ТОП 10
1. Ҳар касеро баҳри коре сохтанд [диданд-9291]
2. ҶАВОНОН ПАЙРАВИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ [диданд-6086]
3. ҲИМОЯИ ВАТАН ВАЗИФАИ ҲАР ЯК ШАҲРВАНД АСТ [диданд-5791]
4. НИШАСТИ МАТБУОТИ [диданд-4953]
6. САРВАТИ БЕБАҲО [диданд-4274]
7. РУШДИ МАОРИФ [диданд-4255]
8. ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА ИТТИФОҚҲОИ КАСАБА [диданд-4237]
9. Табрикоти раиси ноҳия муҳтарам Ғафурзода Мусо Зариф [диданд-4226]
10. ДАР МЕҲМОНИИ САРБОЗОН [диданд-3889]

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат,
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
Воридшави
Таквим
« | » | |||||
Дш | Сш | Чш | Пш | Ҷм | Шб | Яш |
Омор
- Хабархо: 2424
- Расмхо: 39
- Онлайн: 3
- Хамаги омаданд: 61364
ПЕШВОИ МИЛЛАТ МЕЪМОРИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ

ПЕШВОИ МИЛЛАТ МЕЪМОРИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ Солҳо мегузаранд ва китоби зиндагиномаи миллати тоҷик варақгардон мешавад. Ва ҳар қадар саҳифаҳои тозаи бурдбориҳои миллат авроқи китоби давлатдории миллии тоҷиконро пурратар месозад, эътибору шарофати санаи таърихии 27 июн - Рӯзи Ваҳдати миллӣ бештару бештар гардида, ҷилои заррини ин саҳифаи тақдирномаи миллат ҳаргиз зудуда намешавад. Таърих гувоҳ аст, ки баъди ҳазору сад соли суқути давлати Сомониён, ки чароғи нуфузу мартабаи давлатдории асили миллии тоҷиконро дар ҷаҳони сиёсию маонии Хуросона бузург афрӯхта буданд, дигарбора офтоби бахти миллати тоҷик дар ибтидои ҷаҳон охири асри ХХ дурахшид ва дар харитаи олам давлати навини соҳибистиқлоли Тоҷикистон зуҳур кард. Башарият ба зудӣ ин давлати тозабунёди миллиро, ки роҳи пешқадамтарин давлатдории дунявию демократиро интихоб карда буд, шинохт ва кишварҳои абарқудрати ҷаҳон нахустин шуда, робитаҳои дипломатиро барқарор сохтанд. Вале қувваҳои бадхоҳи миллат, ки солҳо дар камин нишаста буданд, бо афкори хоинонаву манҳуси худ ба по хестанду фазои осоиши кишварро тира сохтанд, ба чархаи рушди хоҷагии халқи давлати акнун бо роҳи навкушода, ҳаракаткунанда садд гузоштанд. Тоҷикистонро ба ҳалқаи ҷанги шаҳрвандӣ кашиданд. Ниҳоли наврустаи истиқлолиятро бо баргу шохаҳои аз баҳори нахустин нашъабардоштаро шикастанд. Андешаҳои миллӣ бо нияту мақсадҳои созандагӣ ба ҳар сӯ пош хурд. Ҷойи афкори солиму созанда ва қаламу дафтари эҷод ва нури илму маърифатро силоҳу кину ҳасуду разолат ҳукмрон шуд. Бародар бадхоҳи бародар гашт. Неруҳои аҳриманӣ мағзу қалби ҷавонони хунсарди аз таърихи дардолудаи миллат дар масири ҳазорсолаи пур аз исёну муборизаҳои истиқлолхоҳонаи ниёгони худ ноогоҳ "ба доми тазвир"-и ҷандаришону авомфиребон афтода, ханҷар бар синаи якдигар зада, дурӯғу тӯҳмату хиёнатро аз ҳақиқату воқеият боло мепиндоштанд. Хуни тоҷик бегуноҳ рехт ва кашталкашию бедодгарӣ, хонасӯзию хунрезӣ точанд идома кард ва оташи ҷанг ончунон доман фарох кард, ки хавфи пора шудани сарзамини аҷдодӣ таҷдид мекард. Касофати ҷанги шаҳрвандӣ харобию гӯшнагӣ, ноумедиву дилшикастагиро дар пай дошт. Тоҷикистон дар панҷаи марг то чанд фишурда мешуд… Ва боз ҳам "раҳми парвардигори мо омад" (Лоиқ Шералӣ) ва ба бахти сарнавишти миллати мо дар лаҳзаи ҳассоси ҳаёту мамоти кишвар Худованд баҳри наҷоти миллати пурармони тоҷик фарзанди ҷасоратманду миллатдӯсти акнун ба сиёсати калони давлатдорӣ погузоштаро ба майдон овард ва бо амри қисмат тоҷи каёнӣ ба сараш афтоду масъулияти ояндаи халқу Ватан ба дӯшаш. Аз нахустин ҳарфи ба забоновардааш "Ман ба шумо сулҳ меоварам" садо дод. Номи ӯро ин нияти сидқ дӯстдори мардум,созандаи Ватан ва сиёсатмадори ҷаҳонӣ гардонд. Таърихи давлатдории навини тоҷикон бо номи ӯ оғоз шуда, устуворгардонии