МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ
ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ
НОҲИЯИ ВОСЕЪ

СОҲИБИХТИЁРӢ-САОДАТИ ЗИНДАГӢ

СОҲИБИХТИЁРӢ-САОДАТИ ЗИНДАГӢ

Ҷомеа дигаргун мешавад. Баробари ин равиши зиндагӣ низ тағйир ёфта, баробари он неку бад мешавад. Хушбахтона, барои мардуми Тоҷикистон ин дигаргунӣ бахту саодат овард. Ва мардум ба куллӣ аз ин дигаргунӣ розию қаноатманданд.

Ба даст овардани Истиқлолияти миллӣ аз ҷумлаи ин дигаргуниҳост, ки барои халқи Тоҷикистон насиб гардид. Давлати Тоҷикистон имконият пайдо намуд, ки акнун худаш дар арсаи ҷаҳон баромад карда, масъалагузорӣ намояд ва баҳри ҳалли онҳо ҷидду ҷаҳд намояд. Масъалаҳои пайдошудаи дохилиро мувофиқи салоҳдиди худ ҳал намояд. Натиҷаи ҳамин буд, ки дар як муддати кутоҳи таърихӣ Ҷумҳурии Тоҷсикистон рушд намуда, дар радифи мамолики пешрафта қарор гирифт.

 Бояд тазаккур дод, ки дар ҳамаи ин дигаргунию пешравӣ, беҳдошти зиндагӣ саҳми фарзанди фарзонаи миллат Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бесобиқа аст.  Ин ҳама натиҷаи сиёсати роҳбари хирадманд, фозилу асили миллат ва бо боварии комил метавон гуфт, ки пешвои миллат буд, ки Тоҷикистонро аз вартаи пошхурию барҳамзанӣ берун кашид, мардуми парокандаи онро ба ҳам овард, ба ҳамдигар дасти дӯстӣ бахшиду муттаҳид кард. Ин кор дар таърих назир надорад. Миллати бофарҳангу ботамаддуни тоҷик ба пешвои худ бовар кард, бо нишондоду роҳи пешвояш рафт ва хато накард. Ва шаҳди ин амалашро имрӯз мечашад. Ва Худо кунад, ки ин ҳамдастию боварибахшӣ солҳои сол идома ёбаду мардум зери ливои дӯстию рафоқат ва якпорчагӣ ба ҳам бошанду кишвари азизамонро нуру зиё бахшанд, иқтидорашро дучанду сечанд боло бардоранд.

Давоми 24 соли Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон Ҷумҳурии Тоҷикистон, мардуми он тавонист, ки ба пешрафту дастовардҳои назаррас ноил гардад. Чи дар соҳаи саноату сохтмон ва чи мактабу маориф ва тандурустӣ дигаргуниҳои куллӣ ба амал омаданд. Бунёди роҳҳои навин, сохтмони нерӯгоҳҳои барқӣ, нақбҳои зиёд, корхонаю муассисаҳо ва ғайра шаҳодати гуфтаҳо шуда метавонанд.

Банда омӯзгор аст, собиқаи зиёди кори омӯзгорӣ дорам. Давоми фаъолияти кориам дар соҳаи маориф таи солҳои Истиқлолият дигаргуниҳои зиёдеро дар ин бахш мушоҳида менамоям. Фароҳам омадани шароитҳои зарурии муосири таълиму тарбия, сохтмонҳои нави муҳташами бинои мактабҳо, таъмин намудани онҳо бо компютеру дигар лавозимоти зарурӣ, баланд шудани музди маоши омӯзгорон, ҳамчунин имтиёзҳо барои онҳо аз қабили дастгирию аҳамияти бояду шояд додан дар ин бахш аст.

Дар ҷавоби ин ғамхориҳо бояд мо, омӯзгорон ва на танҳо мо балки кулли мардуми Тоҷикистон дасти ҳам гирифта, дар атрофи Сардори давлат, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муттаҳид шуда, барои амалӣ гардидани сиёсати олишони давлату ҳукумати Тоҷикистони азизамон, барои шукуфоии он, зиндагии боз ҳам шоиставу гуворо зиндагӣ ва самарабахш меҳнат намоем. Истиқлолият барои миллати тоҷик барои кулли мардуми Тоҷикистон тинҷӣ, оромӣ, осудагӣ, ободӣ бахшид, барои кору пайкори самарабахш шароити муфид фароҳам овард. Аз ин лиҳоз мо вазифадорем ва ҳатто қарздорем, ки Истиқлолияту дастовардҳои онро ҳифз намоем, бо роҳи нишондодаи Сардори давлатамон ба сӯи пеш-ояндаи дурахшон устуворона қадам занем.

Бо ин ниятҳои нек мардуми шарифи ноҳияро бо 24-умин солагарди пирӯзии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон аз самими дил табрик гуфта, хушбахтӣ, хони пурнеъмат ва бахту пирӯзиҳои нав ба нав таманно дорам!

 

Қ. ТУРСУНОВ,

собиқадори соҳаи маориф,

сокини ҷамоати деҳоти ба

номи Миралӣ Маҳмадалиев,

узви Иттиҳоди журналистони Тоҷикистон.   

 

Илова кард: Бобоев Ахмад | Илова шуд: 2015-10-09 | Диданд: 1031