, иҷтимоӣ ва фарҳанги доранд. Муносибатҳои ҳамсоягӣ дӯстиву бародарии тоҷикону қирғизон таърихи зиёд дорад лек хиёнат кори Чингиз буд, на тоҷик ва хароб кардан низ амали номардонаи Чингиз аст. Имрӯз, ки бо шарофати сулҳу оромие, ки дар кишварамон ҳукмфармост ва онро то Амрикову Аврупо, Осиё эътироф намуда, шаҳрвандонашонро барои сайёҳату истироҳат ба Тољикистон тавсия медиҳанд. Модари тољик дар ҳама давру замон назари некбинона дошт ва дорад ва амали ноҷавонмардона бори дигар аз ошкор сохтани вориси Чингизи хунхор дар давлати Қирғизистон гувоҳи дод. Ворух аз мост ва пораи тани мост ва як мушти хокашро ба авлоди Чингиз намедиҳем, заминаш онтараф истад. Бори дигар ба мардуми олам эътироф мекунем, ки ноҷавонмардӣ, ва ноадолати дар хоки марзи Қиғизистону Тоҷикистон ирода ва хостаи Тоҷикистон набуд, зеро ки тоҷик ҳеҷгоҳ қотил набуд. Як мулки нозанин андар паноҳи ту, Як миллати азим узви сипоҳи ту. Ёқубҷон Ализода: корманди МИҲД-и ноҳияи Восеъ.
Илова кард: Администратор | Илова шуд: 10-12-2021, 12:42:21 | Диданд: 251