ТОП 10
1. Ҳар касеро баҳри коре сохтанд [диданд-9307]
2. ҶАВОНОН ПАЙРАВИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ [диданд-6087]
3. ҲИМОЯИ ВАТАН ВАЗИФАИ ҲАР ЯК ШАҲРВАНД АСТ [диданд-5792]
4. НИШАСТИ МАТБУОТИ [диданд-4954]
6. САРВАТИ БЕБАҲО [диданд-4276]
7. РУШДИ МАОРИФ [диданд-4256]
8. ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА ИТТИФОҚҲОИ КАСАБА [диданд-4240]
9. Табрикоти раиси ноҳия муҳтарам Ғафурзода Мусо Зариф [диданд-4227]
10. ДАР МЕҲМОНИИ САРБОЗОН [диданд-3890]

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат,
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
Воридшави
Таквим
« | » | |||||
Дш | Сш | Чш | Пш | Ҷм | Шб | Яш |
Омор
- Хабархо: 2424
- Расмхо: 39
- Онлайн: 3
- Хамаги омаданд: 61455
ҲНИ, ИХВОН-УЛ-МУСЛИМИН, ИФРОТГАРОӢ ВА ХИЁНАТ

Тӯли чанд сол буд, ки ҳизби ҳоло мамнуъи наҳзати исломӣ дар саҳнаи сиёсат ҷавлон мекард ва дар ниқоби «озодии баён» фикру андешаҳои ботили худро бар сари мардум тавассути рӯзномаву сайти интернетиаш бор мекард. Ҳоло он ки мардум дигар зирак шудаву ба суханҳои пӯчу мемаѓз гӯш намедиҳад.
29 сентябри соли 2015 аз тарафи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҲНИ ҳамчун ташкилоти экстремистӣ ва террористӣ эълон шуд. Ин ба он хотир буд, ки дар сиёсати ин ҳизб амалҳои ифротгароӣ зиёд ба чашм мерасид. Ифротгароӣ имрӯз ба мушкилии ҷаҳонӣ табдил ёфта, аксари мамолики оламро ба ташвиш овардааст. Воқеаҳое, ки рӯзҳои охир дар Тоҷикиситон ба вуқӯъ пайвастанд, роҳбарияти Ҳукумати мамлакатро водор сохтанд, ки нисбат ба ин масъала бетафовут набошанд ва ваҳдати бо душворӣ ба даст омадаро ҳифз намоянд.
Боиси таассуф аст, ки вақтҳои охир аксар ҷавонон аз надоштани иттилооти дақиқ, паст будани савияи дониши сиёсӣ ва ҳуқуқӣ ба гурӯҳҳои ифротгаро, ки бо ном «исломӣ» мебошанд ва бо ин кирдору корҳояшон нуфуз ва қадри исломро дар олам паст мезананд, шомил мешаванд. Оё онҳо намедонанд, ки оқибати ин бозиҳои сиёсӣ бо ниқоби ислом давлатҳои пешрафтаи дунёи исломро ба чӣ ҳол оварда расонд. Ҳоло дар Ироқ, Сурия, Либия, Яман ҳокимияти давлатии комил вуҷуд надорад. Қариб ба ҳамаи ин давлатҳо хавфи аз харитаи ҷаҳон нест шудан таҳдид мекунад.
Баста шудани ҲНИ бо фаъолияти мазҳаби Абуҳанифа дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон вобастагие надорад. Фаъолияти ҳизбҳои тундгарои сиёсии динию ѓайридинӣ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон баъд аз пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ пайдо шудаанд. Таъсири манҳус ва баде, ки ба фаъолияти ҳизбҳои гуногун расонида шуда буд, аз вазъи ноороми Ҷумҳурии Исломии Афѓонистон сарчашма гирифтааст. Солҳои 70-80-уми асри гузашта теъдоди бузурги лоиҳаҳои исломӣ бо дастгирии кишварҳои абарқудрати ҷаҳонӣ ба муқобили будубоши нерӯҳои шӯравӣ дар қаламрави Афѓонистон роҳандозӣ гардид, ки он мазҳаби ҳанафии Покистон ва Афѓонистонро ба мазҳаби тундгарои ҷанговар табдил дод ва таъсири он ба баъзе рӯҳониён ва гурӯҳҳои ҷомеаи мо низ расид. Бинобар ҳамин, метавон гуфт, ки баста шудани ҲНИ ягон пайомади манфӣ нахоҳад дошт
Илова кард: Администратор | Илова шуд: 25-03-2022, 07:28:54 | Диданд: 266