Раиси ноҳия
Муовини Раис
Дастгоҳи Раиси ноҳия
ТОП 10
1. Ҳар касеро баҳри коре сохтанд [диданд-8666]
2. ҶАВОНОН ПАЙРАВИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ [диданд-5765]
3. ҲИМОЯИ ВАТАН ВАЗИФАИ ҲАР ЯК ШАҲРВАНД АСТ [диданд-5112]
4. НИШАСТИ МАТБУОТИ [диданд-4625]
6. РУШДИ МАОРИФ [диданд-3933]
7. САРВАТИ БЕБАҲО [диданд-3928]
8. Табрикоти раиси ноҳия муҳтарам Ғафурзода Мусо Зариф [диданд-3928]
9. ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА ИТТИФОҚҲОИ КАСАБА [диданд-3924]
10. ДАР МЕҲМОНИИ САРБОЗОН [диданд-3629]
Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат,
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
Воридшави
Таквим
« | » | |||||
Дш | Сш | Чш | Пш | Ҷм | Шб | Яш |
Омор
- Хабархо: 2412
- Расмхо: 39
- Онлайн: 1
- Хамаги омаданд: 53396
Маърифати ҳуқуқӣ – масъалаи муҳимми ҳайёти ҷамъиятӣ
Маърифати ҳуқуқӣ – масъалаи муҳимми ҳайёти ҷамъиятӣ Маърифати ҳуқуқӣ бо мақсади тавсеаи донишҳои ҳуқуқи мавқеи меҳвариро ба худ касб менамояд. Дар раванди давлатдории миллӣ ва то рафт мураккаб гардидани авзои ҷомеаи ҷаҳонӣ баланд бардоштани фарҳанги ҳуқуқии ҷомеа аз ҷумлаи масъалаҳои муҳими ҳайёти имрӯза ба шумор меравад. Аз ҳамин нуқтаи назар, барои баланд бардоштани маърифати ҳуқуқи шаҳрвандон дар паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмлмалӣ Раҳмон ба маҷлиси Олӣ ва дигар суханрониҳояшон аз масъалаҳои асосии сиёсати дохилӣ ба шумор меравад. Ин аст, ки Ҳукумати мамлакат ҳанӯз аз солҳои авали истиқлоли давлатӣ ба ин самт таваҷҷуҳи хос зоҳир карда, бо мақсади боло бурдани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ, ҷандин санадҳои меъёрии ҳуқуқии муҳим ва барномаҳои алоҳидаро таҳия ва қабул намудааст. Қабул ва амалисозии санадҳои ҳуқуқӣ яке аз қадамҳои муҳимму умедбахш дар роҳи фароҳам овардани заминаҳои меъёрии ҳуқуқии ба маҷрои бонизом ва ояндадор равон кардани ҷомеа ба шумор мераванд, ки таҳкурсии боэътимоди барномаҳои минбаъдаи давлатӣ дар ин самтро асос гузоштаанд. Гузашта аз ин, асоси ташкилӣ – ҳуқуқии маҷмуи чорабиниҳои хусусияти омӯзишӣ – таблиғотӣ дошта ба хотири маърифати баланди ҳуқуқии табайаҳои гуногуни аҳолӣ фароҳам омад. Мутобиқи консепсияи сиёсати ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2028яке аз самтҳои муҳимми сиёсати ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон баланд бардоштани сатҳи маърифат ва шуури ҳуқуқии аҳолӣ, таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон маҳсуб мешавад. Дар ин замина баланд бардоштани фарҳанги ҳуқуқии аҳолии кишвар дар маҷмуъ ва махсусан фарҳанги ҳуқуқии ҷавонон ҳамчун насли нав, самти муҳимми сиёсати давлатии Тоҷикистон мебошад. Мантиқист, ки ташаккулёбии фарҳанги ҳуқуқии аҳолӣ аз сиёсати ҳуқуқии давлат бевосита вобастагӣ дорад. Агар сатҳи фаҳмиши ҳуқуқии аҳолии кишвар баланд бошад, сиёсати ҳуқуқӣ ба таври муассир ташакул меёбад, зеро донистани қонунҳо ва иштироки фаъоли шаҳрвандонро дар чорабиниҳои ҳуқуқӣ, давлатро ба қабул намудани меъёрҳои ҳуқуқии зарурӣ ва такмил додани низомӣ қонунгузорӣ ҳавасманд мегардонад. Таҳлилҳо собитгари он аст, ки бе иштироки шаҳрвандони фаъол, ки аз ҳуқуқҳои худ бохабаранд , бунёди давлати ҳуқуқбунёд ва ҷомеаи шаҳрвандӣ ғаёриимкон аст. Ҷавҳари ҷомеаи шаҳрвандӣ бошад, ба асли риояи ҳуқуқи инсон ва волоияти қонун устувор мебошад. