МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ
ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ
НОҲИЯИ ВОСЕЪ

ТАШКИЛОТИ ТЕРРОРИСТӢ-ЭКСТРЕМИСТИИ ҲНИТ ШАРИКИ СОЗМОНҲОИ ТЕРРОРИСТИИ ҶАҲОНӢ МЕБОШАД.

ТАШКИЛОТИ ТЕРРОРИСТӢ-ЭКСТРЕМИСТИИ ҲНИТ ШАРИКИ СОЗМОНҲОИ ТЕРРОРИСТИИ ҶАҲОНӢ МЕБОШАД.

ТАШКИЛОТИ ТЕРРОРИСТӢ-ЭКСТРЕМИСТИИ ҲНИТ ШАРИКИ СОЗМОНҲОИ ТЕРРОРИСТИИ ҶАҲОНӢ МЕБОШАД. Тамоми созмонҳои террористӣ, аз ҷумла, ташкилоти экстремистӣ-террористии ҲНИТ, ки фаъолияти он бо қарори Суди Олӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ карда шудааст, зимни фаъолияти худ ба таври фаровон усули пинҳонкориро истифода мебаранд. Сабаби истифода бурдани усули пинҳонкорӣ махфӣ нигоҳ доштани ҳадафҳои ниҳоии худ ва бадин восита, ба чашми аҳли ҷомеа хок пошидан аст. Барои он ки ҷомеа, аз ҷумла, қишри фаъоли он ин фандро эҳсос накунанд, роҳбарият ва созмондиҳандагони ташкилоти террористии ҲНИТ ҳанӯз аз оғози фаъолияти худ дар солҳои 70-уми асри гузашта, се навъи узвият ба наҳзатро ҷорӣ карда буданд, ки ҳоло низ ин тартиб риоя карда мешавад. Як навъи аъзои наҳзатро онҳое ташкил медоданд, ки дар байни одамон баромад мекарданд ва ташвиқот мебурданд. Дар солҳои шӯравӣ ин гуна ашхос дар сохторҳои гуногуни хоҷагии қишлоқ ба корҳои сабук ва ба чашм ноаён (чун посбонҳои насосҳои обкашӣ, анборхонаву гаражҳо) ба кор даромада, дар миёни деҳқонон, ки қисми бештари ҷомеаро ташкил медоданд, шабона пинҳонӣ таблиғоту ташвиқот мебурданд. Дар солҳое, ки наҳзат ҷиҳати иҷрои бандҳои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ваҳдати миллӣ иҷозати фаъолият гирифта буд, ин нақшро як гурӯҳ зиёиён, баъзе фаъолони ҷомеа, бархе аз журналистон ва дигар қишрҳои калаванда иҷро мекарданд, ки бо истифода аз озодии матбуот дар таърифу тавсифи наҳзатиён буданд. Навъи дуюми аъзои наҳзатро онҳое ташкил медоданду медиҳанд, ки бевосита ба содир кардани ҷиноятҳои мудҳиш, чун қатлу террори шахсони шинохта, одамрабоӣ ва одамкушӣ, ғоратгарӣ ва роҳзанӣ ҳидоят ва раҳнамоӣ карда мешаванд ва онҳоро ҷанговари наҳзат ном мебурданд. Барои роҳбарияти наҳзати исломӣ муҳим набуду нест, ки одамкушӣ дар кадом ҳолат сурат мегирад, нисбат ба кӣ содир карда мешавад, бо дасти кӣ ва мусоидати киҳо амалӣ мешавад, шарт ҳамин буд, ки узви наҳзат будани ҷинояткор ҳатман пинҳон нигоҳ дошта шавад, зеро дар сурати ошкор шудан роҳбарияти ҲНИТ аз онҳо даст мекашад. Шарти дигар ин буд, ки ҳангоми содир шудани ҷинояти террористӣ номи тоҷику Тоҷикистон ба забон оварда шавад. Аз ҳама ҳайратовар ин аст, ки вақте дастгиршудагон ба забони худ изҳор мекарданду мекунанд, ки узви ҲНИТ ҳастанд, дар наҳзат буданд, бо супориши пинҳонии роҳбарияти наҳзат ҷиноятро содир карданд, баъзе аз аҳли ҷомеа ин суханҳоро нодида мегиранд, ба ин суханон, ки худи дастгиршудагон бо забони худ гуфтаву дигаронро аз хатари наҳзатиҳо огоҳ кардан мехоҳанд, бовар кардан намехоҳанд. Чаро? Чунки роҳбарияту фаъолони ТЭТ ҲНИТ расман изҳор мекунанд, ки мо чунин аъзо надорем. Яъне, осонакак, бе ягон мушкилӣ, бе азоби виҷдон, бе ягон ҷавобгарӣ пеши Худову бандагонаш, он шахсони раҳгумзадаро ба боди фано ҳаво медиҳанд, аз баҳрашон мегузаранд: на мешиносему на медонем!