Раиси ноҳия
Муовини Раис
Дастгоҳи Раиси ноҳия
ТОП 10
1. Ҳар касеро баҳри коре сохтанд [диданд-8755]
2. ҶАВОНОН ПАЙРАВИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ [диданд-5794]
3. ҲИМОЯИ ВАТАН ВАЗИФАИ ҲАР ЯК ШАҲРВАНД АСТ [диданд-5171]
4. НИШАСТИ МАТБУОТИ [диданд-4656]
6. САРВАТИ БЕБАҲО [диданд-3966]
7. РУШДИ МАОРИФ [диданд-3960]
8. Табрикоти раиси ноҳия муҳтарам Ғафурзода Мусо Зариф [диданд-3957]
9. ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА ИТТИФОҚҲОИ КАСАБА [диданд-3949]
10. ДАР МЕҲМОНИИ САРБОЗОН [диданд-3657]
Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат,
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
Воридшави
Таквим
« | » | |||||
Дш | Сш | Чш | Пш | Ҷм | Шб | Яш |
Хабархои навтарин
1. МУҲИДДИН КАБИРӢ - ХОИНИ МИЛЛАТ
2. Кабирии хоин ба мақсади нопоки худ намерасад.
3. ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ-ХАТАР БА АҲЛИ БАШАР
4. Ҷиноятҳои сангин ва амалҳои нангини як ифротӣ
5. Хоини миллат – Муҳиддин Кабирӣ
7. Иқболи хоин ба мақсади нопоки худ намерасад.
Омор
- Хабархо: 2417
- Расмхо: 39
- Онлайн: 30
- Хамаги омаданд: 54400
ТЕРРОРИЗМ - ХАТАРИ ҶОМЕА
ТЕРРОРИЗМ - ХАТАРИ ҶОМЕА Ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳар қадар дар соҳаи илму техника ба дастоварҳои чашмгиру дастрасе ноил мегардад, боз пешорӯи он ҳамон қадар ҳалли масоилоти дигаре падид меояд,ки ба зиндагии осудаҳолонаю фазои ороми саёраи замин хатар эҷод менамояд, ки дар баробари дигар масоиили глобалии ҳалталаб, хатари торафт доман паҳн намудани амалҳои террористӣ инсониятро боз ба таҳлукаву саргардониҳо мекашад . Мо худ шоҳиди он ҳастем ва медонем, ки бо дасти ин гурӯҳҳои ифротӣ фазои сиёсӣ дар чандин мамлакатҳои ҷаҳон дар мисоли кишварҳои Ироқу Шом, Фаластин ва Афғонистони ба мо ҳаммарз то ҳануз ҷангҳо идома дораду мардуми он аз ин амалҳои номатлуби террористон азият мекашанд, ки мардуми тоҷик чунин солҳои даҳшатноку мудҳишро солҳои 90-уми асри гузашта паси сар кардаасту то ҳануз аз он солҳо доғ дар дил доранд. Ва таъкидан мегӯям,ки дар ин ҳодисаҳои мудҳишу нанговари ба сари мардуми тоҷик омада Муҳиддин Кабирию пайравони ӯ даст доштанд ва чун нияти онон пок набуд мувоҷеҳ ба шикаст шуданду адолат бар разолат зафар ёфт. Дар ин ҷо ба ин роҳгумзадагони миллат аз забони Фирдавсии Тусӣ гуфтаниам: Биё то ҷаҳонро ба бад наспарем, Ба кӯшиш ҳама дасти некӣ барем. Мо ҳамчун аҳли зиёи кишвар ин ҳамаро мебинему ва аз он шукрона менамоем,ки дар як кишвари суботи сиёсиаш таъмин , фазояш тинҷу ором зиндагӣ ва кор менамоем,ки дар ин ҳама дастовардҳо саҳми босазо ва бевоситаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хеле калон ва назаррас мебошад. Пешвои муаззами миллат аз рӯзҳои нахустини ба сари давлат омаданаш бо як боварии комил ба халқи шарифи худ гуфта буд: «Ман ба шумо сулҳ меоварам». Воқеан ҳам ин фарзанди сарсупурдаи миллат дар ин солҳои бароямон мудҳиш аз баҳри ҷони хеш гузашту аз ҳастии миллату давлат не ва тавонист,ки дар андак муддати кӯтоҳи таърих дар сарзамини ҷангзадаи мо тоҷикон Сулҳу ваҳдати миллиро барқарор намояд. Имрӯзҳо, ки дар расонаҳои хабарӣ душманони миллати мо дар мисоли М.