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва озодиҳои инсонро арзиши олӣ эътироф ва муқаррар намудааст. Шаҳрванде, ки аз ҳуқуқҳои худ огоҳ аст, аз равандҳои рушд ва таҳаввул дар ҷомеа канор намонда, баръакс барои фатни зинаи навбатӣ бо такя ба соҳибҳуқуқӣ ва фаъолмандии худ такон мебахшад. Аз ин ҷост, ки баъди соҳибистиқолӣ барои тарбияи ҳуқуқии аҳолӣ дар сатҳи сиёсати давлатӣ иқдомҳои саривақтӣ ва натиҷабахш пеш гирифта шуданд. Ҳоло дар кишвари мо, на танҳо сохторҳои масъули давлатӣ вазифаи тағриби донишҳои ҳуқуқиро ба зимма доранд, балки иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ба ин кор ҷалб шудаанд. Дар баробари сохторҳои давлатӣ, ниҳодҳои ҷамъиятӣ низ дар самтҳои олоҳида, аз қабили ҳифзи ҳуқуқӣ кӯдакон, занон, ҳуқуқҳои хоҷагиҳои деҳқонӣ, кишоварзон, соҳибкорон маъракаҳои омӯзиширо ба анҷом мерасонанд. Бо назардошти таҷрибаи ҷаҳонӣ ва нақши калидии шаҳрвандони аз нигоҳи ҳуқуқӣ бомаърифат дар таъмини пешрафти давлатдории миллӣ бо иқдоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кишвари мо заминаи мукаммали ҳуқуқӣ-қонунӣ фароҳам омадааст. Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Ҳукумати мамлакат, барномаҳои вижаи давлатӣ дар соҳаи тарбияӣ ҳуқуқии аҳолӣ таҳия ва қабул гардидаанд. Гузашта аз ин, дар назди Вазорати адлия Шурои ҷумҳуриявии тарбияи ҳуқуқии аҳлӣ амал мекунад. Таваҷҷуҳ ва алоқамандии доими Пешвои миллат ба ин масъала зимни ироаи Паёми навбатӣ ба Маҷлиси Олии мамлакат бори дигар собит гардид, ки далели боризи он эълон гардидани соли 2024 ҳамчун Соли маърифати ҳуқуқӣ ба шумор меравад. Ин иқдоми Сарвари давлат, ки аз ҷониби мардум бо самимият истиқбол шуд, моро ба дурнамои неки таҳкими низоми демократӣ, ҷомеъаи адолатпарвар, ҳуқуқмеҳвар ва қонунсолор хушбин менамояд. Зеро, ҳамон тавре ки Пешвои муаззами миллат таъкид мекунад: “Рушди давлатӣ демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ ба сатҳи дониш ва маърифати ҳуқуқии аҳолӣ вобастагии зиёд дорад”. Ҳангоми ташаккули шуури баланди ҳуқуқии шаҳрвандон дар шароити рушди ҷомеаи итилоотӣ, инунин ба равонии шахс, ҳамчун шахсе, ки дараҷаи эҳтиёҷоти худро дар ҳайёт дорад, диққат додан муҳим аст. Аксар вақт бояд эътироф кунад, ки шахс омода аст ба қоидаҳои муайяни ҳаёт аз ҷумла меъёрҳои қонунгузорӣ мутобиқ шавад, агар барои рушди он шароити муайяни зарурӣ фароҳам оварда шавад. Дар ин ҷо низоми баҳисобгирии манфиатҳои давлат ва ҷомеа ба назар гирифта шавад. Ноил шудан ба тавозун дар ин кор имкон медиҳад, ки арзишҳои ҳуқуқ дар байни ҷомеа самараноктар тағриб карда шавад, ҳуқуқ ва тамоми низоми қонунгузори, пеш аз ҳама, ҳамчун ҳавасмандгардонӣ барои таъмини зиндагии шоиста ва шукуфон ба шаҳрвандон шарҳ дода шавад. Дар айни замон фарқ кардан мафҳумҳои “шароит” ва “ҳавастмандгардонӣ” хеле муҳим аст, зеро дар ҷомеа ҳамеша фаҳмиши бисёрҷонибаи калимаҳои пурмазмун мавҷуд аст. Ҳавастмандкунӣ бояд имтиёзҳо, беҳбудиҳо дар вазъи модӣ ё дигар ҳолат, даъвати ҷомеа барои мусоидат ба таҳкими тартиботи ҳуқуқӣ бошад. Шароит бояд дар асоси имкониятҳои давлат барои таъмини зиндагии шоиста бар шаҳрвандон ташаккул ёбад. Дар маҷмуъ, ҳамаи он омилҳо имкон медиҳанд, ки шуури ҳуқуқии шаҳрвандон аз даврони хурдӣ мунтазам баланд бардошта шавад. Воқеан, ҷомеае, ки ба инсонҳои бомаърифат ва табиятдида такя мекунад, аз шикасти ирода ва таназзул эмин буда, ба пирӯзии сартосарӣ ноил мегардад. Шукроонаи ҳуқуқии миллат аз бисёр ҷиҳат муайянкунандаи дараҷаи рушди давлат ва таъмингари эътибори он дар миқёсиси ҷаҳони муосир аст. Абарқудратҳои ҷаҳони имрӯза, ки болотарин сатҳи рушд ва зиндагиро соҳиб шудаанд, бо ширкати фаъоли ҳар як шаҳрванди аз нигоҳи ҳуқуқӣ соҳибмаърифати худ дар таъмини фаъолияти бобаробари соҳаҳои гуногуни давлатдорӣ камол ёфтаанд. Бо назардошти гуфтаҳои боло моро зарур аст, ки дар партави ҳидоятҳои падаронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои муаззами миллат дар доираи эълони соли 2024-Соли маърифати ҳуқуқӣ баҳри баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон саҳми арзанда дошта бошем, зеро маърифати ҳуқуқӣ барои пешрафти ҳайёти сиёсиву иҷтимоии ҷомеа нақши калиди дорад. Муовини раиси ноҳияи Восеъ Мирзозода Фаридун
Илова кард: Администратор | Илова шуд: 15-07-2024, 15:33:43 | Диданд: 358