… Оид ба навъи сеюми узвият ба наҳзати қаблӣ ва ТЭТ ҲНИТ-и кунунӣ, инчунин ҷиноятҳои нобахшидании наҳзат нисбат ба миллати тоҷик ва давлати Тоҷикистон дар се марҳалаи таърих: а) солҳои 90 – оғози истиқлолияти давлатии Тоҷтикистон; б) солҳои ҷанги шаҳрвандӣ – давраи баъд аз имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ваҳдати миллӣ; в) давраи муосир – бо қарори Суди Олии Тоҷикистон манъ шудани фаъолияти ҲНИТ ҳатман дар мақолаи навбатӣ иттилоъ дода мешавад, зеро вақтҳои охир оид ба ҷиноятҳои пинҳонии аъзо ва роҳбарияти ташкилоти экстремистӣ-террористии ҲНИТ таваҷҷуҳи ҷомеа бештар аз пештар шудааст. Ба ибораи дигар, акнун дигар гуноҳу ҷурми наҳзатиҳо ба ҳама халқи ҷаҳон ошкор шудааст. Мушовири шуъбаи маорифи ноҳияи Восеъ: Шамси Араб. ТАШКИЛОТИ ТЕРРОРИСТӢ-ЭКСТРЕМИСТИИ ҲНИТ ШАРИКИ СОЗМОНҲОИ ТЕРРОРИСТИИ ҶАҲОНӢ МЕБОШАД. Тамоми созмонҳои террористӣ, аз ҷумла, ташкилоти экстремистӣ-террористии ҲНИТ, ки фаъолияти он бо қарори Суди Олӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ карда шудааст, зимни фаъолияти худ ба таври фаровон усули пинҳонкориро истифода мебаранд. Сабаби истифода бурдани усули пинҳонкорӣ махфӣ нигоҳ доштани ҳадафҳои ниҳоии худ ва бадин восита, ба чашми аҳли ҷомеа хок пошидан аст. Барои он ки ҷомеа, аз ҷумла, қишри фаъоли он ин фандро эҳсос накунанд, роҳбарият ва созмондиҳандагони ташкилоти террористии ҲНИТ ҳанӯз аз оғози фаъолияти худ дар солҳои 70-уми асри гузашта, се навъи узвият ба наҳзатро ҷорӣ карда буданд, ки ҳоло низ ин тартиб риоя карда мешавад. Як навъи аъзои наҳзатро онҳое ташкил медоданд, ки дар байни одамон баромад мекарданд ва ташвиқот мебурданд. Дар солҳои шӯравӣ ин гуна ашхос дар сохторҳои гуногуни хоҷагии қишлоқ ба корҳои сабук ва ба чашм ноаён (чун посбонҳои насосҳои обкашӣ, анборхонаву гаражҳо) ба кор даромада, дар миёни деҳқонон, ки қисми бештари ҷомеаро ташкил медоданд, шабона пинҳонӣ таблиғоту ташвиқот мебурданд. Дар солҳое, ки наҳзат ҷиҳати иҷрои бандҳои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ваҳдати миллӣ иҷозати фаъолият гирифта буд, ин нақшро як гурӯҳ зиёиён, баъзе фаъолони ҷомеа, бархе аз журналистон ва дигар қишрҳои калаванда иҷро мекарданд, ки бо истифода аз озодии матбуот дар таърифу тавсифи наҳзатиён буданд. Навъи дуюми аъзои наҳзатро онҳое ташкил медоданду медиҳанд, ки бевосита ба содир кардани ҷиноятҳои мудҳиш, чун қатлу террори шахсони шинохта, одамрабоӣ ва одамкушӣ, ғоратгарӣ ва роҳзанӣ ҳидоят ва раҳнамоӣ карда