Раиси ноҳия
Муовини аввали Раис
Дастгоҳи Раиси ноҳия
ТОП 10
1. Ҳар касеро баҳри коре сохтанд [диданд-8735]
2. ҶАВОНОН ПАЙРАВИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ [диданд-5788]
3. ҲИМОЯИ ВАТАН ВАЗИФАИ ҲАР ЯК ШАҲРВАНД АСТ [диданд-5164]
4. НИШАСТИ МАТБУОТИ [диданд-4651]
6. САРВАТИ БЕБАҲО [диданд-3961]
7. РУШДИ МАОРИФ [диданд-3956]
8. Табрикоти раиси ноҳия муҳтарам Ғафурзода Мусо Зариф [диданд-3952]
9. ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА ИТТИФОҚҲОИ КАСАБА [диданд-3944]
10. ДАР МЕҲМОНИИ САРБОЗОН [диданд-3653]
Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат,
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
Воридшави
Таквим
« | » | |||||
Дш | Сш | Чш | Пш | Ҷм | Шб | Яш |
Омор
- Хабархо: 2415
- Расмхо: 39
- Онлайн: 4
- Хамаги омаданд: 54102
Мардуми шарафманди тоҷик ба суханони ҳеҷ як палиде гуш нахоҳад дод.
Вокуниш: Чанде пеш наворе, аз ҷониби яке аз бешарафоне, ки худро мавлавӣ афғон мехонад , доири сатру хиҷоб, оид ба либосҳои занону бонувони тоҷик суханрони менамояд, боиси нафрати мо гардидааст. Пушида нест, ки ҳар як давлат ва миллат ба худ фарҳанг, урфу одат, арзишҳои миллии худро дорад, ки бо он дар ҷаҳон муаррифи мешавад. Лиибоси миллии мо низ як рукни фарҳанги миллат ба шумор рафта, ёдгоре аз гузаштагон аст, ки дар тӯли қарнҳо зебогиашро гум накардааст. Занон ва модарони азизи мо аз ибтидо либоси миллии тоҷикона аз ҷумла атласу чаканро дар бар намуда бо он ифтихор доштанд ва доранд. Боиси нигарониаст, ки имрӯз бешарафоне ёфт шуда нисбат ба тарзи либоспушии занону бонувони мо арзишҳои миллии мо баҳогузори менамоянд. Шахсе, ки дар давлати худ ҳуқуқҳои инсони поймол шуда, занон қадру қимат надоранд, ҳақи сухангуи надоранд. Занону бонувон модарон, ки аз онҳо зиндаги сарчашма мегиранд, ҳақу ҳуқуқҳояшон поймолшуда, духтарчаҳое, ки ба сини балоғат нарасида ҳоло ба оғуши гарми модар, муҳаббатҳои падар ниёз дораду бояд таълиму тарбия гиранд, хариду фуруш карда мешаванд, маҷбуран бо фишорҳо зани мӯйсафед мешаванд, пас аз кадом дин ҳарф мезананд. Дини мубини Ислом беҳтарин дин аст, ки инсониятро ба покизагӣ, некӣ даъват менамоянд. Чанде пеш наворҳое, ки аз тарафи мавлавӣ Абдулқадири Ҳомӣ ва Аҳмади Фирӯз бо баромади беасосу носозгори худ дар шабакаҳои интернетӣ пахш гардидаанд, моро водор месозад, ки нисбати ин амали палидонаи онҳо эътироз дошта бошем ва бетараф буда наметавонем. Маълум аст, ки Абдулқадири Ҳомӣ ва Аҳмади Фирӯз баробари равияи ифротиён қадам мезананд бо бад сохтани давлатдории мо пардохтан ва кишвари моро ҳамчун Афғонистон ба макони ҷангу ҷидол табдил доданиянд. Кишваре, ки дар дохили он поймолкунии ҳуқуқҳои инсон, хусусан занону бонувон ба чашм мерасад, кишваре, ки занону бонувон, модарони онҳо аз Созмонҳои байналмилалӣ баҳри ҳимояи ва ҳуқуқҳои худ кӯмак мепурсанд, дар дохили кишваре, ки бо шиддат истеҳсоли маводи мухаддир ба роҳ монда шудааст, имрӯз аз дину оин, аз сатру ҳиҷоб сухан мегуяд, чаро ба ном мавлавию руҳониҳои афғон дар фикри мушкилиҳои дохили кишвари худ, ки алакай глобали гаштааст, нестанду ҷиҳод намекунанд? Ба ин бешарафон ки ҳақ додааст, ки оид ба тарзи либоспӯшии занону бонувони тоҷики мо имрӯз сухангӯй бошанд? Мо Занон ва модарони сарбаланди тоҷик аз ибтидо либоси миллии тоҷиконаи худро дорем ва бо он ифтихор менамоем. Ҳаргиз намегузорем, ки ҳар бешарафу ифротгаре, нисбати фарҳанги бои мо, нисбат ба арзишҳои милии мо назари баде дошта бошанд. Бо сарбаланди иброз медорам, ки таҳти сиёсати хирадмандонаи Президенти маҳбуби кишвар , Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кишвар мақоми занону бонувон рӯз аз рӯз боло рафта занону бонувон, модарони азизи мо бо сарбаланди дар ҳама соҳаҳои мухталифи ҷомеа кору фаъолият намуда истодаанд. Дар масъалаи баланд бардоштани мақоми занону бонувон дар кишвар дар Паёми ҳамасолаи Пешвои муаззами миллат ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаҳои алоҳида барасӣ гардида як қатор санадҳои дахлдор рӯи кор омадааст. Мо бояд бо шукургузорӣ аз неъмати бебаҳо чун соҳибистиқлолӣ, ваҳдату ягонагӣ, осудагии кишвари азизамон намуда зери сиёсати хирадмандона ва дурбинонаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарҷамъ шуда аз Ватан, ки ҳамчун модар азиз аст, ҳимоя намоем. Ҳаргиз нагузорем, ки бешарафон нисбат ба арзишҳои миллии мо суханҳои ноҷо гӯянд. Мудири шуъбаи кор бо занон ва оилаи МИҲД-и ноҳия: Мирзоева Ш.
Илова кард: Администратор | Илова шуд: 13-06-2024, 12:38:53 | Диданд: 172