МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ
ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ
НОҲИЯИ ВОСЕЪ

ИСЛОМПАНОҲИ ЗИШТКОРАНД, ДАРЕҒ

ИСЛОМПАНОҲИ ЗИШТКОРАНД, ДАРЕҒ

Дар чанд соли охир ба назар мерасад, ки ТЭТ ҲНИ эҳсос кардааст, ки мардум аз ҳамаи ҳадафҳои пасипардагии ӯву хоҷагони хориҷиаш огоҳ гардидаанд. Аз ин лиҳоз, дар яке аз нишастҳои худ роҳбари ин ташкилоти ифротиву террористӣ Муҳиддин Кабирӣ иброз намуда буд, ки мо бояд ба таъсиси эътилофе даст ёбем, ки дар он эътилоф аслан номи “наҳзат” ва “ислом” ҷой надошта бошад. Барои таъсиси чунин эътилоф Кабирӣ талоши зиёд кард. Аммо ҳеҷ як гурӯҳи мухолифе омода нашуд, ки бо ӯ ҳампаймон гардид. Ҳатто роҳбари гурӯҳи мухолифи “Ватандор” Додоҷон Атовуллоев иброз намуд, ки “Мо бо касе паймон хоҳем кард, ки паймон нашикастаанд”. Ташкилоти “Гурӯҳи 24” ҳама гуна равобиту ҳамкориро бо ТЭТ ҲНИ қатъ намуд. Аз ин лиҳоз, Кабириву ҳамроҳонаш сахт эҳсоси танҳоӣ карданд. Зеро бояд аз маблағҳои гирифтаашон пеши хоҷагонашон ҳисобот диҳанд. Аз ин хотир, онҳо чанд узви саргардони наҳзатро ҷамъ намуда, ба чанд гурӯҳи дигар тақсим карданд ва бо ҳамин гурӯҳакон эътилоферо бо номи “Паймони миллии Тоҷикистон” таъсис доданд. Дуруст аст, ки ҳадафи Кабирӣ танҳо ва танҳо тиҷорат аст. Аммо барои муваффақият дар ҷодаи тиҷорат Кабирӣ аз ҳуқуқи инсонсухан мегӯяд. Дар ҳоле ки аз ҳуқуқи инсон, шарофати инсон он нафароне ҳаққи сухан доранд, ки худашон нишонаи некӣ ва шарофат бошанд.

Боиси нигаронист, ки ҳоло дар ҷомеаи ҷаҳонӣ ба ифроту терроризм таърифи ягона намедиҳанд ва ин боис мегардад, ки сиёсатҳои чандгона дар робита ба шинохти ҷараёнҳои тундгаро татбиқ гарданд. Ҳоло чунин сиёсатро мо дар амалкардҳои Созмони Амнияту ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) мушоҳида намуда истодаем, ки новобаста аз он ки ТЭТ ҲНИ дар 13 давлати узви ин созмон ҳамчун ташкилоти экстремистию террористӣ шинохта шудааст, ба ин гурӯҳи ифротӣ минбар медиҳад.

Оятҳои қуръонӣ ҳама аз он гувоҳӣ медиҳад, ки дин сарҷамъӣ ва муттаҳиду якпорчагии мардумро мехоҳад. (Анфол,46 ва Оли Имрон, 105). Аслан ба номи поки ислом таъсис додани ҳизбу ҳаракатҳои манфиатхоҳ худ як амале аст, ки дин онро маҳкум менамояд.

Сайидои Насафӣ гуфтааст:

Ҳар кӣ бар душмании халқ равон аст чу баҳр,

Зуд бошад, ки сари хеш чу гирдоб хурад…

Аз ин рӯ, сиёсӣ сохтани дин дар тӯли таърих барои мардум оромӣ ва осоиштагиро наовардааст. Ва ин масъала метавонад дар мадди назари ҳамагон қарор бигирад. Бешак, шахсоне, ки фармонбардорӣ аз хоҷагони хориҷии худ мекунанд, онҳо то ҳол эҳтирому арҷ гузоштан ба падару модари худро наомухтаанд. Шоири бамаврид гуфтааст:

Исломпаноҳи зишткоранд, дареғ,

Дар чашми замона мисли хоранд, дареғ,

Иблистабори корзоранд, дареғ,

Дар хонаи ислом чу моранд, дареғ,

Морони сиёҳи заҳрдоранд, дареғ.

Барои шахсоне, ки ифтихор аз ватану ватандорӣ наменамоянд, марг беҳтар аст аз он ки бо чанд маблағи ҳароми давлате ё ташкилоте муқобили давлату миллати худ қиём кунад. Аммо афсӯс ки барои наҳзатиён дигар чизи муқаддасе боқӣ намондааст.

Муслиҳиддин Хоҷамиров,

мутахассиси пешбари Кумита

бознашр аз http://www.din.tj/?q=node/1019

Илова кард: Администратор | Илова шуд: 17-09-2018, 07:58:21 | Диданд: 762