Раиси ноҳия
Муовини Раис
Дастгоҳи Раиси ноҳия
ТОП 10
1. Ҳар касеро баҳри коре сохтанд [диданд-8683]
2. ҶАВОНОН ПАЙРАВИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ [диданд-5772]
3. ҲИМОЯИ ВАТАН ВАЗИФАИ ҲАР ЯК ШАҲРВАНД АСТ [диданд-5131]
4. НИШАСТИ МАТБУОТИ [диданд-4631]
6. РУШДИ МАОРИФ [диданд-3940]
7. САРВАТИ БЕБАҲО [диданд-3937]
8. Табрикоти раиси ноҳия муҳтарам Ғафурзода Мусо Зариф [диданд-3935]
9. ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА ИТТИФОҚҲОИ КАСАБА [диданд-3931]
10. ДАР МЕҲМОНИИ САРБОЗОН [диданд-3640]
Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат,
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
Воридшави
Таквим
« | » | |||||
Дш | Сш | Чш | Пш | Ҷм | Шб | Яш |
Омор
- Хабархо: 2415
- Расмхо: 39
- Онлайн: 3
- Хамаги омаданд: 53782
Ҷумбиши мазҳабии Кабирӣ дар Тоҷикистон инқилоб намеорад.
10-уми сентябри соли равон дар шаҳри Варшава ҳамоиши навбатии САҲА ба кори худ шуруъ кард, ки ба раванди сиёсии ҷомеаи мо таъсир худро мерасонад. Зеро Тоҷикистон ҳамчун аъзои комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ ва САҲА дар ҳамоиши мазкур иштирок намуд. Аммо дар қатори аъзоёни давлатҳои созмон боз ҳизбу созмонҳои мухолиф ва шахсони ба ном “активист” ширкат варзида, барои онҳо курсӣ ва баландгӯяк муҳайё намуданд, ки аз сиёсати “дугонаи САҲА” дарак медиҳад.
САҲА дар қатори ҳукумати Тоҷикистон боз намояндагони ТТЭ ҲНИ ва ҳизбу созмонҳои дигари ифротӣ ва мухолифи давлати моро ба созмон расман даъват намуд. Дар баромади худ раиси ТТЭ ҲНИ Муҳиддин Кабирӣ ва командаи “ифротии” ӯ фақат давлати моро назди ҷомеаи ҷаҳонӣ сияҳ карда, бо ин амал барои худ “очко” гирифтанд.
Баъди суханронии Муҳиддини хоин, раиси ба ном Ассотсиатсияи муҳоҷирони Осиёи Марказӣ Илҳом Ёқубов зери унвони “Озодӣ ва ошкорбаёнӣ” ба сухан баромада, гӯё аз набудани озодӣ ба сухан, андеша, ВАО ва дастрасӣ ба иттилоот дар муддати 5 дақиқа изҳори андеша намуд. Суханронии ӯ саршор дурӯғ буда, худро ҳамчун “эксперт” вонамуд мекард. Лек ӯ “эксперт” набуда, “тӯтӣ” ва ё ба истилоҳ “попугай” аст.
Маълум шуд, ки худи ӯ баромадашро тайёр накардаасту бар ивази чанд тангаи “ҳаром” мисли “тӯтӣ” гап мезанад. Худаш ҳам сарфаҳм намеравад, ки чӣ мегӯяд. Баъди анҷоми ҳамоиши САҲА хоҷагони Илҳом барои ӯ “тӯҳфаҳои хотиравӣ” тайёр намудаанд ва ин “сюрприз” аз ҷасорат ва корнамоиҳои Илҳоми хоин вобастагии калон дорад. Илҳоми ватанфурӯш маҷбур шуда истодааст, ки тамоми маҳорати худро истифода бурда, чашми меҳмонон ва иштирокчиёни ҳамоиш Тоҷикистонро сияҳ нишон диҳад ва аз ин қабат-қабат гӯшт гирад.
Тули 27 сол мешавад, ки Тоҷикистон ва мардуми тоҷик соҳиби истиқлолият ва оромиву сулҳу субот мебошанд. Рӯз то рӯз гулгулшукуфоиву ободии Тоҷикистони азиз на танҳо ба мардуми он, балки ба мардуми тамоми ҷаҳон айён гардида истодааст. Халқи мо баъд аз ҷанги шаҳрвандие, ки солҳо давом кард ҷон ба лаб омада, шукри ана ҳамин истиқлолияту тинҷиву осоиштагиро мекунанд. Дар дили ҳар як шаҳрванди Тоҷикистоние, ки шоҳиди бевоситаи ин ҳодисаҳои нохуш ва марговар гардида буданд ҳануз ҳам захмҳо боқӣ мондаанд. Аммо имрӯз нафаронеро низ вохӯрдан мумкин аст, ки меҳнатҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мухтарам Эмомали Раҳмонро, ки тули 27 сол давом ёфта истодааст нодида гирифта мехоҳанд, ки боз вазъияти муташаниҷро ба миён оварда, ин оромӣ ва ин сулҳу суботро пароканда карда, мардуми тоҷикро боз ба оворагиву сарсонӣ оварда расонанд.
Яке аз чунин шахсони хоину Ватанфурӯш собиқ сардори ҲНИ М. Кабири мебошад. Ин ашхос дар ҷумҳурии мо бо ташкили гурӯҳҳои экстремистиву террористӣ машғул буда, ҳазорҳо нафарон шаҳрвандони моро бо роҳи фиреб ва истифода аз ҳолатҳои моддиву маънавӣ ва камсаводии онҳо сӯистифода бурда, онҳоро ба ҷангҳои Сурияву Ироқ бо ҳаммаслаконаш ҷалб мекард ва карда истодааст, ки боиси зарарҳои ҷиддии маънавии мардуми тоҷик гардидааст.
Дар баромади навбатии худ Кабирӣ дар конфронси САҲА, ки ҳафтаи сипаришуда (9.09.2018) дар шаҳри Варшава гузашт баромад карда, оид ба гурӯҳи ифротии навбатӣ бо номи «Паймони миллии Тоҷикистон» суханронӣ намуда, иброз дошт, ки гӯё дар Тоҷикистон ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд поймол гардида, сохтори демократӣ вуҷуд надошта, дар он ҷо озодии сухан риоя карда намешавад ва ҳуқуқ низ дар як чаҳорчубаи муайян амалӣ намегардад.
Бояд фаромуш накард, ки маҳз чунин нафарон ва пайравони онҳо сабаби бесару сомониҳое, ки қариб дар тамоми давлатҳои исломӣ ба назар мерасад мегарданд. Имрӯз ин шахс мехоҳад, ки бо кирдорҳои нопокӣ худ ва таъсис додани чунин гурӯҳ ҷомеаи ҷаҳониро аз кирдорҳои «некӣ» худ хабардор кунад, лекин хато мекунад, чунки мардуми мо аллакай аз рӯи «ниқобдор» ва аслии ӯ бохабаранд. Дигар халқи тоҷик ба ҳар касу нокас бовар намекунанд, чунки «кӯр асояшро як бор гум мекунад».
Бинобар ин, бояд Кабирӣ, ҳаммаслакони ӯ ва душманони миллати тоҷик донанд, ки ҳатто дар афсонаҳои кӯдакона омадааст, ки «Бадхоҳу, бадфеълу бадкирдору бадгӯй ҳаргиз ба мақсадаш намерасад».
Шарифхон Тиллоев-рeзноманигор
Илова кард: Администратор | Илова шуд: 26-09-2018, 13:17:23 | Диданд: 689