ТОП 10
1. Ҳар касеро баҳри коре сохтанд [диданд-9291]
2. ҶАВОНОН ПАЙРАВИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ [диданд-6086]
3. ҲИМОЯИ ВАТАН ВАЗИФАИ ҲАР ЯК ШАҲРВАНД АСТ [диданд-5791]
4. НИШАСТИ МАТБУОТИ [диданд-4953]
6. САРВАТИ БЕБАҲО [диданд-4274]
7. РУШДИ МАОРИФ [диданд-4255]
8. ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА ИТТИФОҚҲОИ КАСАБА [диданд-4237]
9. Табрикоти раиси ноҳия муҳтарам Ғафурзода Мусо Зариф [диданд-4226]
10. ДАР МЕҲМОНИИ САРБОЗОН [диданд-3889]

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат,
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
Воридшави
Таквим
« | » | |||||
Дш | Сш | Чш | Пш | Ҷм | Шб | Яш |
Омор
- Хабархо: 2424
- Расмхо: 39
- Онлайн: 4
- Хамаги омаданд: 61319
Ободиву осудагии Бадахшон – Ҳадафи давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон

Ободиву осудагии Бадахшон – Ҳадафи давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон
Мардуми шарифи Бадахшон аз зумраи мардумони соҳибфарҳанг ва донишманди кишваранд, ки дар пешрафти арсаҳои гуногуни ҳаёти иҷтимоии ҷумҳурӣ саҳми муносибе гузоштаанд. Садҳо фарзандони бузурги ин диёр дар соҳоти мухталиф ба ҳайси олиму шоиру нависанда ва муҳандису соҳибкор ном баровардаанд. Бадахшон аз кӯҳантарин пораи сарзамини аҷдодиямон аст, ки бо пойдор мондани забонҳои қадимиимардумонамон дар ин минтақаҳамагӣ фахри бостонӣ будани миллати тоҷик менамоем. Имрӯз низ Бадахшон қалб ва нигини Тоҷикистони азиз аст. Ин марзи муқаддас ҷузъи ҷудоинопазири кишвари азизамон буда, ҳеҷ гоҳ наметавон Тоҷикистонро бидуни Бадахшон ва Бадахшонро бидуни Тоҷикистон тасаввур намуд. Ҳоло агар ҳар касе дар андешаи он ки Бадахшонро аз Тоҷикистон ва Тоҷикистонро аз Бадахшон мехоҳад ҷудо намояд душмани миллат ва мардуми тоҷик аст. Бояд ҳар фарди миллат андешад, ки дар дарозои таърих, тамоми салтанатҳои бегонае, ки ба сарзамини мо омаданд, моро бо маҳалҳо тақсим намуда, маҳал маҳалро забт намудаву аз они худ кардаанд. Аз он сарзамини бузурги аҷдодӣ бегонагон давлатҳо сохтаву ҳамаро аз они худ намудаанд. Бо ин нигоҳ накарда, то ҳол даъвиҳое пеш меоваранд, ки боястӣ баъзе аз манотиқи дигари кишвари моро ҷузъи хеш эълон намоянд ва ҳамин тавр кишварро пора-пора намуда, давлати ҷавони 30 солаи тоҷиконро аз байн бибаранд.