мешаванд ва онҳоро ҷанговари наҳзат ном мебурданд. Барои роҳбарияти наҳзати исломӣ муҳим набуду нест, ки одамкушӣ дар кадом ҳолат сурат мегирад, нисбат ба кӣ содир карда мешавад, бо дасти кӣ ва мусоидати киҳо амалӣ мешавад, шарт ҳамин буд, ки узви наҳзат будани ҷинояткор ҳатман пинҳон нигоҳ дошта шавад, зеро дар сурати ошкор шудан роҳбарияти ҲНИТ аз онҳо даст мекашад. Шарти дигар ин буд, ки ҳангоми содир шудани ҷинояти террористӣ номи тоҷику Тоҷикистон ба забон оварда шавад. Аз ҳама ҳайратовар ин аст, ки вақте дастгиршудагон ба забони худ изҳор мекарданду мекунанд, ки узви ҲНИТ ҳастанд, дар наҳзат буданд, бо супориши пинҳонии роҳбарияти наҳзат ҷиноятро содир карданд, баъзе аз аҳли ҷомеа ин суханҳоро нодида мегиранд, ба ин суханон, ки худи дастгиршудагон бо забони худ гуфтаву дигаронро аз хатари наҳзатиҳо огоҳ кардан мехоҳанд, бовар кардан намехоҳанд. Чаро? Чунки роҳбарияту фаъолони ТЭТ ҲНИТ расман изҳор мекунанд, ки мо чунин аъзо надорем. Яъне, осонакак, бе ягон мушкилӣ, бе азоби виҷдон, бе ягон ҷавобгарӣ пеши Худову бандагонаш, он шахсони раҳгумзадаро ба боди фано ҳаво медиҳанд, аз баҳрашон мегузаранд: на мешиносему на медонем!… Оид ба навъи сеюми узвият ба наҳзати қаблӣ ва ТЭТ ҲНИТ-и кунунӣ, инчунин ҷиноятҳои нобахшидании наҳзат нисбат ба миллати тоҷик ва давлати Тоҷикистон дар се марҳалаи таърих: а) солҳои 90 – оғози истиқлолияти давлатии Тоҷтикистон; б) солҳои ҷанги шаҳрвандӣ – давраи баъд аз имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ваҳдати миллӣ; в) давраи муосир – бо қарори Суди Олии Тоҷикистон манъ шудани фаъолияти ҲНИТ ҳатман дар мақолаи навбатӣ иттилоъ дода мешавад, зеро вақтҳои охир оид ба ҷиноятҳои пинҳонии аъзо ва роҳбарияти ташкилоти экстремистӣ-террористии ҲНИТ таваҷҷуҳи ҷомеа бештар аз пештар шудааст. Ба ибораи дигар, акнун дигар гуноҳу ҷурми наҳзатиҳо ба ҳама халқи ҷаҳон ошкор шудааст. Мушовири шуъбаи маорифи ноҳияи Восеъ: Шамси Араб. ТАШКИЛОТИ ТЕРРОРИСТӢ-ЭКСТРЕМИСТИИ ҲНИТ ШАРИКИ СОЗМОНҲОИ ТЕРРОРИСТИИ ҶАҲОНӢ МЕБОШАД. Тамоми созмонҳои террористӣ, аз ҷумла, ташкилоти экстремистӣ-террористии ҲНИТ, ки фаъолияти он бо қарори Суди Олӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ карда шудааст, зимни фаъолияти худ ба таври фаровон усули пинҳонкориро истифода мебаранд. Сабаби истифода бурдани усули пинҳонкорӣ махфӣ нигоҳ доштани ҳадафҳои ниҳоии худ ва бадин восита, ба чашми аҳли ҷомеа хок пошидан аст. Барои он ки ҷомеа, аз ҷумла, қишри фаъоли он ин фандро эҳсос накунанд, роҳбарият ва созмондиҳандагони ташкилоти террористии ҲНИТ ҳанӯз аз оғози фаъолияти худ дар солҳои 70-уми асри гузашта, се навъи узвият ба наҳзатро ҷорӣ карда буданд, ки ҳоло низ ин тартиб риоя карда мешавад. Як навъи аъзои наҳзатро онҳое ташкил медоданд, ки дар байни одамон баромад мекарданд ва ташвиқот мебурданд. Дар солҳои