МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ
ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ
НОҲИЯИ ВОСЕЪ

ВАЗЪИЯТИ ИМРӮЗАИ АФҒОНИСТОН

ВАЗЪИЯТИ ИМРӮЗАИ АФҒОНИСТОН

18. 05. 2022 ВАЗЪИЯТИ ИМРӮЗАИ АФҒОНИСТОН Яке аз масъалаҳои муҳим ва ҳамеша дар маркази диққати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон қарордошта масоили Афғонистон мебошад. Дар ҳами суханрониҳояшон масъалаи доғи ҷомеаи ҷаҳониро аз минбарҳои баланд ифшо намуда, зикр кардан бамаврид аст, ки иқдоми пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ дар бораи истиқрори сулҳ дар минтақаи ҳамҷавони мо нақши муҳим дорад. Мо ҳамчун узви ҷомеаи ҷаҳонӣ итминон дорем, ки ҳалли мушкилоти бамиёномада дар кишвари ба мо ҳамсоя бо ташкили ҳарчӣ зудтар ҳукумати фарогир бо иштироки ҳамаи қавму миллатҳо амалӣ хоҳад гашт. Кишвари мо яке аз аввлин давлатҳое мебошад, ки масъалаи барқарории сулҳу оромиро дар кишвари мусибатзада Ҷумҳурии Афғонистон аз минбари Созмони Милали Муттаҳид ва созмонҳои дигари ҷаҳонӣ ҳамчун мушкилоти байналмилалӣ шумурда, дар тамоми нишастҳои ҷумҳуриявӣ ва байналхалқӣ ин масъаларо дар баробари дигар масъалаҳои муҳими сиёсии хориҷии худ дар мадди аввал гузоштаанд. Пешвои муаззами миллат борҳо аз аъзои ҷомеаи ҷаҳонӣ даъват ба амал оварда шуд, ки кумаки худро барои Афғонистон дареғ надоранд, зеро буҳрони ин кишвар як мушкилоти байналмилалист. Мардуми шарифи ин кишвари бародар бо мо ҳамзабону ҳамфарҳанг буда, решаҳои муштараки таърихии мо ба умқи ҳазорсолаҳо мерасанд. Аз ин рӯ табист, ки сиёсати пешгирифтаи ҳукумати мо ба сарнавишти бародарони афғони худ бетафовут нест. Мавқеъгирии Пешвои миллат дар баробари буҳрони қонунии Афғонистон мувофиқ ба конвенсиони байналмилалӣ аст. Яке аз хостаҳои Сарвари давлат мо ин аст, ки ҷиҳати ворид кардани намояндагони ҳама қавму миллатҳои Афғонистон, аз ҷумла тоҷикон 46 дарсади аҳолии ин кишварро ташкил мекунанд, ба ҳукумат дар оянда на танҳо мунофиқ ба ахлоқу инсоф аст, балки бар асоси қонуну қоидаҳои байналмилалӣ низ мебошад. Паёми Пешвои миллат ба башарият чунин садо дод, ки инсоният дар тӯлӣ мавҷудияти хеш кӯшиш намудааст, то мушкилоти хешро аз роҳи ақлу дониш ҳал намояд. Тамоми офаридаҳои башарӣ маҳсули андеша ва ақлу хиради ӯ ба ҳисоб меравад. Дар шебу фарози таърих инсоният ҳар мушкилиеро, ки чӣ асли он табии бошад ё иҷтимоӣ, фақат аз роҳи чорандешиву хирадгароӣ барои он чораҷӯӣ намуда, роҳи ҳаллеро пешнишод намудааст. Яъне бар асоси ин бунёди ҳамаи пешрафт ва созандагиҳои инсонӣ марбут ба ақлу хиради инсонанд. Мардуми шарифи Афғонистон аз ҷангу ҷидоли таҳмилӣ, ки пеш аз ҳама бар асари мудохила кардан ба умури дохилии он сар задааст, мусибати зиёд мебинад. Мутаасифона, раванди халалёбӣ дар ин кишвар имрӯзҳо рангу тобишҳои нав пайдо кардааст, ки мояи нигаронии на танҳо кишвари мо, балки тамоми минтақа мебошад. Қайд намудан зарур аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ин кишвари ҳамсояи худ дар қатори дигар давлатҳо муносибатҳои хуби иқтисодӣ, фарҳангӣ ва иҷтимоӣ дошт ва мехоҳад ҳар чӣ зудтар ин муносибатҳоро барқарор намояд. Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тамоми паёмҳояшон ба маҷлиси олии кишвар ва нишастҳои байналмилалӣ ба масъалаи мушкилоти Ҷумҳурии Афғонистон таваҷҷӯҳӣ хосса зоҳир менамояд. Сокини ноҳияи Восеъ Неъмнова Н

Илова кард: Администратор | Илова шуд: 18-05-2022, 13:56:36 | Диданд: 288