МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ
ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ
НОҲИЯИ ВОСЕЪ

Барои як кайк пустинро алов намезананд

Барои як кайк пустинро алов намезананд

Ман донишҷуи факултаи муносибатҳои байналмилалии шаҳри Москва Аслиддин мебошам. Қаблан ман то синфи 9-уми дар Гимназияи Исломии Тоҷикистон воқеъ дар шаҳри Душанбе таҳсил намуда будам. Ҳангоми таҳсил намуданам, устодони ман Абдулло, Ҳасан ва Аҳлиддин қайд мекарданд, ки беҳтарин аътои Худованд ин тенҷи ва саломати барои ҳар як шахс мебошад. Падари ман Амиров Олимҷон ба ҲНИ ниҳоят зиёд эҳтиром дошт. Ҳангоми ҲНИ бархам хурд, падарам барои муайян намудани далели то кадом дараҷа ин ҳизб гунаҳкор аст, як санҷиши худро гузаронд, ки дар натиҷа гунаҳкор будани ин ҳизб тасдиқи худро ёфт. Ман ҳамчун як фарди мусалмон аз бародарони ҲНИ, ки айни замон дар Аврупо қарор доранд, эҳтиромона хоҳиш мекунам, ки ин ҷангу ҷанҷолҳо обрӯи миллати тоҷикро дар арсаи байналмилали каме бошад ҳам таъсири манфиии худро мерасонад. Айни замон ҳамкурсонам, ки аз дигар давлатҳои хориҷӣ ҳамроҳи ман таҳсил мекунанд, аз ман пурсонд мешаванд, ки ин Ҳизби исломӣ чигуна ҳизб аст ва мақсад ӯ дар чи бошад. Хаммаи мо медонем, ки ҳизб дар шариати ислом ин ҳаромаст. Мардуми Тоҷикистон 99 фоизаш мусалмон мебошанд ва ҷойдоштани ин ҳизб дар ҷамияти исломӣ ба ягон талаботҳои ислом ҷавобгу намебошад. Бародарони ҲНИ агар Шумо ин ҳизби худро дар Аврупо ҳамчун ҳизби Исломии расмӣ дар Парлумонтҳои ин кишварҳои хориҷи ба қайд гузошта, фаъолияти худро оғоз мекардед, ин ба ҳаммаи талаботҳои шариати ислом ҷавобгу мешуд. Агар Шумо дар Аврупо 400 ва 1000 нафар гумроҳони ҳамҷинсгароиро аз роҳи бад баргардонда, онҳоро мусалмон мекардед, Шумо дар ин дунё ва дар охират бандагони беҳтарини худованд ба шумор мерафтед. Нофаҳми дар нишасти САҲА дар Варшава ба амал омада, ин обрӯи Шуморо боз ҳам камее бошад паст мекунад. Шумо дар тамоми нишастҳои худ дар бораи шиканҷа нисбат ба аъзоёни худ ҳарф мезанед. Агар мантиқан фикр кунем, дар солҳои қадим, ки домлоҳо сари қудрат буданд, шиканҷа, ғуломи, ба зани гирифтани духтарони 10 солаву 13 сола ҳазорҳо буданд. Айни замон мувофиқи қонунгузории ҳар як давлатҳо, ҳар кас мувофиқи гуноҳаш ҷазо мегиранд. Ҳатто давлатҳои исломи Арабистон, Қатар ва дигар давлатҳо гунаҳкоронро ҳукми қатл медиҳанд. Ҷазо додани як гунаҳкор, ин манои онро дорад, ки ҳимоя намудани 100 ҳо ва 1000 нафар шахсони бегуноҳ мебошад. Мардуми тоҷик дар солҳои қадим мегуфтанд, ки «Барои як кайк пустинро алов намезананд» яъне Шумо ҳангоми фаъолияти худ дар Тоҷикистон ҳамчун як ҳизби манфиатҷу худро нишон додед. Агар Шумо ҳамчун ҳизби исломӣ зарае, талаботҳои шариати исломро риоя намуда амал мекардед ва нафси болову поении худро нигоҳ медоштед, имруз чихели, ки мегуянд «Худо зада намешудед».

           Бародарон ман ҳамчун як ҷавони соҳиб Ватан аз Шумо хоҳиш мекунам, ки баҷои ҷангу ҷудол намудан, дар як сари дастархон нишаста, барои боз ҳам ободтар намудани Ватани азизамон Тоҷикистон кушиш кунем. Ягон давлати рӯи дунё барои обод намудани Тоҷикистон фикр ва кӯшиш ҳам намекунад.

 

 

 

Аслиддин Талбаков 

 

Илова кард: Администратор | Илова шуд: 13-09-2018, 12:55:50 | Диданд: 760