Кабирӣ, Муҳаммадиқболи Садриддин ва дигар думравони онҳо дар боби кишвари мо аз зери нохун чирк кофта бадгӯиҳо менамоянду дар хизмати хоҷагони хориҷии худ камар бастаанд, ҷавоби сазоворе дода ба онҳо бигӯем, ки бас аст, ин гуфтанӣ, ин ҳама суханони бепояи бардуруғ. Мо ба ҳама мардуми шарифи тоҷик гуфтанием ,ки ҳадафи асосии ин тоифа одамон ба давлату миллати мо чашму нигоҳи нек набуда, мақсадашон ноором сохтани фазои сиёсии кишвар мебошаду бас. Кабирӣ ва пайравони онҳо аз тоифаи фардиятҳое ҳастанд, ки дар замонаш аз рӯи нодонӣ ва боло гирифтани ҳисси молу чизпарастии худ ба доми гурӯҳҳои ифротӣ афтода, имрӯз танҳо барои пайдо намудани қути лоямути худ дар ҳақи кишвари мо надидаю надониста ҳарфҳои беасос мегӯянд. Агар як маротиб ин тоифа одамон омада ин кишвари зеборо аз наздик бо чашми сар воқеъбинона медиданд , назди мардуми ин кишвар чун фарзандони роҳгумзада узр аз гуноҳи хеш мехостанд, вале сад афсус, ки онҳо аз хоҷагони худ он қадар дар биму тарсанд,ки бо амри онҳо шабро сафеду рӯзро сиёҳ мегӯянд. Дар даврони истиқлолият рисолати ҳар яки мо аз он иборат аст, ки баҳри ҳифзи дастовардҳои миллиамон нисбат ба ҳар вақта дида ҳушёру зирак бошем, то нохалафе натавонад фазои орому осоиштаи кишвари моро халалдор созад. Дар ин ҷо он нуктаро таъкид карданиам, ки мо бояд аз боғчаю муассисаҳои таълимӣ сар карда тарбиятгирандагону хонандагонро дар рӯҳияи баланди ватандорӣ, худшиносию худогоҳӣ миллӣ тарбия намоем, маърифати ватандории онҳоро баланд бардорем, то нохалафе аз гурӯҳҳои тундраву ифротгаро натавонад ба мағзшӯии онҳо сар карда думболи худ барад. Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун сиёсатмадори сатҳи ҷаҳонӣ ин нуктаро ба назар гирифта борҳо таъкидан ба мардуми шарифаш рӯ оварда гуфта буд: «Дар ин мубориза ҳамон қавму миллате дастболо мегардад, ки дорои ифтихори баланди Ватандорӣ бошад» Сиёсати оқилона ва сулҳпарваронаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд, ки дар як муддати кӯтоҳи таърихӣ сулҳи бебозгашти кишвар таъмин гардида, таҷрибаи сулҳи тоҷикон мавриди омӯзиши дигар кишварҳо қарор гирифт. Ҳамин сулҳ, ҳамин ваҳдати сартосарии кишвар аст,ки ҳоло кишвари мо бо 165 давлати ҷаҳон робитаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ дӯстона дошта, шомил ба 10 давлати амнтарини дунё мебошад. Ин ҳама боиси ифтихору сарбаландии мо мардуми тоҷик мебошад. Ман ба ҳама мардуми шарифи Тоҷикистон ба хусус ба ҷавонони кишвар гуфтаниам, ки дар ин ҷахони пур аз моҷароҳои сиёсӣ ва тафриқаандозиҳо дигар ба суханони дурӯғину тафриқаомези ин гурӯҳҳо гӯш надода, сиёсати оқилонаи Пешвои муаззами миллатро сармашқи кори худ намуда баҳри ободию сарсабзии кишвар саҳми арзандаи хешро гузорем. Директори маркази технологияи информатсионӣ ва коммуникатсияи назди шуъбаи маорифи ноҳияи Восеъ Абдуллозода Б.
Илова кард: Администратор | Илова шуд: 25-01-2024, 11:37:16 | Диданд: 161