Раиси ноҳия
Муовини Раис
Дастгоҳи Раиси ноҳия
ТОП 10
1. Ҳар касеро баҳри коре сохтанд [диданд-8682]
2. ҶАВОНОН ПАЙРАВИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ [диданд-5772]
3. ҲИМОЯИ ВАТАН ВАЗИФАИ ҲАР ЯК ШАҲРВАНД АСТ [диданд-5131]
4. НИШАСТИ МАТБУОТИ [диданд-4631]
6. РУШДИ МАОРИФ [диданд-3940]
7. САРВАТИ БЕБАҲО [диданд-3937]
8. Табрикоти раиси ноҳия муҳтарам Ғафурзода Мусо Зариф [диданд-3935]
9. ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА ИТТИФОҚҲОИ КАСАБА [диданд-3931]
10. ДАР МЕҲМОНИИ САРБОЗОН [диданд-3639]
Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат,
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
Воридшави
Таквим
« | » | |||||
Дш | Сш | Чш | Пш | Ҷм | Шб | Яш |
Омор
- Хабархо: 2415
- Расмхо: 39
- Онлайн: 2
- Хамаги омаданд: 53762
Конфронси САҲА –Минбар ба бӯстонҳои нав?
Аз маводҳои баъзе расонаҳои хабарӣ маълум гашт, ки дар нимаи дуюми моҳи сентябри соли равон дар пойтахти Полша шаҳри Варшава конфронси солонаи Созмони амният (САҲА) ва ҳамкорӣ дар Аврупо таҳти унвони «Оид ба чораҳои татбиқшуда дар самти андозагирии инсонӣ» баргузор мегардад, ки ба он ин дафъа низ фаъолони ТТЭ ҲНИ даъват шудаанд. Бояд қайд кард, ки тамоми аъзоёни САҲА воқифанд, ки моҳи сентябри соли 2015 Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон собиқ ҲНИТ-ро ташкилоти террористӣ-экстремистӣ эълон кардааст.
Бар замми ин, аз 57 кишвари аъзои САҲА 13 кишвар инчунин аъзои сохторҳои дигари сиёсӣ ва ҳифзи ҳуқуқи байналмиллалӣ (СМЗТ СҲШ, МЗТ ИДМ, СААД, Интерпол) ТТЭ ҲНИ-ро ташкилоти террорристӣ-экстремистӣ эътироф кардаанд. Аз ин гуфтаҳо бармеояд, ки онҳо аз руи стандарти дугона кору фаъолият мебаранд. Гуруҳҳои террористӣ-эксремистиро вобаста аз манфиатҳояшон ба «хуб»-у «бад»- ҷудо мекунанд.
Ҳангоми баромадҳояшон доимо қайд мекунанд, ки мо бояд муборизаро бар зидди чунин гурӯҳҳои зиддиинсонӣ пурзӯр намоем, зеро ки хатари онҳо ба амнияти тамоми кишварҳои ҷаҳон рӯз аз рӯз афзуда истодааст.
Лекин мутаассифона гуфтаҳои бисёрии онҳо бо амалашон рост наомада истодааст. Конфронсе, ки бо роҳбарии САҲА дар шаҳри Варшаваи Ҷумҳурии Полша гузаронида мешавад барои боз ҳам паст рафтани обрӯву нуфузи ин ташкилоти байнидавлатӣ мусоидат менамояд, зеро ки вай барои гуруҳи террористӣ-экстремистии дар боло зикршуда имконият дода истодааст, ки баромад намуда, дар бораи мақсадҳои ғаразноки худ ҳарф занад.
Мақсаде, ки гурӯҳи террористӣ-экстремистии ҲНИ пеши худ гузоштааст ба ҳамагон маълум аст, лекин саволе ба миён меояд, ки мақсади асосии САҲА чист? Оё ин созмон метавонад, ки барои пурзӯр намудани амнияти миллӣ, минтақавӣ ва ҷаҳонӣ мусоидат намояд. Агар ҳа, пас барои чӣ ин созмон вазифаи аввалиндараҷаи худро иҷро накарда, ба чунин амалҳои номатлуб даст зада истодааст? Шояд ҳамин гуна амалҳои номатлуби САҲА буд, ки фаъолияти он дар чунин кишварҳо ба монанди Руссия, Белорусия, Озорбойҷон ва як қатор кишварҳои дигари аъзои ИДМ қатъ карда шуд.
Намояндагони ин кишварҳо ба хулоса омаданд, ки аз ҳамкорӣ бо чунин созмони «стандарти дугона» дошта аҳамияте барои давлат ва халқи онҳо нахоҳад дошт. Ин созмон яке аз пунктҳои асосии фаъолияти худро, ки он мубориза бо терроризми байналхалқи аст, иҷро накарда истодааст. Аз ин лиҳоз фаъолияти чунин созмони байналхалқӣ дар ҳудуди кишвари мо низ аҳамияти худро гум карда истодааст.
САҲА яке аз созмонҳои байниҳукуматӣ буда, дар қабули қарорҳои ҷиддӣ мустақил нест, зеро ки вай вобаста ба манфиатҳои баъзе давлатҳои бузурги Аврупо кору фаъолият менамояд. Ин созмонро ҳамчун воситаи расидан ба ҳадафҳои муайян истифода мебаранд.