Ҳанӯз дар солҳои 90 уми қарни гузашта, замоне ки Иттиҳоди Шӯравӣаз байн рафта, кишварҳо ба озодиву истиқлол расидан, бегонагон ба дасти гуруҳҳои ҷиноии дохилӣ аз соддабоварии мо сӯистифода намуда, моро бо мухолифати маҳаллию ангезаҳои динию таассубӣ, ба бархӯрду нифоқ оварда, худ дар андешаи тақсими Тоҷикистон ба ҷузъҳо гардиданд. Бо боло гирифтани хиради миллӣ, мо тавонистем аз ин вазъ берун биёем ва кишварро аз ҳолати аз байн рафтан, наҷот диҳем. Вале бояд қайд кард, ки ҷаҳон ҳамеша арсаи муборизаҳо буду ҳаст ва имрӯз қудратҳои минтақавию ҷаҳонӣ ангушти ишорати худро ба сӯи Осиёи Марказӣ намудаанд, ки оғози бозиҳои бузург ҳанӯз бо омадани толибон дар Афғонистон шурӯъ гардид. Чунин ба назар мерасад, ки ҳоло қудратҳо аз чанд омил ҷиҳати тавсеаи нуфузи хеш истифода бурда истодаанд. Ин ҳам бошад, ба вуҷуд овардани нифоқу бархурд, тавассути бовару эътиқод,ҳамчунин бархурдҳои диниву дунявӣ ва бархӯрдҳои маҳалливу аз байн бурдани назму тартиби иҷтимоӣ. Ҳоло бо мақсади ҷои по пайдо кардан дар Осиёи Марказӣ на танҳо қудратҳои бузург, балки қудратҳои минтақавӣ низ мехоҳанд таъсиргузорӣ дар Осиёи Марказӣ дошта бошанд ва ҳамин тавр эътилофҳои хешро аз лиҳози қавмию забонӣтаъсис додаанд, ки аз ин роҳ мехоҳанд ҳадафи хешро бароварда созан. Аз ҷониби дигар барои қудратҳои бузург пас аз пош хурдани Иттиҳоди Шӯравӣҳадафи ба вуҷуд овардани назми нави ҷаҳонӣ аст, ки барои ин назмро ба вуҷуд овардан, бояд низомҳои пешин ва марзбандиҳои сиёсие, ки дар охири асри 19 ва ибтидои асри 20 сурат гирифта буд, барҳам зада, низоми нави давлатҳоро бо хуни ҳазорон ҳазор ба миён оваранд.
Як нуқта бисёр мусаллам ва рушан аст, ки барои қудратҳои ҷаҳонӣҷиҳати расидан ба ҳадафҳои хеш марги ҳазорону миллионҳо арзише надорад ва далели ин гуфта метавон ҳаводиси ба вуқуъ пайвастаи Афғонистонро далели раднопазир овард. Имрӯз дар ҳар они воҳид ҳазорон нафар аз фақр, гуруснагӣ, набуди амният ва зулму истибдоди толибонӣ ба марг мерасад. Аммо қудратҳои ҷаҳонӣ дар баробари чунин зулм хомӯшӣ ихтиёр намуда, чунин вонамуд месозанд, ки гӯё ҳеҷҳодисае дар ин кишвар рух надода бошад. Ҳол он ки агар ба умқи ташаккулёбӣ, соҳиби силоҳу қудрат шудани толибон назар афканем, чӣ аз назари идеологӣ, чӣ аз назари сиёсиву молиявӣ, инҳо пуржаи ба вуҷуд овардаи худи абарқудратҳоянд ва ин пуржа на танҳо марбути Афғонистон, балки дар дурнамо барои кишварҳо минтақаю Осиёи Марказӣ нигаронида шудааст.
Мақомоти давлатии кишвар солҳост, ки дар минтақаи Бадахшон ба хотири сулҳу субот ва амният талош меварзанд. Ҷиҳати осудагии мардум ва барои аз ҷинояту қинояткорӣ пок кардани гӯшаву канори Бадахшон иқдомоти лозима рӯйи даст мегиранд. Ба дунболи ин, агар мақомоти марбутаи давлатӣ мушкилоти ҷиноиро расидагӣ накунанд ва дар ин замина сари вақт чораандешӣ нанамояд, минтақа пур аз ҷинояткорон мешавад ва дигар мушкилот сахт печида гардида, бесуботию нооромии минтақаро сабаб мешавад. Бинобар ин, мақомоти амниятӣ, интизомӣ ва ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ дар минтақа муваззафанд, ки ҷилави ҷинояткронро бигиранд ва тартиботи ҷамъиро барқарор намоянд. Хушбахтона, як чиз моро мутақоид месозад, ки мардуми шарифи Бадахшон зери бори касе ва ё гурӯҳе намераванд ва мушкилоти худро дар доираи қавонини ҷойдошта ҳаллу фасл менамоянд.
