МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ
ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ
НОҲИЯИ ВОСЕЪ

Тайи чандин солҳои охир порчаи замини бо ҷон барорбари мо Ворух сари забонҳост, ки он натанҳо мафҳуми номи як деҳаро дорост, балки ифодагари ваҳдату якдилӣ ва ҳамбастагии сокинони манотиқи Ҷумҳурии азизамон Тоҷикистонро дар атрофии сиёсати сулҳҷуёнаи Пешв

Тайи чандин солҳои охир порчаи замини бо ҷон барорбари мо Ворух сари забонҳост, ки он натанҳо мафҳуми номи як деҳаро дорост, балки ифодагари ваҳдату якдилӣ ва ҳамбастагии сокинони манотиқи Ҷумҳурии азизамон Тоҷикистонро дар атрофии сиёсати сулҳҷуёнаи Пешв

Тайи чандин солҳои охир порчаи замини бо ҷон барорбари мо Ворух сари забонҳост, ки он натанҳо мафҳуми номи як деҳаро дорост, балки ифодагари ваҳдату якдилӣ ва ҳамбастагии сокинони манотиқи Ҷумҳурии азизамон Тоҷикистонро дар атрофии сиёсати сулҳҷуёнаи Пешвои муаззами миллат бо ҳам муттаҳид гардонидааст. Дар сарчашмаҳо ба таври барҷаста таъкидшудааст, ки дар аҳди Сомониён Ворух дар тобеияти давлати милли тоҷикон будааст. Ҳақиқати таърихи яке аз сарзамини куҳани Тоҷикистон будани Ворухро собит мекунад. Ҳамин як руҷуъ ба таърихи моҷароҳои марзӣ нишон медиҳад, ки дар ҳар муноқиша ҷониби Қирғизистон боиси рух додани нофаҳмиӣ дар хати марз мешаванд. Хушбахтона ин нофаҳмиву нобасомониҳо хотима ёфтаву вазъият дар марз ором, мардум осуда ва фазои якдигарфаҳмӣ ҳукмфармост. Муноқиша ва нофаҳмие, ки миёни мардуми ду кишвари ҳамсоя Тоҷикистон ва Қирғизистон ба миён омабуд, боиси норозигӣ, нороҳатӣ, нооромиҳои мунтазами ҷомеа шуда истодаанд. Бо барангехтани низо ва нофаҳмиҳо ҷониби қирғизҳо мехоҳад, ки Ворухро аз худ кунанд. Ворух як пораи Тоҷикистон аст ва ин марзи кишвар чун ҳар пораи кишвари азиз барои мо муқадас мебошад. Тайи чандин солҳои охир порчаи замини бо ҷон барорбари мо Ворух сари забонҳост, ки он натанҳо мафҳуми номи як деҳаро дорост, балки ифодагари ваҳдату якдилӣ ва ҳамбастагии сокинони ҳама манотиқи Ҷумҳурии азизамон Тоҷикистонро дар атрофии сиёсати сулҳҷуёнаи Пешвои муаззами миллат бо ҳам муттаҳид гардидааст. Мо мардуми Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар як ваҷаб обу хоки мукаддас Ватани азизамонро ҳифз мекунем ва баробари ободу зебо гардонидани ин гўшаи кишвари азизамон-Ворухро дар оянда ба насли ҷавон мерос мегузорем. Дар саҳифаҳои таърих як пораи Тоҷикистон будани Ворух дарҷ гардидаас. Ин ҳақиқатан бе баҳс аст, ки мутасифона, қирғизон, беягон асос даъвои заминҳои мазкурро доранд Ҷавонмардони ноҳияи Восеъ низ бо иттиҳоду сарҷамъӣ ва нангу номуси миллӣ ҳамеша бо бародарони Исфара ҳастанд, онҳоро ҳеҷгоҳ танҳо намегузоранд ва барои ҳимояи марзи Тоҷикистон доимо омодаанд. Як мулки нозанин андар паноҳи ту, Як миллати азим узви сипоҳи ту. Мардуми ҳамсоякишвари моро мебояд, ки аз нуқтаи назари таърихи сухан карда, бедалел ба андешаи фитнакоронаашон даъвои марзхоҳи нанамоянд. Мо тоҷикон хоки ин сарзамини аҷдодиамонро ба ҳеҷ гунна дурру гавҳар надиҳем ва шумо низ ҳоло фурсат доред барои худхоҳии худ муносибати дустонаро миёни ду давлат барҳам насозед зеро мардуми осоиштаи ду давлат ҳеҷгоҳ ҷангу ҷидолро намехоҳанд. Модари тољик дар ҳама давру замон назари некбинона дошт ва дорад, амали ноҷавонмардона бори дигар аз ошкор сохтани вориси Чингизи хунхор дар давлати Қирғизистон гувоҳи дод. Ворух аз мост ва пораи тани мост ва як мушти хокашро ба авлоди Чингиз намедиҳем, заминаш онтараф истад. Бори дигар ба мардуми олам эътироф мекунем, ки ноҷавонмардӣ, ва ноадолати дар хоки марзи Қирғизистону Тоҷикистон ирода ва хостаи Тоҷикистон набуд, зеро ки тоҷик ҳеҷгоҳ қотил набуд. Сокини ноҳияи Восеъ: Саъдизода Ё.С.

Илова кард: Администратор | Илова шуд: 26-12-2022, 16:05:02 | Диданд: 208