ТОП 10
1. Ҳар касеро баҳри коре сохтанд [диданд-9420]
2. ҶАВОНОН ПАЙРАВИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ [диданд-6098]
3. ҲИМОЯИ ВАТАН ВАЗИФАИ ҲАР ЯК ШАҲРВАНД АСТ [диданд-5807]
4. НИШАСТИ МАТБУОТИ [диданд-4965]
6. САРВАТИ БЕБАҲО [диданд-4292]
7. РУШДИ МАОРИФ [диданд-4266]
8. ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА ИТТИФОҚҲОИ КАСАБА [диданд-4249]
9. Табрикоти раиси ноҳия муҳтарам Ғафурзода Мусо Зариф [диданд-4237]
10. ДАР МЕҲМОНИИ САРБОЗОН [диданд-3900]

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат,
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
Воридшави
Таквим
« | » | |||||
Дш | Сш | Чш | Пш | Ҷм | Шб | Яш |
Омор
- Хабархо: 2424
- Расмхо: 39
- Онлайн: 5
- Хамаги омаданд: 61655
Бояд гуфт, ки ҳамсоягии тоҷикону ќирғизон ин амри таърих аст ва он заминаҳои воқеи иқтисоди, иҷтимоӣ ва фарҳанги доранд.

Бояд гуфт, ки ҳамсоягии тоҷикону ќирғизон ин амри таърих аст ва он заминаҳои воқеи иқтисоди, иҷтимоӣ ва фарҳанги доранд. Муносибатҳои ҳамсоягӣ дӯстиву бародарии тоҷикону қирғизон таърихи зиёд дорад лек хиёнат кори Чингиз буд, на тоҷик ва хароб кардан низ амали номардонаи Чингиз аст. Имрӯз, ки бо шарофати сулҳу оромие, ки дар кишварамон ҳукмфармост ва онро то Амрикову Аврупо, Осиё эътироф намуда, шаҳрвандонашонро барои сайёҳату истироҳат ба Тољикистон тавсия медиҳанд. Модари тољик дар ҳама давру замон назари некбинона дошт ва дорад ва амали ноҷавонмардона бори дигар аз ошкор сохтани вориси Чингизи хунхор дар давлати Қирғизистон гувоҳи дод. Ворух аз мост ва пораи тани мост ва як мушти хокашро ба авлоди Чингиз намедиҳем, заминаш онтараф истад. Бори дигар ба мардуми олам эътироф мекунем, ки ноҷавонмардӣ, ва ноадолати дар хоки марзи Қирғизистону Тоҷикистон ирода ва хостаи Тоҷикистон набуд, зеро ки тоҷик ҳеҷгоҳ қотил набуд. Як мулки нозанин андар паноҳи ту, Як миллати азим узви сипоҳи ту. Муноқиша ва нофаҳмие, ки миёни мардуми ду кишвари ҳамсоя Тоҷикистон ва Қирғизистон ба миён омаистодааст, боиси норозигӣ, нороҳатӣ, нооромиҳои мунтазами ҷомеа шуда истодаанд. Бо барангехтани низо ва нофаҳмиҳо ҷониби қирғизҳо мехоҳад, ки Ворухро аз худ кунанд. Ворух як пораи Тоҷикистон аст ва ин марзи кишвар чун ҳар пораи кишвари азиз барои мо муқадас мебошад. Тайи чандин солҳои охир порчаи замини бо ҷон барорбари мо Ворух сари забонҳост, ки он натанҳо мафҳуми номи як деҳаро дорост, балки ифодагари ваҳдату якдилӣ ва ҳамбастагии сокинони ҳама манотиқи Ҷумҳурии азизамон Тоҷикистонро дар атрофии сиёсати сулҳҷуёнаи Пешвои муаззами миллат бо ҳам муттаҳид гардидааст. Мо мардуми Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар як ваҷаб обу хоки мукаддас Ватани азизамонро ҳифз мекунем ва баробари ободу зебо гардонидани ин гўшаи кишвари азизамон-Ворухро дар оянда ба насли ҷавон мерос мегузорем. Дар саҳифаҳои таърих як пораи Тоҷикистон будани Ворух дарҷ гардидаас. Ин ҳақиқатан бе баҳс аст, ки мутасифона, қирғизон, беягон асос даъвои заминҳои мазкурро доранд Ҷавонмардони ноҳияи Восеъ низ бо иттиҳоду сарҷамъӣ ва нангу номуси миллӣ ҳамеша бо бародарони Исфара ҳастанд, онҳоро ҳеҷгоҳ танҳо намегузоранд ва барои ҳимояи марзи Тоҷикистон доимо омодаанд. Ализода Ё.С. сокини ноњияи Восеъ
Илова кард: Администратор | Илова шуд: 31-01-2022, 11:47:09 | Диданд: 220