МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ
ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ
НОҲИЯИ ВОСЕЪ

НАЗОРАТИ ИСТИФОДАИ ИНТЕРНЕТ БОЯД МАСЪУЛИЯТИ ВОЛИДАЙН БОШАД

НАЗОРАТИ ИСТИФОДАИ ИНТЕРНЕТ БОЯД МАСЪУЛИЯТИ ВОЛИДАЙН БОШАД

Эҳтиром  гузоштан ба  неъматҳои бебаҳо, аз ҷумла истиқлолияту давлатдории миллӣ вазифаи ҳар як шахси баору номуси тоҷик мебошад. Махсусан ин рабт дорад ба ҷавонон, ки онон давомдиҳандаи амалҳои неки волидону устодон ба шумор мераванд. Таҳлилҳо нишон доданд, ки яке аз сабабҳои рушди ин ё он кишвар  аз босаводу бомаърифатии қишри ҷавони ҷомеа сахт вобастагӣ дорад. Бинобар ин, ин насл бояд бо рафтору кирдору пиндори неки худ ҳифзкунандаи арзишҳои миллӣ ва суботи миллати худ бошад. Беш аз наваду нуҳ фисади мардуми Тоҷикистон, ки  пайрави дини мубини ислом ҳастанд бояд  фаромӯш насозанд, ки дини ислом ҳамчун дини поку беолоиш дар тарбият додани ҷавонон ва амнияту оромӣ нақши бузург дорад. Ҷавонон бо неруи  созандае, ки  доранд бояд ин неруи ғаниматро самаранок истифода кунанд. Таърих исбот сохтааст ки миллати тоҷик аз қадимулайём то ба имрӯз дорои хислатҳои худшиносиву ватанпарварӣ, урфу одат ва маданияти воло буду имрӯз  низ ин рисолатро аз даст надодааст. Исботи ин гуфтаҳо  он фарзандони баору номус ва олимоне ки бо беҳтарин амалҳояшон то имрӯз номашон дар таърих бо ҳарфи заррин сабт гардидааст, мебошанд. Аз ҷумла метавонем дар ин радиф номи Асосгузори адабиёти муосири тоҷик устод Айниро ёдовар шавем, ки барои ҳимояи вожаи «тоҷик» ё миллати  тоҷик чи қадар заҳмату ҷоннисриҳо кардааст.

Имӯз дар рӯзгори мо яке аз сарчашмаҳои муҳими дастрасӣ ба иттилоъ интернет маҳсуб мешавад.  Имрӯз дар баробари он ки мо аз интернету шабакаҳои иҷтимоӣ ҳамчун дастовард истифода мекунем, аммо як нуктаро бояд ба инобат гирифт, ки ин дастовард дар баъзе ҳолатҳо мушкилзо низ буда метавонад. Зеро фазои маҷозӣ як фазои идоранашаванда маҳсуб гардида, дар он ҳар лаҳза иттилои гуногун ҷойгир карда мешавад, ки мутолибаи на ҳамаи он ба манфиати хонанда, бахусус насли наврас ва ҷавонон мебошад. Дар баъзе ҳолатҳо мутаассифона яке аз сабабҳои ҷавлби ҷавонон ба ҷараёнҳои тундрав низ маҳз интернет ва шабакаҳои иҷтимоӣ маҳсуб мешавад.

Дуруст аст, ки ҷавонон ба сифати неруи созанда бо истифодаи пурсамар аз технологияи муосир, хусусан интернет ва бо андешаи солими худ метавонанд дар рушди ҷомеа саҳмгузор бошанд ва идеяву созандагии ҷавонон метавонад барои бунёди давлату ҷомеаи солим мусоидат намояд. Аммо агар Худо накарда, як ҷавоне дар натиҷаи истифодаи нодурусту танзимнашудаи интернет фирефтаи ким кадом як гурӯҳи манфиатҷӯ гардад, ин омил метавонад дар оянда ба ваҳдату оромии кишвар хатар эҷод менамояд. Бинобар ин паару модаронро зарур аст, ки танзиму назорати истифодаи интернет аз ҷониби фарзандонро ба ҳайси як бахши ниҳоят муҳими барноми тарбиявии худ бипазиранд, то фарзанди онҳо дар оянда “Боғи падар” бошад, на баръакс.

Нигинамо Ризоева,

сармутахассиси Кумита

бознашр аз http://www.din.tj/?q=node/991

Илова кард: Администратор | Илова шуд: 11-09-2018, 06:32:40 | Диданд: 1005