МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ
ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ
НОҲИЯИ ВОСЕЪ

Вазъи имрӯзаи Бадахшон

Вазъи имрӯзаи Бадахшон

Вазъи имрӯзаи Бадахшон Баҳри тинҷу ором нигиҳ доштани вазъ дар ш. Хоруғ он лидерони ғайрирасми ва он гурӯҳҳои мусаллаҳи ҷиноӣ бояд, ки дар назди қонун ҷавоб гуянд. Бояд гуфт, ки ингуна ашхоси бемаърифату бе ватан, ғайр аз хунрезиву ноороми дигар ба ватан фоидаи намерасонанд. Аз роҳбарони мақомоти масъули давлатӣ, мардуми Бадахшон, қабл аз ҳама шахсиятҳои соҳибнуфузи ин минтақаи баландкӯҳ, талаб карда мешавад, ки барои барқарор намудани фазои амну суботи ва боварии байниҳамдигарӣ ҷаҳду талош намуда, дар пешгирӣ аз ҷинояту ҷинояткорӣ ва аъмоли худсаронаи ғайриқонунии гурӯҳҳо ва нафарони ҷиноятпеша фаъол бошанд. Мо шукргузор аз он ҳастем, ки айни ҳол ш. Хоруғ тенҷу ором буда дар ҳолати пешин баргашт мо мардуми якдилу соҳибтамаддун аз як гиребон сар бароварда ҳамеша барои пешрафту оромии халқи кишварамон саҳмгузор мебошем. Ба ҳамагон маълум аст, ки минтақаи зебоманзар, халқи соҳибмаърифат, соҳибтамаддун, соҳибҳунар ва сарбаландӣ Вилояти мухтори кӯҳистони Бадахшон бо урфу одатҳои гуногуни худ ҳамеша таваҷӯҳи на ин ки халқи Осиё, балки сайёҳони дигар давлатҳоро ба худ ҷалб мекунад. Дар ҳақиқат вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон барои саёҳати аз ҷиҳати табиати экологи тозаву табобатӣ минтақаи беҳтарин маҳсуб мешавад. Кӯҳҳои Помири Тоҷикистон бори сеюм аст, ки ба рӯйхати “100 манзари беҳтарини сайёҳӣ” дар ҷаҳон шомил гардид. Рушди соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоии ахолии Бадахшон ҳамеша дар маркази диққати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати мамлакат қарор дошта, дар натиҷаи чораҳои амалинамудаи Ҳукумат дар солҳои охир дар ҳамаи соҳаҳои вилоят тағиротҳои кулли ба амал омада истодааст. Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар 30 соли охир қатори дигар минтақаҳои Тоҷикистон дар корҳои зиёди созандагӣ ва ободонӣ ақиб намонда, ба якчанд иншшотҳои замонавӣ ва хизматрасон ба монанди нерӯгоҳи барқии обии хурди “Тоҷикистон” дар ноҳияи дурдасти баландкӯҳи Мурғоб, ки аз сатҳи баҳр 3500 м баланд сохта шудааст ва ғайра соҳиб шудааст, ки симои маркази Бадахшон ва шаҳру ноҳияиҳои онро ба як шаҳри замонавӣ табдил додааст. Аммо таҳавуллоти ҳодисаҳое, ки вақтҳои охир ба амал омада моро ба ташвиш андохтаст. Мо халқи шарафманди Тоҷикистон бояд барои доштани чунин фазои осоиштаи мамлакатамон, ки имрӯз бо саъю талошҳои Сарвари давлат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва заҳмати шабонарӯзии халқи Тоҷикистон ба даст омадааст, шукрона намоем ва ҳамеша барои нигоҳ доштани ин оромию субот дар мамлакат ва минтақа саҳмгузор бошем. Сокини ноҳияи Восеъ Неъмонова Н.

Илова кард: Администратор | Илова шуд: 04-02-2022, 10:40:04 | Диданд: 233