МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ
ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ
НОҲИЯИ ВОСЕЪ

ЧАРО РАҲБАРИ ҲИЗБИ БАРКАНОРШУДАИ ИСЛОМӢ М. КАБИРӢ ПЕШРАФТИ ТОҶИКИСТОНРО ДИДАН НАМЕХОҲАД? ИН ШАХСОН ХОИНОНИ ДАВЛАТАНД.

ЧАРО РАҲБАРИ ҲИЗБИ БАРКАНОРШУДАИ ИСЛОМӢ М. КАБИРӢ ПЕШРАФТИ ТОҶИКИСТОНРО ДИДАН НАМЕХОҲАД? ИН ШАХСОН ХОИНОНИ ДАВЛАТАНД.

Мусоҳибаи раиси ҳизби мамнуъшудаи наҳзати исломии Тоҷикистон Муҳиддин Кабириро хабаргузории рақами аввали Олмон – Deusch Welle дар хусуси баста шудани ҳизб ва дигар масоили вобаста ба он нашр намудааст, ки хонанда пас аз мутолиаи он ба андеша фурў мераваду мақоли маъмулии «Дузди зўр соҳиби говро бастааст» ба хотираш меояд. Наход инсон то ба ҳамин дараҷа инсофу дину диёнати хешро фурўхта, чунон ҳарф занад, ки вай ва ҳаммаслаконаш моҳи бе айб бошанд? Дар мусоҳиба бо намояндаи хабаргузорӣ чунон бовиқорона ва ба таври худаш муаддабона ҷавоб гуфтааст, ки гўё маҷбуран ва аз рўйи хусумат, барои яккатозии ҳукумати феълии Тоҷикистон чунин амал содир шуда бошад. Ҳол он ки М. Кабирӣ ва ҳаммаслаконаш хуб медонанд, бо гуноҳи онҳо чандин корхонаву муассисаҳо бидуни риояи талаботи қонунҳои ҷорӣ аз худ карда шуда, инчунин, дар натиҷаи амалиёти ноҷавонмардонаи онҳо шахсони бегуноҳ низ ҷон ба ҳақ супурданд.

Худи М.Кабирӣ хуб медонад, ки миллати тоҷик аз азал фарҳангдўсту сулҳпарвар ва тамаддунофар буду ҳаст ва ҳамин тавр хоҳад монд. Халқи тоҷик ҳеҷ гоҳе хуни ноҳақ ҳам нарехтаву барои тасарруфи замини бегонагон ҳам ҷаҳд накардааст. Донишмандону нухбагонаш ба ноадолатӣ ва бедодгариҳои таърихӣ аз нигоҳи фарҳангу маданият нигариста, ҳамеша кўшидаанд, ки онҳоро бо роҳи дўстию мусолиҳатомез ҳал намоянд. Тимсоли бузурги чунин мардони фарзонааш Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон мебошад.

Ҳамин ѓамхории Сарвари давлат буд, ки ба ҷавонон, аз ҷумла, ба М. Кабирӣ барин шахсон бовар карда, барои фаъолияташон баҳри ободии ҷомеа роҳ кушоданд, мутаассифона, ин гуна имкониятро нодида гирифта, пеши по заданд. Бисёре аз худ бохтагону бегонапарастон (назирашон Муҳиддин Кабирӣ), ки дар дохил чун мор ба воя расидаанд, ҳар лаҳза ба ин фарҳанги мутамаддин неш мезаданд ва зиён меоварданд. Дар тўли таърих маҳз бо дасти ҳамин худиҳои бегонашуда мусибати зиёде бар сари миллати тоҷик таҳмил шудааст. Чунин кирдори хиёнаткоронаи ин морсиратонро ҳанўз ҳазорсол қабл аз ин Одамушшуаро устод Рўдакӣ баҳо додааст:

 

Морро ҳарчанд беҳтар парварӣ,

Чун яке хашм оварад, кайфар барӣ.

 

Дар мусоҳибаи хеш М. Кабирӣ навиштааст, ки: «Дар сурати шикаст хўрдан ё заиф шудани «Давлати Исломӣ» дар Шарқи наздик, бештари онҳое, ки аз Осиёи Миёна ба он ҷо рафтаанд, маҷбур мешаванд ба минтақа баргарданд, ки хатари ҷиддие барои Тоҷикистон хоҳад буд». Ў ѓофил аз он аст, ки Ҳукумати Тоҷикистон бо мамолики собиқ Иттиҳоди Шўравӣ, бахусус, мамлакатҳои Осиёи Миёна аҳди сулҳу паймон, доду гирифти ҳасана дорад ва ў бо чунин андешаҳои бепояаш тоҷиконро тарс доданӣ мешавад. Бо ин ёвагўиҳо худро тассалӣ дода сафед кардан камоли оқилӣ нест. Бар замми ин, Ҷумҳурии Тоҷикистон бо доштани лавозимоти ҳарбӣ, кадрҳои пурқуввати соҳаи мудофиа қодир аст амнияти миллӣ ва ҳифзи кишварро таъмин созад. Қаҳрамони Тоҷикистон, устод Мирзо Турсунзода ҳанўз замони Ҷанги Бузурги ватанӣ бар зидди гитлерчиён таъкид намуда буд, ки «Сар ба полезат дарорад хук агар, сар мезанам».

 

 

Назарова Ҳ.-сармутахассиси шуъбаи кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия

 

Илова кард: Администратор | Илова шуд: 24-04-2019, 12:51:24 | Диданд: 481