МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ
ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ
НОҲИЯИ ВОСЕЪ

ТАЗОЊУРОТ ДАР ОЛМОН. БАДХОҲИ КАСОН ҲЕҶ БА МАҚСАД НАРАСАД. ЯК БАД НАКУНАД ТО БА ХУДАШ САД НАРАСАД.

ТАЗОЊУРОТ ДАР ОЛМОН.  БАДХОҲИ КАСОН ҲЕҶ БА МАҚСАД НАРАСАД. ЯК БАД НАКУНАД ТО БА ХУДАШ САД НАРАСАД.

ТАЗОЊУРОТ ДАР ОЛМОН. БАДХОҲИ КАСОН ҲЕҶ БА МАҚСАД НАРАСАД. ЯК БАД НАКУНАД ТО БА ХУДАШ САД НАРАСАД. Дар моҳи январи соли 2023 як гурӯҳ мухолифон дар Олмон дар назди идораи муҳоҷирати шаҳри Дормун ҷамъ омада то, ки аз куҷо будани Абдуллои Шамсиддин огоҳ шаванд. Ба ќавли он нохалафони наҳзатӣ Абдуллои Шамсиддин 10 рӯз қабл аз Олмон ба Тоҷикистон истибдод шудаасту то ҳол аз у хабаре нест ва ба гуфти ин наҳзатиёни палид, ки агар Абдулло то инҷониб зинда мебуд аз у дарак медоданд, ин бадбахтон намедонанд, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳукми қатл нест. Қайд кардан ба маврид аст, ки ин гурӯҳи мухолифи наҳзатиён Абдуллоро ҳамчун як муҳоҷири сиёси арзёби карда истодаанд. Агар Абдуллои Шамсиддин дар ҳақиқат муҳоҷир мебуду дар ину он ҳизбҳову гурӯҳо даст намедошт касе ба у осебе намерасонид, имрӯзҳо садҳо муҳоҷирон дар ину он тарафи дунё кор ва фаъолият мекунанд чаро касе ба онҳо таҳдиду шиканҷа ва ё ягон осебе намерасонанду маҳз ба ҳамин Абдулла: бузургон беҳуда нагуфтаанд, ки то шамол нашавад дарахт намеҷунбад. Ҷумҳурии Тоҷикистон давлатӣ соҳиб истиқлол демократи дунявӣ ҳуқуқбунёд ва ягона мебошад, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон касеро бе асос ва худсарона ҷазо намедиҳанд. Дар қонуни асосии кишвар яъне “Конститутсия” зикр шудааст, ки ҳаёт қадр номус ва дигар ҳуқуқҳои инсон дахлнопазир мебошад. Ин хоинон ғарқи гуноҳанду касофаткорӣ аммо аз дур худро чун оина софу беолоиш ва дустдору ғамхори Ватан нишон медиҳанд. Лек ин хоинони бадбахт на ободии ин сарзамини биҳиштосоро мехоҳанд, балки мехоҳанд Ватани азизи мо Тоҷикистон ба мисли солҳои 90-уми қарни гузашта шавад. Бо боварии комил метавон гуфт, ки таблиғоти ин ашхоси миллатситез пурра дар дораи идеалогияи ҷангу хунрезӣ дар сарзамини муқаддаси мо Тоҷикистони азиз, пеш бурда мешавад. Чунин ашхосро тоҷик ё ҳамватан номидан мумкин нест. Мо ҷавонон бояд , ки ҳушёрию зиракии сиёсиро ҳаргиз аз даст надода, баҳри оромию осоиштагӣ, сулҳу субот ва ягонагии ваҳдати миллии Тоҷикистони биҳиштосоямон саҳмгузор бошем. Мо халқи шарафманди Тоҷикистон бояд барои доштани чунин фазои осоиштаи мамлакатамон, ки имрӯз бо саъю талошҳои Сарвари давлат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва заҳмати шабонарӯзии халқи Тоҷикистон ба даст омадааст, шукрона намоем ва ҳамеша барои нигоҳ доштани ин оромию субот дар мамлакат ва минтақа саҳмгузор бошем. Имрӯз ва дар оянда низ терроризм яке аз хавфноктарин таҳдидҳо барои инсоният ва ҷомеаи умумибашарӣ боқӣ монда, бо истифода аз технологияи муосир тарзу усули нави истифодабариро касб мекунанд. Дар робитаи ин Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ –Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо аз минбарҳои Созмони Милали Муттаҳид ва ташкилотҳои бонуфузи байналмилалӣ алайҳи ин падидаи номатлуб ва ё худ вабои аср ибрози назар намуда, аз ҷумла баён доштан, ки “террорист ватан, миллат ва дину мазҳаб надорад”. Дар шароит кунунӣ вазифаи ҳар як фарди ватандӯсту ватан парвар, милатдӯст, алалхусус ҷавонон, ки дини мубини исломро бо терроризм нисбат медиҳанд ва тундгароиро омили ҳифзи ислом муаррифӣ мекунонд, худдори намоянд, зеро дар натиҷаи гароиш ба ин гуна ҳизбу ҳаракатҳои радикаливу террористӣ ҳам ҷони худро аз даст медиҳанд ва ҳам сабаби аз байн бурдани ҷони ҳазорон нафарони дигар мегарданд. Бояд ҳар як шаҳрванд, ҳар як фарди ин ҷомеа барои ҳифзи истиқлолият ва як порчагии кишвар талош варзад. Зеро ояндаи халқу миллати тоҷикро бе мавҷудияти давлатии миллии тоҷикон таввасур кардан ғайри имкон аст. Сокини ноҳияи Восеъ. Саъдизода А.

Илова кард: Администратор | Илова шуд: 30-01-2023, 14:15:44 | Диданд: 111