МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ
ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ
НОҲИЯИ ВОСЕЪ

ВАЗЪИ ИМРУЗАИ ВОРУХ

ВАЗЪИ ИМРУЗАИ ВОРУХ

ВАЗЪИ ИМРУЗАИ ВОРУХ Ворух, деҳаи дурдастарини ноҳияи Исфара мебошад маркази ҷамоати деҳоти Ворух аз маркази ш. Исфара 40км масофа дорад деҳаи Ворух яке аз беҳтарин ва зеботарин гӯшаҳои табиат дар қисмати ҷанубу ғарбии водии Фарғона буда, таърихи бой дорад. Бояд гуфт, ки ҳар яки мо дар сиёсати пешгирифтаи сарвари давлатамон саҳмдор бошем ва талаботро дар ин самт бояд ба сифати баланд расонем. Аҳдшикани ва низоъ иғво дар Ворух боиси моҷарои дар сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон гардид. Ба гуфтаи намояндагони мақомотҳои қудрати бар асари тирпаронии марзбони чандин шаҳрвандон аз ҳар ду кишвар ба ҳалокат расиданд. Дар ҳудуди майдони варзиши ин маҳал, ки минтақаи баҳси ба ҳисоб меравад чониби қирғиз сохтмони постгоҳи низомиро шуруъ кардааст. Ва мақомот мегуяд, ки ин кирдор хилофи созишнома сурат гирифтааст, ки қаблан миёни Тоҷикистону Қирғизистон ба имзо расидааст. Мувофиқи он дар минтақаи баҳси ва аломатгузори нашудааст ва корҳои сохтмони манъ аст. Аммо чониби Қирғизистон ба бунёди иншоот шуруъ кардааст, ки боиси нороҳатии сокинони тоҷик гардидааст. Шаҳвандон бояд ба ҳар иғво гирифтор нашаванд. Сарҳади давлатӣ бо санадҳои меъёрии хуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқи байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст муайян карда мешавад. Сиёсати сарҳади ҷузъи сиёсати давлатии дохили ва хориҷи Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки онро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд. Сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд-сарҳади давлатӣ)-хат ва сатҳи амудии аз ин хат гузарандааст, ки ҳудуди қаламрави давлатии (хушки обҳо қаъри замин ва фазои ҳавоии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд яъне ҳадди фазоии амали соҳибихтиёрии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро муайян менамояд. Беҳуда нест, ки дар маърӯзаи Президенти кишварамон Эмомалӣ Раҳмон борҳо таъкид карда буд, ки раванди нави таърих ба души давлати соҳибистиқлоли мо вазифаҳои басо мураккаб, масъулиятнок ва вазнин гузошт. Дар ҳалли ин вазифаи Конститутсияи Тоҷикистон нақши ҳалкунанда бозид. Ин бесабаб нест, зеро конститутсияи ҳуҷҷати сарнавишту тақдирсоз буд. Хулоса кишвари азизамон аз рузҳои бисёрҳам вазнин баромада соҳибистиқлол гардид, мо бовар ба Асосгузори сулҳу ваҳдати милли Пешвои муаззами миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомали Раҳмон дорем ва ҳамеша ба суханҳои Пешвои миллат чигунае, ки гуфтаанд Тоҷикистон ба пеш мо ҷавонон ҳамеша саҳми худро барои пешрафти кишвари азизамон мегузорем. Мутахассиси пешбар: Неъмонова Н

Илова кард: Администратор | Илова шуд: 20-04-2022, 14:49:40 | Диданд: 197