Раиси ноҳия
Муовини Раис
Дастгоҳи Раиси ноҳия
ТОП 10
1. Ҳар касеро баҳри коре сохтанд [диданд-8682]
2. ҶАВОНОН ПАЙРАВИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ [диданд-5772]
3. ҲИМОЯИ ВАТАН ВАЗИФАИ ҲАР ЯК ШАҲРВАНД АСТ [диданд-5131]
4. НИШАСТИ МАТБУОТИ [диданд-4631]
6. РУШДИ МАОРИФ [диданд-3940]
7. САРВАТИ БЕБАҲО [диданд-3937]
8. Табрикоти раиси ноҳия муҳтарам Ғафурзода Мусо Зариф [диданд-3935]
9. ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА ИТТИФОҚҲОИ КАСАБА [диданд-3931]
10. ДАР МЕҲМОНИИ САРБОЗОН [диданд-3639]
Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат,
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
Воридшави
Таквим
« | » | |||||
Дш | Сш | Чш | Пш | Ҷм | Шб | Яш |
Омор
- Хабархо: 2415
- Расмхо: 39
- Онлайн: 3
- Хамаги омаданд: 53759
БА ТОҶИКИСТОН ОСУДАГИВУ ПЕШРАФТ ЛОЗИМ АСТ, НА ХУШУНАТ (АНДЕША ДАР ҲОШИЯИ НИШАСТҲОИ САҲА)
Сару садоҳои дар ҳошияи ҷаласаи САҲА дар Варшава баамаломада ҳар тоҷику тоҷикистониро бетараф намегузорад. Дар ҳоле ки ҳайати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз сарҷамъиву дур гузоштани ѓаразҳо ва ободиву пешрафтҳо мегуфт, тарафи дигар, махсусан роҳбарони ТЭТ ҲНИ аз хусумату кинатӯзиҳо ва даъват барои қатъ намудани кумакҳо ба Тоҷикистон. Зимнан, Пайѓамбари Худо (с) мефармояд: «Ҳар касеро, ки дар дилаш кина бошад, мар-ӯро дин намебошад».
Ба чашми ақл нигарем, тарафи ҳукумат андешаҳоеро баён кард, ки барои имрӯзу фардои Тоҷикистон ниҳоят заруранд, яъне муттаҳидӣ ва ҳамбастагиву доштани фикри ободӣ.
Сайфулло Сафаров, муовини директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар анҷоми суханрониаш гуфт: «Мо барои ҳисобу китоб бо оппозитсияи худ наомадаем. Мо омадаем изҳор кунем, ки мавқеи мо муборизаи муштарак бо терроризму ифротгароист. Мо талошҳоямон барои баргардондани шаҳрвандонамон ба Ватанро ҳамчун талоши таъмини ҳуқуқи онҳо баррасӣ мекунем. Чунки бисёри онҳо раҳгум задаанд, онҳо ҷавонанд ва намедонанд, ки ин ҳизб (ҲНИ) чӣ созмонест».
Бале, дар ҳақиқат, аксари онҳое, ки ба ТЭТ ҲНИ дар хориҷи мамлакат пайвастаанд, ҷавонони ноогоҳ ва асосан камсаводанд. Онҳо дуруст дарк намекунанд, ки саркардагони ин созмонҳои иѓвоангез аслан парвои ҳалли масъалаҳои онҳоро надорад, барои онҳо танҳо шумора ва ҷонибдорон лозим аст, то ки бо сари баланд бигӯянд, ки онҳо чӣ миқдоранд. Мардум худ инро дар гузаштаи на чандон дӯр ба чашми сар баръало мушоҳида намуда буд.
Низомиддин Зоҳидзода, роҳбарои ҳайати Ҳукумати Тоҷикистон дар ин ҳамоиш ҳамкориҳо бо САҲА-ро аломати пойдор мондани Тоҷикистон ба уҳдадориҳои худ дар масоили озодӣ ва ҳуқуқи инсон номид. “Вале, афзуд ӯ, бархӯрд бо меъёри "дугуна”-и кишварҳои алоҳидаи узви САҲА нисбат ба гуруҳҳои ифротиву террористӣ шароитро буҳронӣ мекунанд. Террористону ифротгароҳоро набояд ба худиву бегона ҷудо кард”.
Воқеан ҳам ҳамин тавр аст. Вагарна, чӣ гуна метавон ба ТЭТ ҲНИ, ки бо қарори Суди Олӣ ташкилоти экстремистию террористӣ эълон шудааст, дар ин созмон минбар дод? Созмони ҳамкории Шанхай онро террористӣ эътироф кардааст-ку? Чӣ, магар давлатҳои аъзои ин созмон бо САҲА ҳамкорӣ надоранд? Онҳо низ аъзои ин созмонанд. Вале на дар ҳама ҳолат САҲА дар шинохти ҷараёнҳои ифротиву террористӣ баҳои воқеӣ медиҳад. "Ҷомаеи шаҳрвандӣ" гуфта, онҳо ТЭТ ҲНИ ва “Гурӯҳи 24”-ро низ дар назар доранд. Дар ҳоле, ки ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистон фаъолияти гурӯҳҳои ифротию террористие чун ҲНИ ва “Гурӯҳи 24”-ро шадидан маҳкум мекунанд. Пас, САҲА-ро мебояд, барномаи фаъолияти худро дар ин самт ба таври ҷиддӣ бозбинӣ кунад.
Абдулбасир Саидов,
ҷонишини аввали Раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон
Илова кард: Администратор | Илова шуд: 17-09-2018, 07:54:58 | Диданд: 846