Пиру ҷавони ба ору номуси шаҳри бостонии Кўлоб баробари огаҳӣ ёфтан аз расонаҳои хабарӣ дар бораи таъсис ёфтани ташкилоти наве аз ҷониби Анҷумани озодандешони тоҷик, Ҷунбиши ислоҳот ва рушд,Ассосиатсияи муҳоҷирини Осиёи Марказӣ ва ТТЭ ҲНИ бо номи “Паймони миллӣ” дар шаҳри Варшава,пойтахти Лаҳистон иқдом намудем, ки расман фаъолияти чунин созмоне, ки бо ташаббуси як гурўҳ хоинон ва душманони миллат таъсис ёфтааст, қатъан маҳкум намоем, зеро ташкилот ва ниҳодҳое, ки то дирўз бо кўмак ва пуштибонии хоҷагони хориҷии хеш ва бо роҳнамоии ТТЭ ҲНИ хиёнат ба миллату Ватан намуда, пайваста дар ҳаққи Тоҷикистону озоду соҳибистиқлол бадгўиҳо менамуданд, нафароне, ки барои расидан ба ҳадафҳои нопоки хеш дигарбора ба даст силоҳ гирифтаву хостори ноором кардани фазои осудаи Тоҷикистони азизи мо гаштанд, бо кадом асос ва бо кадом ҳуқуқ имрўз номи миллат ва Тоҷикистонро ба чунин як ташкилоти душманони миллат ҳамроҳ намудаву номи кишвару миллатро доғдор месозанд. Онҳо имрўз ҳуқуқи маънавии аз номи миллат ва Тоҷикистон сухан гуфтанро надоранд ва қатъан талаб мешавад, ки аз номи ин ташкилот номи миллат ва давлати Тоҷикистон бардошта шавад. Аслан, ин созмон ҳаргиз ташкилоте нав ё паймоне дигар наметавонад бошад, чун он ҳар чаҳор созмони гўё ба ҳам омада, ҳамон гурўҳҳое ҳастанд, ки ба як хоҷа хидмат намуда, ҳадафашон ноором сохтани Тоҷикистони азизи мо аст. Мо ҷавонон ин ташкилотро аслан паймони душманону хоинони миллат унвон мегузорем, ки солҳо дар фикри ноором кардани фазои кишвар ҳастанд. Аз ин рў, аз тамоми шаҳрвандони Тоҷикистон, хоса тоҷикони бурунмарзӣ даъват ба амал меоварем, ки ҳаргиз фирефтаи дасисаву суханҳои ин гурўҳҳои хиёнаткор нашаванд. Зиракию сиёсиро аз даст надода, пайваста дар фикри ободии сарзамини азизи хеш бошанд, зеро Ватан барои ҳамаи инсонҳои сайёраи рўи замин, ононе, ки соҳибватананд, азизу муқаддас аст. Мо, ҳамагон якҷоя бояд шукргузорӣ аз ҳастии чунин Ватани азизу муқаддас кунем ва ҳаргиз ба душманони миллат иҷозат надиҳем, ки ин Ватан – ин пораи хоки муқаддасро бадном кунанд ё дар андешаи парокандагии он бошанд. Албатта, ҳаргиз ин хоинону душманони миллат ба ҳадафи хеш намерасанд ва ин сарзамини поку муқаддас, ин Ватани азиз ҷовидон пойдор хоҳад монд.
Дар баробари ин, вобаста ба баргузории машварати солонаи навбатии солонаи Дафтари ниҳодҳоидемократӣваҳуқуқиинсони САҲА бо таассуф изҳор мекунем, ки новобаста ба изҳороти фаровони ҷомеаҳои шаҳрвандии Тоҷикистон, эътирофи ТТЭ ҲНИ ҳамчун созмони террористӣ ва экстремистӣ аз сўи гурўҳи калони кишварҳои аъзои САҲА намояндагон ва ҷонибдорони ин ташкилоти террористиро ба машварат даъват намуда, ҳатто иҷозат дод, ки дар толори ҷаласа маҷмўи қоидаҳои баргузории нишасту маҷлисҳоро вайрон намоянд. Ин ташкилоти бонуфузи ҷаҳонӣ, ки бояд ҳадафи аслиаш пешгирӣ аз экстремизм ва терроризм аст, бояд ҳаргиз барои сўистифодаи ин гурўҳҳо иҷозат намедод, то мухолифин дар толор ва долонҳои ин нишаст гўё онро “шаҳри бедарвоза” унвон карда, ҳар чӣ хостанд, анҷом диҳанд.
Чунин муносибати САҲА бо намояндагони паймони навтаъсиси душманони миллати тоҷик баръакс шаъну эътибори онро поин бурда, нишон дод, ки баръакс ин ташкилоти ҷаҳонӣ аз онҳо пуштибонӣ дорад. Ба андешаи мо, маҳз ҳамин гуна муносибати САҲА –ро имрўз аксари кишварҳои минтақа ба дурустӣ маърифат намудаанд, ки аллакай идомаи фаъолияти онро дар кишварҳои хеш қатъ кардаанд. Вақте ки САҲА мавқеи ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистон, гурўҳи калони мамлакатҳои узви хешро дар мавриди эътирофи ҲНИ ҳамчун ташкилоти террористӣ ва экремистӣ ба эътибор нагирифта, баръакс аз онҳо пуштибонӣ мекунад, вақти он расидааст, ки ба фаъолияти он дар Тоҷикистон низ хотима дода шавад.
Муҳаббат Раҳматова
сокини шаҳри бостонии Кўлоб
Илова кард: Администратор | Илова шуд: 18-09-2018, 12:01:17 | Диданд: 670