шӯравӣ ин гуна ашхос дар сохторҳои гуногуни хоҷагии қишлоқ ба корҳои сабук ва ба чашм ноаён (чун посбонҳои насосҳои обкашӣ, анборхонаву гаражҳо) ба кор даромада, дар миёни деҳқонон, ки қисми бештари ҷомеаро ташкил медоданд, шабона пинҳонӣ таблиғоту ташвиқот мебурданд. Дар солҳое, ки наҳзат ҷиҳати иҷрои бандҳои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ваҳдати миллӣ иҷозати фаъолият гирифта буд, ин нақшро як гурӯҳ зиёиён, баъзе фаъолони ҷомеа, бархе аз журналистон ва дигар қишрҳои калаванда иҷро мекарданд, ки бо истифода аз озодии матбуот дар таърифу тавсифи наҳзатиён буданд. Навъи дуюми аъзои наҳзатро онҳое ташкил медоданду медиҳанд, ки бевосита ба содир кардани ҷиноятҳои мудҳиш, чун қатлу террори шахсони шинохта, одамрабоӣ ва одамкушӣ, ғоратгарӣ ва роҳзанӣ ҳидоят ва раҳнамоӣ карда мешаванд ва онҳоро ҷанговари наҳзат ном мебурданд. Барои роҳбарияти наҳзати исломӣ муҳим набуду нест, ки одамкушӣ дар кадом ҳолат сурат мегирад, нисбат ба кӣ содир карда мешавад, бо дасти кӣ ва мусоидати киҳо амалӣ мешавад, шарт ҳамин буд, ки узви наҳзат будани ҷинояткор ҳатман пинҳон нигоҳ дошта шавад, зеро дар сурати ошкор шудан роҳбарияти ҲНИТ аз онҳо даст мекашад. Шарти дигар ин буд, ки ҳангоми содир шудани ҷинояти террористӣ номи тоҷику Тоҷикистон ба забон оварда шавад. Аз ҳама ҳайратовар ин аст, ки вақте дастгиршудагон ба забони худ изҳор мекарданду мекунанд, ки узви ҲНИТ ҳастанд, дар наҳзат буданд, бо супориши пинҳонии роҳбарияти наҳзат ҷиноятро содир карданд, баъзе аз аҳли ҷомеа ин суханҳоро нодида мегиранд, ба ин суханон, ки худи дастгиршудагон бо забони худ гуфтаву дигаронро аз хатари наҳзатиҳо огоҳ кардан мехоҳанд, бовар кардан намехоҳанд. Чаро? Чунки роҳбарияту фаъолони ТЭТ ҲНИТ расман изҳор мекунанд, ки мо чунин аъзо надорем. Яъне, осонакак, бе ягон мушкилӣ, бе азоби виҷдон, бе ягон ҷавобгарӣ пеши Худову бандагонаш, он шахсони раҳгумзадаро ба боди фано ҳаво медиҳанд, аз баҳрашон мегузаранд: на мешиносему на медонем!… Оид ба навъи сеюми узвият ба наҳзати қаблӣ ва ТЭТ ҲНИТ-и кунунӣ, инчунин ҷиноятҳои нобахшидании наҳзат нисбат ба миллати тоҷик ва давлати Тоҷикистон дар се марҳалаи таърих: а) солҳои 90 – оғози истиқлолияти давлатии Тоҷтикистон; б) солҳои ҷанги шаҳрвандӣ – давраи баъд аз имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ваҳдати миллӣ; в) давраи муосир – бо қарори Суди Олии Тоҷикистон манъ шудани фаъолияти ҲНИТ ҳатман дар мақолаи навбатӣ иттилоъ дода мешавад, зеро вақтҳои охир оид ба ҷиноятҳои пинҳонии аъзо ва роҳбарияти ташкилоти экстремистӣ-террористии ҲНИТ таваҷҷуҳи ҷомеа бештар аз пештар шудааст. Ба ибораи дигар, акнун дигар гуноҳу ҷурми наҳзатиҳо ба ҳама халқи ҷаҳон ошкор шудааст. Мушовири шуъбаи маорифи ноҳияи Восеъ: Шамси Араб.

Илова кард: Администратор | Илова шуд: 02-12-2022, 15:17:52 | Диданд: 203