Зимнан, таҳлили ҳаводиси ахири шаҳри Хоруғ моро ба ин натиҷа мерасонад, ки гурӯҳҳои ҷиноӣ, ки солҳо дар минтақа бедодгарӣ кардаанд, намехоҳанд ба осонӣ таслим шаванд. Ин аст, ки бо роҳҳои гуногун мехоҳанд, минтақаро ноором созанд ва аз ин ҳисоб бесуботию ноҷурии сунъиро дар кори мақомоти ҳокимияти давлатӣ, сохторҳои қудратӣ ва интизомии минтақа ба вуҷуд биоваранд.Бояд дар ёд дошт, ки оромиши Бадахшон – ҳадафи давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон буда ва ҳаст ва он чи ки дар робита бо боздошти ҷинояткорон дар минтақа сурат мегирад, аслан ба халқ ва мардуми Бадахшон иртибот надорад.
Бовар дорем, ки сокинони шаҳри Хоруғ ва мардуми сарбаланди Бадахшон масъулияти баланди шаҳрвандӣ нишон дода, дар поккории ҷинояткорӣ ва гирудорҳои сунъию сохта дар минтақа бо мақомоти зиддахли давлатӣҳамкорӣ менамоянд ва аз ин тариқ дар ободонии диёр саҳми муносиб мегузоранд.
Иқдомҳои давлатроҷиноятпешагони фирории ТЭТҲНИ мавриди манфиатҷӯӣ қарор дода, вақтҳои охир истифодаи картаи Бадахшон ҷиҳати бесуботии авзоъ бо пуштибонҳои берунаашон рӯи даст гирифтаанд. Онҳо ҳамарӯзаба хотири ноором кардани авзоъ хабару тафсирҳои ба шӯроварандаро тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ роҳандозӣ намуда, мардуми шарифи Бадахшонро ба тавтеа кашидан мехоҳанд. Тавре дар боло зикр намудем, мардуми шарифи Бадахшон, мардуми аз лиҳози дониш, хирадмандӣ ва огоҳӣ мардуми сермутолетарини кишваранд ва худ аз авзои минтақаву ҷаҳон огоҳии хуб доранд. Аз ин лиҳоз, бояд оромишу низом ва зиндагии осударо қурбони тавтеаҳои аз ҷониби душманони миллат ба вуҷуд оварда нашаванд ва ҳамаи мушкилотро бояд дар сатҳи оромишписандиву қонуну адолат ҳал намоянд.Аз ҷинояткор қаҳрамон сохтан ҳадафи душманон аст, ки мехоҳанд авзоро бо ин роҳ барҳам зананд.Зеро қудратҳои минтақавию ҷаҳонӣҷиҳати боз ҳам ноором кардани авзоъва даст ёфтан ба ҳадафҳои худ метавонанд нооромии Бадахшонро боз ҳам ангеза диҳанд ва аз ин ҳолат истифода намуда, ин нигини беҳамтои Тоҷикистонро ба як майдони ҳарб (яъне полигон) табдил созанд. Аз ин рӯ,ҳар фарди огоҳи кишвар ва махсусан мардуми шарифи Бадахшонро зарур аст, дар чунин вазъияти ҳассоси байналмилалӣ ба хештандорӣва риояти қонуну тартиботи ҷамъиятӣва ҳифизи осоиштагии худу кишвар нерӯҳояшонро сафарбар намоянд. Зеро нақшаҳои бузурги геополитикие, ки дар минтақа тарроҳӣ шудаанд, барояшон танҳо ангезаҳои соддае зарур аст, ки бо баҳонаи ин ангеза нооромиро ба вуҷуд оваранд ва баъдан беназмии саросариро доман зада, гурӯҳҳои терористиро аз саросари ҷаҳон ба минтақа таҳвил диҳанд. Яъне ин ҷо бояд он қадар дурандеш, хирадгаро ва оқил бошем, то ин ки қурбони дасисаҳо ва тавтеаҳои сиёсии қудратҳои минтақавию ҷаҳонӣ нагардем. Тавре дар боло ишорат намудем, барои қудратҳо ба вуҷуд овардани бенизомӣ мӯхим аст, баъдан марги миллионҳо ва ҳатто давлату миллатҳо барояшон як зарра арзише нахоҳад дошт.
Эҳсони Илҳом
07.06.2022
Илова кард: Администратор | Илова шуд: 09-06-2022, 09:41:54 | Диданд: 186