МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ
ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ
НОҲИЯИ ВОСЕЪ

Хиёнат ба Ватан кирдорест нобахшиданиӣ.

Хиёнат ба Ватан кирдорест нобахшиданиӣ.

Хиёнат ба Ватан кирдорест нобахшиданиӣ. Мутаасифона дар таърихи халқи тоҷик дар тулии сад солаҳо аз чи сабаб бошад, ки шахсиятҳое пайдо мешаванд, ки бар зидди Ватани худ, санг мезанад. Мардуми тоҷик, халқи тоҷик дар тулии қарнҳо аз дасти базе фарзандони хиёнаткор мушкилотҳои сахтаринро паси сар намуда, дигарбора ин мардуми сарбаланду хештаншиносро ин хиёнаткорон ба доми фиреб гирифта наметавонанд. Бояд донист, ки худшиносии миллӣ, ҳувияти миллӣ ва дӯст доштани Ватан – модар аз донистани таъриху фарҳанги миллатӣ вобастагии калон дорад. Ҳамина сат, ки яке аз ҳадафҳои асосии Ҳукумати мамлакат ин дар сатҳи баланд бардоштани сатҳи дониши тамоми мардуми шарафи тоҷик мансуб ёфта ин ҳадаф метавонад моро аз таърихи худ бархурдор намояд. Зеро, ки надонистани таърихи халқи худ, ин бадбахтис зеро, ки шахсоне, ки худшиносии миллӣ надоран, чунин шахсҳоро ба осони бар зидди давлату миллат равона кардан мумкин аст. Бояд донист, ки хиёнаткори ба тамоми миллату халқиятҳо бадбахти меорад, зеро, ки аз дасти шахси хиёнаткор фарзандони шуҷои Ватан ҷони худро аз даст додаанд ва медиҳанд. Хиёнаткорон бояд донанд, ки фарзандони ҷасуру шуҷои Ватани азизамон Тоҷикситон ҳамеша баҳри ҳимояи Ватан - модар ҷони худро дареғ надошта баҳри тинҷию амни ин сарзамин ҳамеша омода мебошанд. Тамоми мардуми шарифи Тоҷикстони азизамонро зарур аст, ки дар замони муосир, ки тамоми шабакаҳои иҷтимои дилхоҳ маълумотҳои бардуруғро бар гуши мардум мерасонанд, ҳушёриву зиракии сиёсиро аз даст надода сулҳу суботи Ватани азизамонро волотар аз ҳама шуморанд. Зеро, ки хиёнаткорон ба ҳар роҳу усулҳои бардурӯғ мехоҳанд, ки мардумро бар зидди Ватани худ равона созанд. Тамоми халқиятҳо баҳри пешрафти ватанашон солҳои тулони сарҷамъона заҳмат кашидаанд, ки ба чунини пешравиҳо ноил гарданд. Дар замони Истиқлолият Тоҷикстон тавонист бо мардуми сарбаландаш ба пешравиҳои назаррас ноил гардад. Бунёди муассисаҳои таълимии замонавӣ, боиси он мегардад, ки фарзандонамон арзандаи чунини муассисаҳо мебошанд дар ин муассиасҳо ба донишандӯзӣ машғул бошанд. Бунёди неъругоҳҳои бузурги аҳмияти минтақавӣ дошта аз ҷумла Роғун, ки ба кор андохтани агрегатҳои он мо метавонем қувваи барқро ба давлатҳои ҳамсоия интиқол диҳем. Чунини пешравиҳо дар солҳои 90-ум барои мардуми тоҷик танҳо як орзу ва армон буду халос. Дар ҳақиқат истиқлолияти давлатӣ, ки имрӯз насиби мо гардидааст мебояд, ки онро пос дошт ва барои эмин нигоҳ доштани он тамоми тадбирҳоро андешид. Имрӯз мо бояд ба насли наврас таълим ва тарбия диҳем, ки гузаштаи худро нағз донанду душмани худро шинохта тавонанд. Корманди МИҲД-и ноҳия Ш. Маҳмадзода

Илова кард: Администратор | Илова шуд: 02-04-2024, 10:25:28 | Диданд: 539