пояҳои давлатдории Тоҷикистон бо сиёсати хирадмандонаи мардумсолории ӯ идома дорад. Барои расидан ба сулҳи тоҷикон, фурӯнишонии оташи ҷанг, раҳоии садҳо ҳазор ҳамватанон аз панҷаи асорати бегонагон ва тоза кардани доғи гурезагӣ аз исми онон, ба ҳамовардани бародарони сӯиҳамтеғкашидаву оштии онҳо ва бунёди кохи муҳташами Ваҳдати миллӣ нақши таъсигузору беназирии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бағоят бузург аст. Сангарҳои вазнини гуфтушунидҳо дар ҳар гӯшаи ҷаҳон, хусусан дар хоки Афғонистон бо сарварони гуруҳҳои бо тиру туп мусаллаҳи мухолифини тоҷик нишони шуҷоатмандии Роҳбари ҷавони давлати Тоҷикистон ва қаҳрамонии асили Қаҳрамони Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аст. Давоми панҷ соли давлатдорӣ солҳои 1992-1997, ки айёми задухӯрдҳои мусаллаҳона, хунрезию талафоти ҷонию иқтисодӣ ва монеаи рушди иҷтимоии кишвар ба ҳисоб мераванд, муҳимият ва арзиши бебаҳои Эъломияи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Созишномаи сулҳро, ки ба Ваҳдати миллӣ асос гузошт, бори дигар барои наслҳои онрӯзаву имрӯзу оянда дар таърихи миллати тоҷикон абадан сабт кард. "Созишномаи умумӣ аз лиҳози аҳамияти фавқуллодаи худ бо Эъломияи Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар як радиф меистад. Агар Эъломия дар Тоҷикистон ба таври расмӣ Истиқлол ва соҳибихтиёрӣ ато карда бошад, пас Созишнома сулҳу суботро дар сарзамини мо таъмин кард"- нигошта буд Пешвои муаззами миллат дар яке аз баромадашон ба ифтихори солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ. Аз рӯзи Ваҳдати миллӣ дар ҳаёти тоҷикистониён марҳилаи нави барқарорсозии вайронаҳо, устуворсозии шохаҳои сиёсии давлатдорӣ, рӯ овардан ба арзишҳои фарҳангию таърихӣ, шинохти миллат ва нақши фарзандони миллат дар рушди маърифати ҷаҳонӣ, таҳияи Барномаҳои иқтисодӣ барои ҳалли мушкилоти соҳаҳои кишоварзӣ, саноат, илму маорифу фарҳанг, тиб ва варзиш амиқтар шуруъ гардиданд ва Тоҷикистони мо зина ба зина инкишоф ёфт, тараққӣ кард. Ваҳдати миллӣ нуфузи Тоҷикистон, хоса дипломатияи беназири Сарвари давлати Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар эъмори тарҳи сулҳофариниш ва ба Ваҳдати миллӣ расидан дар арсаи байналмилалӣ ягона ва сазовори баҳои арзишманди сиёсатмадорони барҷастаи олам гардонд. Ваҳдати миллӣ собитгари хиради азалии миллати тоҷик аст, ки бо дониши қавӣ, огаҳии комил аз таърихи ниёгон, кор гирифтан аз адолати иҷтимоӣ, эҳтироми арзшҳои миллии тӯли солҳо боз ҳам дар замири мардуми тоҷик қавӣ гардида ва қавииродагию якмаромӣ, тафаккури асил, миллатдӯстдорӣ, ҳифзи якпорчагии Ватан ва муҳаббати самимӣ ба ин сарзамини аҷдодӣ доштаи Пешвои муаззами миллат амалӣ гардид. Ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ имсол 25 сол пур мешавад. Маҳз Ваҳдати миллӣ истиқлолияти давлатиро побарҷо гузошт ва мавқеи давлати Тоҷикистонро дар арсаи ҷаҳонӣ қавӣ сохт. Ва Тоҷикистон дар як саф бо давлатҳои бонуфӯзи ҷаҳонӣ дар бузургтарин созмонҳои сатҳи ҷаҳонӣ ҷойгоҳи хосаро соҳиб гардид. Ҷумҳурии Тоҷикиситон қудрати сиёсиашро боло бурд. Имрӯз мо маорифчиёни шарафманди ноҳия масъулияти бештар ба дӯш дорем. Ҳар кадоми моҳияти мафҳуми ватандорию Ваҳдати миллиро сидқан дарк намуда, шогирдонро бо таърихи соҳибияти ин рӯзи сарнавиштсози миллат, ки рӯзи ғолибияти ақл ба ҷаҳолат, хирад бар разолат, дӯстӣ бар душманӣ ва тифоқӣ бар низоъ маҳсуб мешавад, ошно сохта, онҳоро дар рӯҳияи дӯстдории Ватан, донишандӯзӣ ва хизмати садоқатмандона ба халқу Ватан ба камол расонем. Орифзода Муҳаммад Қурбоналӣ, мудири шуъбаи маорифи ноҳия
Илова кард: Администратор | Илова шуд: 28-06-2022, 09:48:06 | Диданд: 209