МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ
ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ
НОҲИЯИ ВОСЕЪ

Сулҳу Ваҳдат ва амнияти миллӣ пояи устувори давлат аст.

Сулҳу Ваҳдат ва амнияти миллӣ пояи устувори давлат аст.

Сулҳу Ваҳдат ва амнияти миллӣ пояи устувори давлат аст. Мардуми тоҷик аз қадим халқи сулҳпарвару ваҳдатшиор аст ва дар зиндагӣ ҳамеша ба осоишу оромиш арҷ мегузорад. Агар ба таърихи давлатдории ниёгонамон назар афканем, туфайли хиради волои вай садҳо низову моҷаро бо роҳи мусолиҳаву муросо ба сулҳу ҳамдигарфаҳмӣ мубаддал гардидаанд. Таҳаммулпазирӣ ва сабру фурӯтании миллати тоҷик, ки дар хуни тоҷик ҷорист, бурди азалии ӯст ва ҳамин хусусият мудом ба саодату хушрӯзиҳои халқ боис шудааст. Мусаллам аст, ки давлатдорӣ бидуни ҳарбу зарб имконнопазир мебошад. Дар тамоми мавҷудияташ миллати тоҷик танҳо аз рӯи ору номусу ғурур ва баҳри пойдории миллату давлат сина сипар намуда, зидди душманони аҷнабӣ ҷавонмардӣ, ҷасорату шуҷоат зоҳир кардааст. Дар яке аз суханрониҳои худ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ин нукта ишора карда, гуфтанд, ки миллати тоҷик ҳеҷ гоҳ ба сари ҳеҷ халқу миллате лашкар накашидааст ва истилогарӣ хоси ин миллати тамаддунофару куҳанбунёд нест. Дар даврони навини давлатдории кишвар миллатро имтиҳони сахту ҷиддие пеш омад ва бори дигар хиради азалии вайро дар санҷиш гузошт. Аз тағйирёбии вазъи сиёсии кишвар сӯистифода карда, гурӯҳе аз манфиатхоҳон – душманони миллат кишварро ба ҷанг кашиданд. Хушбахтона, иродаву хирад боз ҳам ғалаба кард ва ваҳдати миллӣ даст додаву ба зиндагии тозаи осоиштаву пурсаодат замина гузошт. Вале пайомадҳои ин ҷангу хунрезиҳо солҳо рушди кишварро ба қафо кашид, ба ҷомеа аз ҷиҳати моддиву маънавӣ зарари ҳангуфт расонид. Заминаҳои сар задани низоъ ва равандҳои онро аз нигоҳи таърихиву ҳуқуқӣ арзёбӣ кардаанд ва ин ба ҳамагон аён аст. Аз омӯзиши нобасомониҳои оғози солҳои 90‐ум танҳо ба ҳамин хулоса расидан мумкин аст, ки бояд аз он ҳодисаҳои даҳшатангез дарси ибрат бигирем. Махсусан, шароити пурпечутоби замони ҳозира водор ба он мекунад, ки гузаштаи худро амиқ омӯзему сабақ гирем, иштибоҳҳои содиршударо такрор насозем. Имрӯз садҳо миллату халқият барои соҳиби давлати ягона шудану соҳибихтиёрӣ муборизаву талош мебаранд. Миллати тоҷик низ солҳо дар ин арса талош ба харҷ додаву дар ин роҳ қурбониҳои зиёд дидааст. Бархе бар он назаранд, ки Тоҷикистон ба Истиқлолияти давлатӣ бо баробари пароканда шудани давлати собиқ шӯравӣ хеле осон даст ёфт. Давлати шӯравии замоне тавонову пурқудрат ғайриинтизор аз барҳам хӯрдани хеш дарак дод ва кишварҳои узв бо навбат истиқлолияти хешро эълом намуданд. Ин андеша илман аз нигоҳи таърих ҷоизи қабул намебошад. Зеро соҳиби ихтиёр будан барои давлат танҳо эъломияи расмии он намебошад. Муҳимтар аз ҳама, ҳифзи пойдории истиқлолият ба ҳисоб меравад, ки махсусан дар оғози солҳои 92-ум ба он хатарҳои ҷиддии таҳдид мекард. Имрӯз маҳз ба туфайли сулҳу оромӣ дар кишвар рушди бемайлони иқтисодиву иҷтимоӣ даст дода, сатҳи некӯаҳволии халқ куллан беҳтар гардидааст. Хулоса, сулҳу ваҳдат омили асосӣ ва муҳими таъмин гардидани рушди устувори иқтисодиву иҷтимоӣ, ҳаёти сазовору осоиштаи мардум мебошанд ва ҳифзи онҳо вазифаи аввалиндараҷа ва қарзи шаҳрвандии ҳар сокини ватандӯсту хештаншинос ба ҳисоб меравад. Корманди МИҲД-и ноҳияи Восеъ Боймирзоева М.

Илова кард: Администратор | Илова шуд: 05-10-2023, 15:11:48 | Диданд: 86